МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. АЗ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА, СУБОТУ ОРОМӢ ТО ҚОНУНИЯТУ ТАРТИБОТ
Дар Паёми навбатии худ аз 28-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Ин иқдом бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, таҳти № 668 ба расмият дароварда шуд.
Ин ташаббусро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол алоқаманд карда, дар ин бора чунин иброз намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад».
Воқеан, нақши Конститутсия дар раванди соҳибистиқлолӣ бисёр муҳим ва калидӣ мебошад, чунки арзишҳои бунёдии ҷомеа (хусусияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, гуногунандешии сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ, волоияти қонун, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ) дар он сабт гардидааст. Аз худ намудани ин арзишҳои бунёдӣ аз ҷониби шаҳрвандон барои пешрафти ҷомеа ва давлат, суботи сиёсӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур ва муҳим буда, онҳо ба сифати сарчашмаи маърифати ҳуқуқӣ хизмат мекунанд. Зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа инҳо буда метавонанд:
Якум. Рушди босуботи устувори иқтисодӣ. Аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони касбу кори гуногун (соҳибкорон, коргару хизматчиён, кормандони соҳаи эҷодӣ ва дигарон) аз як тараф кафолати ҳифзи ҳуқуқии онҳоро таъмин менамояд, аз дигар тараф онҳо аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ бархӯрдор ва аз тарзҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои худ воқиф мегарданд. Ин омил дар навбати худ боварии кормандон, хусусан соҳибкоронро ба таъмин будани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон зиёд намуда, боиси бештар фаъолият намудани онҳо мешавад.
Дуюм. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиро дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ҳуқуқ фаъолият намудани иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ талаб менамояд. Вақте ки иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ (шахсони алоҳида, шахсони ҳуқуқӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва дигарҳо) аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон бохабар бошанд, аксарияти онҳо дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ фаъолият мекунанд, ки ин ба пешрафти ҷомеа, соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мусоидат менамояд.
Сеюм. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро таъмини волоияти қонун, иҷрои меъёрҳои он талаб менамояд. Қонун бо дарназардошти манфиати ҷомеа, давлат, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шахс муносибатҳои ҷомеаро танзим намуда, қоидаи умумиро барои ҳама муқаррар менамояд, ки ин сабаби рушди устувору босуръати ҷомеа мегардад. Иҷрои бечунучарои талаботи меъёрҳои қонун дар ҷомеа эҳтирому эътибори қонунро баланд бардошта, риоя ва амалӣ намудани онро ба ҳукми одат табдил медиҳад, ки ин барои ҷомеа ва давлат ҳамчун обу ҳаво зарур мебошад.
Чорум. Иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқ ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд, ки ин ба ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷинояткорӣ ва кам шудани ин амалҳои номатлуб мегардад.
Панҷум. Маърифати ҳуқуқӣ ба маърифати умумии шаҳрвандон алоқаи ногусастанӣ дорад. Онҳо ҳамдигарро пурра менамоянд, ба ҳамдигар таъсиргузор мебошанд ва боиси пешрафти якдигар мегарданд.
«Маърифат» – дониш, омӯзишу парвариш ва таълиму тарбияро дар бар мегирад. Маърифати ҳуқуқӣ бошад, мазмуни донишҳои ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқиро фаро мегирад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба шуури ҳуқуқӣ асос меёбад. Маҳз шуури ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмуи назарияҳо, ақидаҳо, тасаввурот, эҳсосот ва ҳиссиёт, муносибату баҳои одамонро ба низоми ҳуқуқии мавҷуда ва дигар падидаҳои давлатию ҳуқуқӣ муайян менамояд.
Ин муносибат ва баҳои одамон (шахси алоҳида, гурӯҳи одамон ва ҷомеа) нисбат ба ҳуқуқ дар асоси донишҳои ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии онҳо ташаккул меёбад. Бинобар ин, нақшу саҳми маърифати ҳуқуқӣ дар ба вуҷуд овардани муносибати мусбат ба низоми ҳуқуқии мавҷуда ва дигар падидаҳои давлативу ҳуқуқӣ хеле муҳим мебошад.
Ин гуфтаҳо онро собит мекунанд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз заминаи асосии пешрафти устувор ва босуръати ҷомеа, таҳкими суботу оромӣ ва қонунияту тартибот мебошад.
Бо назардошти зарурат ва муҳимияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ барои ҷомеа дар давраи соҳибистиқлолӣ се барномаи давлатӣ қабул гардидааст. Барномаи якум, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми августи соли 1997, № 383 тасдиқ гардидааст. Ин Барнома дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии халқ, таъмини дастрасии асноди ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо, мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми онҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо» таҳия гардидааст.
Барномаи дуюм, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009, № 253 «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» қабул шудааст. Барномаи мазкур доираи васеи масъалаҳои таълим ва тарбияи ҳуқуқиро дар бар гирифта, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳоро уҳдадор намудааст, ки иҷрои ҳатмии тамоми чорабиниҳои пешнибининамудаи Барномаро таъмин намоянд.
Барномаи сеюм, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, № 599 «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардидааст. Якҷо бо Барнома Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» низ тасдиқ гардидааст. Дар қарори номбурда таъкид гардидааст, ки Вазорати адлия бояд то ба итмом расидани муҳлати нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида барои солҳои 2020-2025 чунин нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2030 таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Барнома ва нақшаи чорабиниҳо доираи васеи масъалаҳоро вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дар бар гирифта, мақомоти дахлдор ва дигар сохтору созмонҳоро баҳри амалӣ намудани он муваззаф кардааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми августи соли 1997, № 383 Шурои ҷумҳуриявии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки нақши ҳамоҳангсозӣ, татбиқнамоӣ ва назоратиро амалӣ мекунад. Барнома барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин равона шудааст:
1) риояи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
2) баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
3) таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;
4) тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он;
6) баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;
7) дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;
8) баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
9) ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
10) ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмин ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
11) ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.
Ҳамон тавре дида мешавад, мақсади Барнома хеле васеъ буда, самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Барои иҷро намудани ин мақсадҳо дар Барнома иҷрои вазифаҳо муайян гардидааст, ки онҳо сершумор ва гуногунсамта мебошанд. Ба онҳо, аз ҷумла инҳо дохил мешаванд: пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо; баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ; ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиэътирофнамудаи Тоҷикистон; истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон; баланд бардоштани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён ва хизматчиёни давлатӣ; ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо назардошти синну сол, касб ва хусусиятҳои дигар.
Дар Барнома, ҳамчунин, натиҷаҳое, ки бояд баъди амалӣ гаштани он ба даст оварда шавад пешбинӣ шудаанд. Ба натиҷаҳо инҳо дохил мешаванд: рушди фарҳанги ҳуқуқӣ; васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ; бартараф кардани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ ва рафтори зиддиҳуқуқӣ; иштироки фаъоли шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ; баланд бардоштани нақши давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, расондани ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ; паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, алалхусус дар байни ноболиғон; эҳтиром ва риояи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, муносибати эҳтиромона ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки маърифати ҳуқуқӣ заминаи асосии устуворӣ ва пешрафти ҷомеа, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсон, ташкилотҳо ва дигар субъектони ҳуқуқ мебошад. Инчунин, боиси баланд гаштани фарҳанги шаҳрвандон, эътирофу эҳтироми қонун, фаъол гаштани шаҳрвандон, ташаккул ёфтани мавқеи шаҳрвандӣ, ватандӯсту меҳанпараст шудани онҳо мусоидат менамояд.
Зариф АЛИЗОДА, ҳуқуқшинос
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)