БУҲРОНИ ОБ БА СУЛҲИ ҶАҲОН ТАҲДИД МЕКУНАД
Буҳрони норасоии об низоъҳоро дар саросари ҷаҳон шадидтар мекунад. Кишварҳои ҷаҳон бояд ҳамкориҳои байналмилалиро барои рафъи ин буҳрон тақвият диҳанд. Ин нукта дар як гузориши СММ оид ба рушди об дар соли 2024 омадааст. Инчунин, Одри Азуле, директори генералии ЮНЕСКО бар он назар аст, ки вақте об дар ҷаҳон кам мегардад, хатари муноқишаҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ меафзояд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки на танҳо барои ҳифзи захираҳои об, балки барои пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин замина таваҷҷуҳи бештар намоем.
БЕШ АЗ 2,2 МИЛЛИАРД ОДАМ БА ОБИ ОШОМИДАНӢ ДАСТРАСӢ НАДОРАД
Тибқи иттилои созмонҳои байналмилалӣ, имрӯз беш аз 2,2 миллиард нафар аз норасоии оби ошомиданӣ азият кашида, 3,5 миллиард дар шароити пасти беҳдоштӣ ба сар мебаранд. Яъне, нигаронии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъмини дастрасии ҳамагон ба об он аст, ки нобаробарӣ метавонад минбаъд густариш ёбад.
Ба иттилои СММ, зиёда аз 1,4 миллиард нафар аз хушксолӣ дар солҳои 2002 ва 2021 зарар дидааст. Соли 2022 оғози даврае буд, ки дар он тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон ҳадди ақал як сол дар зери норасоии шадиди об зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле ки чоряки аҳолии ҷаҳон обхезиро аз сар гузаронд. Интизор меравад, ки тағйирёбии иқлим шиддатнокии ин падидаҳо ва офатҳои табииро афзоиш дода, ба суботи иҷтимоӣ таҳдид кунад.
НОРАСОИИ ОБ ХАТАРИ МУНОҚИШАҲОРО ЗИЁД МЕКУНАД
Тақрибан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон дар ҳавзаҳои дарёҳо ва кӯлҳои фаромарзӣ зиндагӣ мекунанд, аммо танҳо панҷяки кишварҳо созишномаҳои фаромарзӣ доранд, ки ин захираҳои муштаракро одилона идора мекунанд. Бисёре аз ҳавзаҳои фаромарзӣ дар минтақаҳое ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо байни кишварҳо муноқишаҳо вуҷуд доштанд ё доранд. Аз ҷумла, соли 2021 миёни ҳафт кишвари арабӣ барои дастрасӣ ба об низоъҳо сар зад. Ин дар ҳолест, ки баъзеи онҳо солҳои тулонӣ дар таъмини об, инфрасохтор ва шаклҳои эҳтимолии ҳамкорӣ дар масъалаҳои об таъсири густарда доштанд.
Ба андешаи коршиносон, Африқо дар вазъияти низоъҳои байнидавлатӣ барои об осебпазир боқӣ мемонад. Кишварҳои қораи мазкур аз нарасидани об азият мекашанд, дар ҳоле ки аз се ду ҳиссаи захираҳои оби тозаи қитъа аз сарҳадҳо ҷорӣ мешаванд. Дар асоси харитаи географии марбут ба об, дар қитъаи Африқо 106 манбаи оби зеризаминӣ мавҷуд аст. Аммо аксари ин манобеи обҳо пурра дар дохили ин ё он кишвар набуда, балки дар сарҳади давлатҳо ҷой гирифтаанд. Азбаски тақсимот одилона нест ва мардум аз беобӣ ранҷ мебаранд, кор ба дараҷаи низоъҳои байнидавлатӣ мерасад. Бояд тазаккур дод, ки алҳол 7 минтақаи наздисарҳадӣ дар қораи Африқо расман рамзгузорӣ шудааст. Илова бар ин, бо зиёдшавии ботлоқзор, ки аксар вақт дар натиҷаи лоиҳаҳои бесамари рушди об ба вуҷуд меоянд, баҳсҳои маҳаллӣ дар мавриди дастрасӣ ба об ва истифодаи заминҳои ҳосилхезро шадидтар карда, ташаннуҷро ба вуҷуд меоранд.
БИСЁР МИНТАҚАҲО БА ПЕШРАВИИ ЧАШМРАС МУВАФФАҚ ШУДАНД
Созишнома дар бораи ҳавзаи дарёи Сава, ки соли 2002 байни Босния ва Ҳерсеговина, Словения, Сербия ва Хорватия ба имзо расида буд, аввалин созишномаи бисёрҷониба ба ҳисоб меравад, ки барои рушди кишварҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ роҳандозӣ шудааст. Ин созишнома бо гузашти ду даҳсола ба муҳаррики асосии субот дар минтақа табдил ёфт. Кишварҳои дигар метавонанд аз ин таҷриба барои идора кардани захираҳои об истифода баранд.
Ғайр аз ин, таҷрибаи кӯли Чад барои кишварҳое, ки дар ҳали мушкилоти об танқисӣ мекашанд, мисоли рӯшан мебошад. Қисме аз кишварҳои Африқо, аз ҷумла Чад, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Камерун, Либия, Нигер ва Нигерия, барои дастрасӣ ба об Комиссияи муштараки ҳавзаи кӯли Чадро таъсис доданд. Мақсад аз ташкили Комиссия таъмини самаранокии истифодаи оби ҳавза ва пешгирии низоъҳое, ки дар байни ин кишварҳо ба вуҷуд меоянд, мебошад. Имрӯз Комиссия барои ҳалли эҳтиёҷоти хоси ҳавза, аз ҷумла масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амниятӣ, фаъолияташро самаранок ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки кӯли Чад дар тули 60 сол 90 дарсад коҳиш ёфт, ки дар натиҷа, мушкилоти густурдаи иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақаро ба вуҷуд овард.
Ин ду мисол аз он шаҳодат медиҳанд, ки агар кишварҳо хоҳанд дар сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ сиёсат ва дипломатияи дурусти обро ба роҳ монда, мушкилиҳоро аз сари мардум рафъ мегардонанд. Мавриди зикр аст, ки мавзуи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст. Яъне, Тоҷикистон тавонист, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созад. Ва дар умум, ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди дипломатияи об сулҳи байналмилалист.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2024 №: 116
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)