ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТАНДЕШӢ. СОДИҚИ РОҲИ ИЛМ БОШЕМ

МАЪРИФАТАНДЕШӢ. СОДИҚИ РОҲИ ИЛМ БОШЕМ

22 июн 2024, Шанбе
8
0
Суханронии  навбатии Пешвои муаззами миллат бо зиёиёни кишвар як навъ идомаи суханрониҳои қаблӣ бошад ҳам, ба бардошти инҷониб, моҳияти он ба нанг овардани шаҳрвандони кишвар, бахусус кормандони илм нисбат ба касбу пеша, Ватану диёр ва ободонии он мебошад. 
 
Пояи ҳар гуна ободониҳо илм аст, илме, ки ҳосил дорад ва ҳосиле, ки зиндагии моро рангин ва пурғановат мегардонад.  Ба даст овардани чунин ҳосил кори саҳл нест ва албатта, кормандони илм барои дарёб намудани чунин ҳосил мекӯшанд, заҳмат мекашанд, аммо, мисли он ки гулистон бе хор нест, муносибати олимону муҳаққиқон ба илм низ бе доғ набудааст. Дар суханронии Сарвари давлат ин боғ ва он доғ хеле муфассал ва бо зикри далелҳо баррасӣ гардид. 
Дар оғоз Ҷаноби Олӣ ба ду нуктаи муҳим изҳори  нигаронӣ намуда, афзуданд: «Бахусус, мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад. Бетарафӣ, гоҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст». Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки мо танқидро қабул дорем, агар асос дошта бошад. 
Воқеан, дар байни олимон, баъзан, мавқеъгириҳои дуҷонибаи номаълум ба мушоҳида мерасад. Ин ишора аз он далолат мекунад, ки миёни  суҳбатҳои аҳли илм ва суҳбатҳои омиёна фарқ намондааст. Мо фаромӯш кардаем, ки яке аз омилҳои ташаккули афкори илмӣ, ба вуҷуд овардани муҳити баҳсу мунозираҳо, суҳбатҳои илмист. Ташкили чунин фазои илмӣ на танҳо барои пайдо намудани ҳақиқат ёрӣ мерасонад, балки майлу рағбати ҳамсуҳбатону ҳамнишинон, бахусус ҷавононро ба ковишҳои илмӣ фузун намуда, савияи ҳақиқатҷӯйӣ ва бо далелу мантиқ андеша рондану музокира намуданро боло мебарад.
Вақте баҳсҳо илмӣ мешаванд, андешаҳои гуногуни назариявию фикрӣ ба вуҷуд меоянд, талошҳо баҳри исботи назару мавқеъ зиёд мегарданд. Дар ин ҳолат фикри интиқодӣ шакл мегирад ва тадриҷан ҷойгузини ғаразу манфиатҷӯиҳои фиребанда мегардад. Зимнан, танқид танҳо ошкор намудани камбудӣ нест, балки ҳусну қубҳи воқеа, масъала, андеша, ақида, навишта, гуфта ва мавқеъву афкорро муайян кардан аст. Кори эҷодӣ, аз ҷумла таълифоти илмӣ, бидуни андешаҳои муътақидона намешавад, зеро хубу бад аз ҳам ҷудо нагардида, камбуд ва бартарияти онҳо асоснок карда нашудааст.
Табиист, ки пешрафти ҳар гуна кор, аз ҷумла пажӯҳиши илмӣ ба неруи инсонӣ вобаста аст. Неруи инсонӣ якбора шакл намегирад ва ба зудӣ шинохта намешавад. Дар шаклгирӣ ва намои ашхоси неруманд омилҳои гуногун: оила, мактаб, ҷомеа таъсир расонанд ҳам, нақши омӯзгор, бахусус устоди соҳибмактаб, бештар аст. Ҳамчунин, дар шинохти нафарони неруманд ҳеҷ кас мисли устод имкон ва тавон надорад. Натиҷаи ҳар кор аз чи гуна муносибат намудан дар оғоз рабт мегирад. Дар раванди таҳқиқ шинохти шахси арзанда ва бидуни андешаи манфиатхоҳӣ ба шогирдӣ қабул намудани ӯ аз масъалаи муҳим аст. Муҳити шинохту ошноии неруҳои эҷодию илмӣ макотиби олӣ аст. Имрӯз дар аксари макотиби олӣ таҳсил дар се зина: бакалавр (чор сол), магистратура (ду сол) ва доктори PhD (се сол)  идома меёбад. Агар мо дар зинаи аввал донишҷӯро шинохта, тавассути иштирок дар маҳфилҳои илмӣ, олимпиадаҳо, навиштани корҳои курсӣ ва хатм таваҷҷуҳи ӯро ба пажӯҳиши илмӣ ҷалб намоем, дар зинаи дуюм ӯ пурра ба муҳити илмӣ ворид шуда, дар зинаи сеюм аз савияи илмии худ ба осонӣ дарак медиҳад. Агар ин раванд дуруст ба роҳ монда шавад, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва илмиву таълимӣ самаранок анҷом меёбад.
Агар дар муассисаҳои илмӣ ва таълимиву илмӣ масъалаи тайёр намудани муҳаққиқони дорои дараҷаи илмӣ як тарафи масъала бошад, паҳлуи дигари масъала, ин сифати корҳои илмӣ ва дар истеҳсолот зарурат пайдо кардани натиҷаҳои он аст. Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат чунин гуфтанд: «Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест!».
Ҳалли ин масъала, барои муассисаҳои илмӣ, бахусус илмҳои дақиқ ва риёзиву табиатшиносӣ, душвортар аст, зеро ҳанӯз дар низоми истеҳсолии кишвари мо фазои рақобатпазири ба комёбиҳои илмӣ ниёзманд, ба вуҷуд наомадааст. Аммо барои муассисаҳои таълимию илмӣ татбиқи дастовардҳои илмӣ, бахусус дар улуми иҷтимоӣ, ки ҳадафаш ба вуҷуд овардани усулҳои замонавии баланд бардоштани савияи тарбияи инсон аст, имконпазир мебошад. Аксари натиҷаҳои илмӣ дар макотиби олӣ дар раванди таълиму тадрис татбиқ мешаванд. Ин имконият барои ба талаботи замон ва навгониҳои айём мувофиқ гардондани раванди омодагии касбии мутахассисони оянда хеле созгор аст. Бинобар ин, кафедра ва пажӯҳишгоҳҳои илмиро зарур аст, ки дар интихоби мавзуъҳои илмӣ ояндабин бошанд. Пеш  аз ҳама, ба интихоби мазуъҳое таваҷҷуҳ намоянд, ки зарурати онҳоро зиндагии имрӯзу фардо тақозо менамояд. Масалан, имрӯз дар соҳаи улуми иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, мавзуъҳое муҳим гардидаанд, ки натиҷаҳои онҳо дар пешгирии хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ, гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ ва амсоли ин хидмат менамоянд. Дар муҳити илмҳои филологӣ, пеш аз ҳама, ба таҳқиқи осори адибоне бояд таваҷҷуҳ намуд, ки дар муҳити адабиву фарҳангӣ шинохта шуда, таҷрибаи эҷодиашон дар муҳити илмиву таълимӣ манфиатбахш ва мактабҳои эҷодиашон сазовори омӯзишу таҳқиқ аст. 
Иҷрои кори илмӣ ва сифату самари он, асосан, аз неруи ду нафар: роҳбари илмӣ ва  муҳаққиқи ҷавон вобаста аст. Агар роҳбар соҳибихтисос, кордону корозмуда ва ҷиддиву ғамхор бошад, кори шогирд равиши муайян пайдо мекунад, ба маҷро медарояд ва тадриҷан самара медиҳад. Дар акси ҳол вой ба ҳоли роҳбари «соҳибмактаб»-у дареғи вақти барбодрафтаи муҳаққиқ аст. Аз ин рӯ, масъалаи дигар дар фазои илмӣ шахсияти роҳбар ва усули кори ӯст. Роҳбарӣ ба кори илмӣ ҳавас нест, балки маҳорат, масъулият ва сабр карда тавонистан аст. Хусусан, барои устодоне, ки дар макотиби олӣ ҳам ба тадрис машғуланду ҳам ба кори илмии ду-се нафар шогирд раҳнамоӣ мекунанд. Дар баробари ин, чунончи, дар суханронии Пешвои миллат омадааст: «Талаботи имрӯзаи соҳаи маориф ва сарбории вазнини таълимии омӯзгорон имкон намедиҳад, ки онҳо ба фаъолияти самараноки илмӣ машғул шаванд». Воқеан, устодони масъулиятшинос ва ғамхори илм аз ҳисоби фароғат ва истироҳати худ вақт пайдо карда, бо шогирдонашон кор мекунанд ва умеду ҳаваси онҳоро дар роҳи илм бедор карда, барои комёб гардидан дар роҳи илм ёрии худро дареғ намедоранд. Аммо барои онҳое, ки неру ва вақташон танҳо барои иҷрои сарбории таълимӣ расида, худ ба раҳнамоӣ ниёз доранд, тайёр намудани мутахассисони илм душвортар аст. Мутаассифона, имрӯз ҳар кас мехоҳад роҳбари илмӣ бошад, аммо донишу малака ва таҷрибаи худро ба ҳисоб гирифтан намехоҳад.                                                                                                          
Умуман, мулоқоти навбатии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маориф бори дигар нишон дод, ки Ҳукумати кишвар бо вуҷуди интиқоди шадид намудан аз камбудиҳои мавҷуда, ба неруи олимону донишмандони ватанӣ бовари комил дорад. Мо – олимонро мебояд муносиб ба поси ин бовар амал кунем, якрӯву ҳақгӯ ва содиқи роҳи илм бошем.   
 
Мурод МУРОДӢ, профессори ДМТ
Санаи нашр: 22.06.2024 №: 118
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив