ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР АНДЕШАИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ БОШЕМ!

ДАР АНДЕШАИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ БОШЕМ!

26 июн 2024, Чоршанбе
12
0
Дар суҳбатҳо аз одамон шунидам, ки чанд нафар аз мавлавиҳои Афғонистон мардуми моро ба ҷиҳод кардан дар кишварамон даъват намудаанд. Тааҷҷубам меафзуд ва ҳеҷ бовар намекардам.
Охир, ҳуқуқу эълони ҷиҳодро дар дигар кишвар кадом як имоми масҷид аз берун надорад. Гузашта аз ин, агар онҳо воқеан мавлавӣ бошанд, чунин ҳукмро намегузоранд, ки баён доранд. Зарур шумурдам, ки суханронӣ ё худ мавъизаи онҳоро пайдо ва гӯш бикунам. Маълумам шуд, ки онҳо моҳияти ҳақиқати суханони Пешвои миллати моро дуруст дарк накардаанд. Дар ҳоле ки худашон баён доштаанд, ки гуфтани сухани ҳақ ҷиҳод аст. 
Дахолат ба урфу одат, аз ҷумла тарзи либоспӯшии занону модарони мо, аз ҷониби чанд бехабар ба ҷуз баҳонае барои иғвоангезии навбатӣ чизи дигар нест. Иғвоангезӣ нисбат ба Сарвари давлате, ки дар кишвараш амният, сулҳу субот ва истиқлолият дорад. Вале мо аз таҷрибаи талхе, ки дорем, ба чи анҷом ёфтани оқибати иғвоангезиро нағз медонем. Ба хотир ва пеши назар биёрем ҷанги шаҳрвандиро ва як миллион гурезагони иҷбориро. Кӣ ин оташи алангагирифтаи ҷангро кушт? Кӣ ин гурезаҳои иҷбориро бо таъмини ашёи рӯзгору ғизо ва кафолати амният ба Ватан баргардонд?
Оё як бор меандешем, ки чӣ қадар тоҷику тоҷикистонӣ дар ин ҷанг ҷон бохтаанд? Дар Афғонистон “гӯристони ғарибон” ба вуҷуд омад. Боз аз нав мехоҳанд, ки чунин гӯру гӯристонҳо зиёд бошанд. Душманони мо имрӯз ҳам саъю талош бар он доранд, то номи тоҷику ин миллат ва Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонӣ набошад.
Дар он рӯзгори вазнин, яъне соли 1992, сарварии давлати ҷангзадаву дороинадоштаро ҳеҷ кас ба уҳда нагирифт. Чаро? Чунки ояндаи ин давлату миллат норӯшан буд ва ҳастии сарвар дар сари мӯ қарор дошт. Чун андак амниятро Сарвари тозаинтихобшуда таъмин намуданд, ҷоҳталабӣ оғоз шуд ва то ба имрӯз идома дорад. Дар интихобот ва бо дигар роҳҳову усулҳои андешидаашон азбаски пирӯз нагаштанд, қасд ба ҷони Сарвари давлат намуданд, аммо Худованд ӯро ба бахти ин миллат нигоҳ дошт.
Аз ёдамон нарафтааст, ки Маҳмуд Худойбердиев бо қувваҳояш ворид шуд, то ҳокимиятро ба даст орад, аммо мағлубу ноумед баргашт. Чанд сол пеш боз чунин як табаддулоти давлатиро хостанд, ки ба амал оранд, аммо ин бор ҳам тирашон хок хӯрд. Ва чанд рӯз пештар вакили мардумиро дар андешаи иҷрои чунин як табаддулот дастгир карданд.
Амалиёти террористиву ҷангҳои иттилоотӣ дар ин маврид истисно нестанд. Замоне ки Сарвари давлат ба созандагӣ ташаббус зоҳир мекарданд, аз дохил ва берун гурӯҳе мушкилоти худашонро баҳона пеш меоварданд, то иқдомҳояшон амалӣ нагарданд.
Як бор аз рӯи инсоф дастовардҳоямонро бояд бубинему баҳо бидиҳему шукрона бикунем, ки дар навбати нон нестем, сулҳу субот дорем, Суруди милливу Парчами давлатӣ дорем.
Кишвари мо дигар он кишвари солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки бо танқиду таҳдид аз дур бар он тасаллут биёбанд. Намояндагони дигар кишварҳо аз дур истода ба сӯи мардумашон ва макони муқаддасашон санг намеандозанд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ аксари масҷидҳо, ки ҳам миқдорашон мисли имрӯз зиёд набуд, аз фаъолият боз монда буданд. Мардум дар андешаи ҷони худ ва зинда мондани худу аҳли хонадонашон буданд. Худо накунад, агар он ҷанг дубора такрор ёбад, ҳеҷ гурӯҳ пирӯз намегардад. Дигарон ба кишвари мо тасаллут меёбанду батадриҷ дину забону расму ойини миллиамонро аз миён мебаранд. Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурӣ маҳв месозанд.
Дар берун ҳам оё меандешанд, ки бар тоҷикону забони тоҷикӣ чӣ карданду мекунанд? Чаро ба ҳимояи ин ду он масъулон мавъиза намекунанд?
Садҳо сол мо либоси миллии худамонро доштем. Бараҳна набудем, балки ба мардуми дунё фарҳангамонро омӯзондем, онҳоро пешрафта намудем. Мардуми қаламрави Афғонистон ҳам мисли мо, чун тоҷику ӯзбеку дигар қавмҳо буданд, либос ба бар мекарданд, сатр доштанд ва талаботи дину шариат иҷро мешуд.
Ҷойи тааҷҷуб аст, ки гурӯҳе ба чанд имоми кишвари ҳамсояи мо такя мекунанду онҳоро ба иштибоҳ меандозанд, ки гӯё дар кишвари мо ҳуқуқи мусулмонон зери по мешавад. Кор то ба ҷое расидааст, ки ғаразҳои худро бо номи дини мубину поки ислом мехоҳанд амалӣ кунанд.
Ман мутмаинам, ҳар имом, ки андак дониши динӣ дорад, медонад: эълони ҷиҳод дар кишвари дигар ба ҳукми дасту забони ӯ нест. Ба ин тарзе ки имомони кишвари ҳамсоя вазъ мегӯянд, вазъиятро тезутундтар мегардонанд ва ба осиёби душманони ҳар ду кишвар об мерезанд. 
Дар таълимоти Имоми Аъзам (рҳ), яъне мазҳаби ҳанафӣ, иҷозат дода нашудааст, ки, ҳатто, касеро зимни баҳси динӣ ба куфр билағжонем ва кофираш эълон намоем. Лағжонанда худаш пеш аз лағжанда кофир мешавад. 
Вазъи ҷаҳон рӯз ба рӯз мураккабтар мегардад, ба фитнаҳо, иғвоҳои душманонамон, ки маҳви мову миллатамонро мехоҳанд, набояд фирефта бишавем.
Ба қавли аллома Муҳаммад Усмони Шафеи Девбандӣ дар “Маориф-ул-Қуръон”, ҳар миллат, хоса миллати исломӣ, ба гуле монанд аст, ки ҳама бо рангу зебоӣ ва бӯйи хоси худ гулдастаеро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, набояд ба маҳви як гул ё хушк намуданаш ҳусну таровати гулдастаи бузургро аз миён бибарем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар барҳақ таъкид намуданд: “Чаро миллатро гумроҳ мекунем? Ба кадом забон фаҳмонам? Роҳбари кадом давлати дунё миллати худ, халқи худро ба оташ тела медиҳад?”. 
Воқеан, ҳеҷ роҳбар дар андешаи пастравию маҳви миллати худ нест. Бояд вазъи мураккаби ҷаҳонро ба ҳар рӯз дуруст бифаҳмему дарк бикунем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳему дар андешаи пойдории миллат, амният, ваҳдат, сулҳу субот бошему ба қадри истиқлол ва Роҳбари асили давлат бирасем.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2024 №: 122
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив