ЯМЧУН. ҚАДИМТАРИН ҚАЛЪА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ НАВСОЗӢ МЕШАВАД
Қалъаи Ямчун яке аз қадимтарин қалъаҳо дар Осиёи Марказӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллари ИМА навсозӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки дар баробари барқароркунии қалъаи мазкур, инчунин, барои омадани сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба ин мавзеъ роҳи пиёдагард таъмир мегардад.
НАВСОЗИИ ҚАЛЪА ТУЛ МЕКАШАД
Бояд гуфт, ки масъалаи тармиму таҷдид, бунёди инфрасохтори иловагӣ барои таъмини роҳати сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғон, ҷолиб намудани гирду атрофи ин мавзеи таърихӣ ва чанд иншооти дигар дар вилояти Хатлон дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар назар буд, ки дар наздикии қалъа инфрасохтори сарироҳӣ, аз ҷумла нишонаҳои сарироҳӣ ва дигар шароитҳои муосир, бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бунёд карда шавад, вале бинобар сабабҳои номаълум, он то ҳол кашол меёбад. Тавре ба мо маълум аст, навсозии қалъа дар доираи лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот, мутобиқи созишномаи байни «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ОН
Дар охири ҳазораи I дар Помири Ғарбӣ бинобар таҳдиди ҳамлаи ҳамсояҳо сохтмони қалъаҳои пуриқтидор оғоз ёфт. Яке аз онҳо қалъаи Ямчун мебошад, ки дар асри III пеш аз милод дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар доманаи қаторкӯҳҳои Вахон сохта шудааст. Аввалин омӯзиши қалъа ба охири асри XIX ва ибтидои асри XX рост меояд. Аз рӯйи ҳафриётҳои олимон Ямчун ба замони давлати Юнону Бохтар ва баъдтар ба замони ҳукмронии Кӯшониён тааллуқ дорад. Дар асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ аз ин қалъа ёдоварӣ шудааст, онро пешиниёни сулолаи Кӯшониён аз Бадахшони шарқӣ, ки дар шимоли Покистон сукунат доштанд, бунёд намудаанд. Бо бунёди қалъа давлати Кӯшониён марзи шарқии худро дифоъ менамуд ва ҳам амнияти корвонро, ки аз ин Роҳи бузурги Арбешим дар ҳаракат буд, таъмин мекард. Қалъа барои таъмини амнияти марзҳо ва гузари корвонҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла тоҷирони Кӯшониён, аҳамияти муҳим дошт.
Ин иморати тавоно барои ин ҷойҳо ниҳоят муҳим буд, он имкон медод, ки ҳаракати одамон ва молҳо аз Помир ба Бохтари қадим ва минбаъд ба Ҳиндустон, Эрон ва бозгашт назорат карда шавад.
КАМЕ ДАР БОРАИ ҚАЛЪА
Қалъаи Ямчун дар яке аз ҷойҳои ҷолибтарини Тоҷикистон – қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, назди дарёи Панҷ ҷойгир мебошад. ЮНЕСКО қалъаи Ямчунро дар Феҳристи мероси ҷаҳонии «Ёдгориҳои Роҳи Абрешим» сабт намудааст. Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, қалъаи мазкур секунҷашакл буда, аз се қисм иборат аст. Майдони якум диж буда, аз се қисм иборат аст. Ду майдони дигар барои амалиёти муҳофизатӣ махсус гардонда шудааст. Атрофи деворро 36 бурҷ иҳота мекард. Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд. Қалъа тавре сохта шуда буд, ки барои муҳофизон мувофиқ бошаду барои мардум ҳамчун паноҳгоҳ хизмат намояд. Масолеҳи бинокорӣ аз сангу гил ва хишти гилин буда, қатъи назар аз боду борон, ярч ва заминҷунбиҳо, комилан ҳифз шудааст. Мутобиқати меъмории қалъа ва замине, ки дар он ҷойгир аст, беназир мебошад.
ДИЛҲОРО ТАСХИР КАРДА
Бо гузашти айём, бар асари таъсири табиат ва инсон қалъа ба харобазор табдил ёфт, аммо, сарфи назар аз ин, ҳашамату азамати худро аз даст надод. Ҳамасола садҳо сайёҳони хориҷӣ ба ин макони дурдасти мамлакат меоянд. Сайёҳоне, ки ба ин ҷо сафар доштанд, дар сомонаҳо таассуроти мусбати худро гузоштанд. Яке аз онро мисол меорем, ки чунин аст: «Шояд аз он сабаб бошад, ки ин амалишавии орзуи кӯдакии ман буд, дар қалъаи Ямчун буданам маро хеле мутаассир кард. Манзараи деворҳои қалъаи ду тарафи водии Вахон ва қуллаҳои барфпӯши Ҳиндукуш маро бо тамоми шукӯҳи пеш аз ғуруби Офтоб мафтун кард. Оҳанги филми «Индиана Ҷонс» дар гӯшам равшан садо медод, аммо ақл то ҳол бовар намекард, ки дар рӯйи Замин то ҳол ҷое ҳаст, ки осори бостонӣ бо тор иҳота нашуда, бо роҳбаладон пур нашудааст» (100 роҳ «Аз он сӯи Панҷ», қисми 3).
Қариб ҳамаи сайёҳоне, ки ба ин макон меоянд, ба хотири ҳаловат аз манзараи зебои табиат ва намои қадимаи ёдгорӣ ин масири сафарро интихоб мекунанд. Умед дорем, ки баъди навсозӣ ин ёдгории бостонӣ ҳамоно ҷолиб боқӣ монда, боиси ташрифи бештари сайёҳон ба ин минтақаи кишвар мегардад. Аз таҳлили коршиносони дохиливу байналмилалӣ бармеояд, ки зимни тармиму навсозии ёдгории таърихӣ масолеҳи аслӣ истифода шуда, намои қадима ва таърихии он ҳифз карда мешавад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.07.2024 №: 123
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)