ДАСТОВАРДИ ХУБ
Хондани романи Абдулқодири Раҳим “Падар” поён ёфт. Муаллиф гӯё асарро дар як нишаст ва нафас навиштааст. Гирумон, динамика ва силсилабандии андеша, баҳсу талошҳои ровӣ, муаллиф ва мухотаб (Иблис, шайтони раҷим ё роҳзан) дар пояи сарчашмаҳои динӣ: Қуръон, ҳадисҳо, ҳикмату гуфтаҳои классикони адабиёт пуршиддат сурат мегиранд.
Муаллиф сабкҳои гуногуни адабӣ, рамзу тамсилҳои фаровонро бо дониши амиқи исломӣ, биниш ва забони пухта дар асар боҳунарона истифода бурда. Вай шабеҳи мусаввире дар асари доманадор бо рангҳои мухталиф (бештар суреалистӣ ё ҷодуӣ), баъзан сирф реалистӣ, саргузаштҳои воқеӣ, олами эҳсос, андеша, дарду нокомӣ, шинохти инсону Худои ягонаро аз рӯйи панди падари руҳонӣ, мутолааи сарчашмаҳо, ранҷи гуноҳу пӯзиш ва ҷилваи кӯшиши дар ҳар қадам роҳзании Иблис ё шайтони раҷим дар суратҳои гуногун қаламӣ карда. Фалсафа ва печидагиҳои зиндагӣ марҳала ба марҳала; кӯдакӣ, тарбия дар ятимхона, наврасӣ, ҷавонӣ, айёми камолот дар ҳар давру замон бо талоши тимсол барои дарки ҳақиқати он пеши назар меоянд. Бисёр аҷиб. Назару бозёфтҳои тару тоза бо талмеҳу рамзҳои афзун дорад асар, андешаҳои баҳсангез низ. Лекин ин асар, ба назарам бештар тамоюли маърифатӣ дораду (барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва зиракиву худшиносии ҷавонон чунин асарҳо низ судманданд) мутолаа ва пажӯҳишаш дониш, огоҳӣ, биниш, руҳуравони маҳкам ва дарки жарфу нозуки маърифати ахлоқӣ мехоҳад. Ин асар дар эҷодиёти Абдулқодир ва насри муосирамон дастоварди хубу аз ҷиҳати масъалагузорӣ тоза аст, хонандаро ба олами одамият, хушахлоқӣ ва риояи расму оин, худшиносӣ, канораҷӯйи аз таассубу ифротгароӣ, зиёда аз ин, покӣ ҳидоят мекунад.
“Падар” то ҷое таҳқиқи мантиқии бадеӣ-истетекии мавзуъҳои маърифатии силсилаи асарҳои “Дарди сар” ва “Рангҳо”-ву “Марг” ба назар мерасад. Сабку оҳангҳо дар ибтидо бештар, сипас ҷо-ҷо такрор меёбанд. Романи гуфтугӯ, пурсишу посух. Қаҳрамон муаллиф ва мухотаб (шайтон, Иблис). Дониши фаровони руҳонӣ, омӯзиши дақиқи осори адабиёти классикӣ, корбасти ҷузъиётҳои аҷиб, хулқу атвор, синтези таҳаввулоти равонии инсонҳои гуногунақида... “Падар” романи тахайюлист бо истифодаи санъатҳои гуногуни бадеӣ. Мутолаа ва ҳазми он ба хонандаи қаторӣ заҳмату сабр мехоҳад. Маърифати динӣ, ахлоқӣ, руҳонӣ, донишу огоҳии густурда аз сарчашмаҳо: ҳадису қиссаҳо ва бешак, осори классикони адабиёт. Дар ҳар саҳифаи “Падар” заҳмати ковишу андешаи тозагӯйии Абдулқодир ҷило медиҳад.
Рамзҳо дар роман беҳисобанд. Талош барои шинохти Худои ягона, риояи покиву расму оин дар муқобили дасисаи Иблис ё шайтон барои гирифтор нашудан ба нафс иродаи хонандаро мустаҳкам мекунад ва ӯро аз каҷравӣ, содалавҳӣ, зудбоварӣ, хиёнат ва зери по гузоштани имону инсоф бозмедорад.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)