САНГВОР. МАРДУМ БЕШ АЗ ҲАР ВАҚТИ ДИГАР БА ВАҲДАТ АРҶ МЕГУЗОРАД
Ваҳдати миллӣ ҳолат ё равандест, ки дар он шаҳрвандони кишвар қатъи назар аз мансубияти этникӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ худро ҷузъи ҷудонопазиру ягонаи ҷомеаи мушаххас ҳис мекунанд ва барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ талош менамоянд. Моҳияти ваҳдати миллӣ дар раванди мураккаби эҷод ва нигоҳдории ваҳдат байни шаҳрвандони давлат, муттаҳидшавии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ дар атрофи идеалҳои умумӣ, ҳамбастагӣ ва мансубият ба як миллат ифода меёбад, ки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад. Дар раванди ваҳдати миллӣ ҳама шаҳрвандон, сарфи назар аз доштани мавқеъ ва нуқтаи назарҳои гуногун, худро ҷузъи як миллат эҳсос менамоянд. Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ давлати неруманду тавоно ва устувор бунёд мегардад, ки барои бартараф намудани низоъҳои дохиливу хориҷӣ қодир мебошад.
Соли 1991 ба истиқлоли давлатӣ расидем, аммо, мутаассифона, душманони миллат ҷумҳурии тозаистиқлоламонро ба гирдоби низоъ ва мухолифатҳои сиёсӣ кашиданд, ки дар натиҷа, хатари аз даст додани мустақилият, миллат ва сарзамин ба миён омад. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид, мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт, якпорчагии кишвар нигоҳ дошта шуд. Аз ҳама муҳимаш, сохти конститутсионии давлат барқарор, амнияти шаҳрвандон таъмин ва қонуният ҳукмфармо гардид.
Пас аз хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистон барои суботу ваҳдати сиёсӣ талош намуд. Созишномаи сулҳ, ки соли 1997 ба имзо расид, як қадами муҳим дар роҳи мусолиҳаи миллӣ ва бозсозии кишвар буд. Айни замон ваҳдати миллӣ дар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоию фарҳангӣ ва фазои осудаю ороми Тоҷикистон таҷассум меёбад.
Мутаассифона, ҳоло ҳам дар Тоҷикистон як қатор таҳдиду хатарҳое вуҷуд доранд, ки ба ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсир расонда метавонанд. Ба чунин таҳдиду хатарҳо экстремизми динӣ, фаъол гардидани ташкилоту гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, низоъҳои мазҳабӣ, паст будани сатҳи донишҳои илмӣ, тафаккури хурофотии баъзеи шаҳрвандон, маҳалгароӣ, коррупсия, оқибатҳои номатлубу манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дохил намудан мумкин аст.
Дар ҳазораи нав барои Тоҷикистон масъалаи муҳим ҳифз ва устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ мебошад. Барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омилҳо ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои зерин мусоидат карда метавонанд:
– муқовимати ҳамаи қишрҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба муқобили экстремизм ва терроризми динӣ;
– пешгирии ҳамроҳшавии баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бо роҳҳои тақвият додани корҳои тарғиботӣ, баланд бардоштани тафаккуру ҷаҳонбинии илмӣ ва бартараф намудани хурофотпарастӣ;
– боз ҳам беҳтар кардани вазъи шуғлмандии аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва шароити пешбурди соҳибкории хурду миёна;
– тақвият додани раванди расидан ба саноатикунонии босуръат – ҳадафи чоруми стратегияи рушди Тоҷикистон;
– нигоҳ доштани ҳолати кунунии таҳаммулпазирии динӣ;
– мубориза ба муқобили коррупсия;
– баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон;
– пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои номатлуби раванди муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва ғайраҳо.
Ваҳдати миллӣ барои ворид шудан ба муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқ ба тағйироти рӯзафзуни ҷомеа ва талаботи равандҳои ҷаҳонишавӣ заминаҳои мусоидро фароҳам месозад. Аммо ҳифзи ваҳдати миллӣ аз таъсири раванду рӯйдодҳои хатарноки фаромиллӣ, таассубу хурофот, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ неруи бузурги зеҳнӣ ва молиявиро талаб менамояд. Аз ин сабаб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем”.
Дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ ба ҳамраъйии иҷтимоӣ, пешгирии низоъҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодӣ ва тақсими одилонаи захираҳо, баланд бардоштани нуфузи байналмилалӣ ва таҳкими мавқеъ дар арсаи ҷаҳонӣ, рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ мусоидат мекунад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муҳимтарин омилу шароити пешрафти шахсӣ ва рушди босуботи ҷомеа ҳифз намояд, дар ободии Ватан саҳми худро гузорад.
Маҳмадшоҳ ДАВЛАТЗОДА,
раиси ноҳияи Сангвор
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)