ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. ВОХӮРИИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ БОНКИ МАРКАЗИИ ОЗАРБОЙҶОН

БМТ. ВОХӮРИИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ БОНКИ МАРКАЗИИ ОЗАРБОЙҶОН

03 июл 2024, Чоршанбе
25
0
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 1-уми июли соли 2024 дар доираи ҷаласаҳои Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 1 то 3-юми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон Толеҳ Казимов вохӯрд. 
 
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо ёдовар шуда, имзои "Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон" ва “Ёддошт байни Департаменти мониторинги молиявии БМТ ва Хадамоти мониторинги молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО”-ро натиҷаи мусбати вохӯрӣ ва ташрифҳои мутақобилаи роҳбарони бонкҳои марказии ду кишвари бо ҳам дӯст унвон карданд. 
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо, инчунин, доир ба тақвияти ҳамкории низоми бонкии ҳар ду кишвар табодули назар карда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамкорӣ талош хоҳанд намуд.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароит ҷиҳати кушодани бонк ё намояндагиҳои бонкҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, рушди муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар, табодули таҷриба дар соҳаи назорати бонкӣ ва суғурта, рушди бозори сармоя ва татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ масъалаҳои навбатии муносибатҳои дуҷониба маҳсуб мешаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ФАЙСАЛ КАРИМ КУНДӢ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид губернатори музофоти Хайбар – Пахтунхваи Покистон Файсал Карим Кундӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Давлаталӣ Саид меҳмононро барои ташрифашон ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломободро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва рушди иқтисоди ду давлат муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Раис иброз дошт, ки мо бо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Покистон, ки бар усули ҳусни эҳтироми якдигар асос ёфтаанд, аҳамияти хосса медиҳем ва умедворем, ки дар оянда ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок густариш меёбанд. 
– Вилояти Хатлон, ки аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ бо Покистон наздик аст, метавонад аз ҳамкорию муносибати тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориҳои он баҳравар гардад. Мо, омодаем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем, – иброз дошт раиси вилояти Хатлон Д. Саид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба густариши муносибатҳои дӯстона дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, ташкили гурӯҳҳои корӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳию ҷаҳонгардӣ яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ин мулоқот буд. 
Файсал Карим Кундӣ, губернатори музофоти Хайбар – Пахтунхваи Покистон, барои пазироии самимӣ миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки мо дар гузашта дӯст ва наздик будем ва дар оянда аз ин ҳам наздиктар хоҳем шуд. Файсал Карим бо хушнудӣ аз парвози мустақим, ки 27-уми июн байни Исломобод ва Душанбе сурат гирифт, ёдовар шуд. Бо фароҳам овардани шароити созгор барои сармоягузорӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ на танҳо байни Исломободу Душанбе, балки ба роҳ мондан байни дигар минтақаҳои ҳар ду кишварро ба мақсад мувофиқ донист. 
– Мо дар ин сафарамон ба Тоҷикистон, аллакай, аз минтақаҳои тамошобоб ва манзараҳои дилфиреби кишвари сабзу офтобии шумо маълумот пайдо кардаву ошно шудем. Ҳамасола аз Покистон ҳазорон нафар ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Туркияву Озарбойҷон барои тамошо ва истироҳат сафар мекунанд. Маконҳои дилфиреб ва нотакрори кишвари Тоҷикистон аз он кишварҳо камӣ надоранд. Мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар оянда бо равобити густурда садҳо нафар аз гӯшаву канори Покистон ба Тоҷикистон барои сайру саёҳат ташриф хоҳанд овард, – афзуд Файсал Карим. 
Меҳмонон, ҳамчунин, ба «энергияи сабз»-и Тоҷикистон ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи вилояти Хатлон мароқ зоҳир намуданд. Гуфта шуд, ки мо ҳанӯз ҳам ба чунин энергия ниёз дорем ва дар оянда бо сармоягузориҳо дар соҳаи энергетика метавон ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим равнақ бахшид. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
 
БОХТАР. ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ ШУКУФОӢ
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдони бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуд.
Иттилоъ доданд, ки сохтмони майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон, майдони бозии кӯдакон, таъмиру барқарорсозии роҳрав, рангубори биноҳои истиқоматии № 7 ва № 9  аз ҷониби Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо харҷи зиёда аз 540 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудааст.
Раиси вилоят бо сокинон дар масъалаи корҳои ободонӣ, тозагӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва риояи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати озод намуда, таъкид кард, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ ҳар як сокини ин кӯча бояд масъулиятшинос бошад.
 
З. ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
 
ҶАВОНОН ДАР ЯЗГУЛОМ
Дар доираи сафари гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ, ки таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Сураҷ Чоршанбезода ҷараён гирифт, вохӯрӣ бо ҷавонону наврасони деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ доир гардид.  
 
Дар мулоқот оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии онҳо сухан рафта, таъкид шуд, ки раванди пурталотуми ҷаҳони имрӯза аз тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон, тақозо менамояд, ки эҳсоси ватандӯстии худро тақвият бахшида, баҳри ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ талош намоянд.
Муовини раиси Кумита иброз дошт, ки маҳз ватандӯстию арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ маҳаки асосии пойдории давлату миллат дар замони зудтағйирёбанда ба ҳисоб меравад. Зикр шуд, ки бо дарназардошти эътимоди хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, онҳоро мебояд, ки қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионии хешро барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистони азизамон равона сохта, барои татбиқи ғояву арзишҳои миллӣ равона созанд. 
Сипас, ҳайати гурӯҳи корӣ бо ҷавонону наврасон тариқи саволу ҷавоб мулоҳизаронӣ намуданд. Дар охир ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо шуд. Чунин мулоқот дар деҳаи Бидуни Ҷамоати деҳоти Язгулом низ доир гашта, миёни ҷавонон мусобиқаи волейбол роҳандозӣ шуд. Ғолибон ва фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
 
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ХУРШЕД ИБРОҲИМЗОДА ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАҚОМ 
Аз 27 то 30-юми июни соли равон дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашнвораи дуюми байналмилалии мақом баргузор гашт. Дар он аз 80 кишвари дунё 400 нафар олимону мақомхонон ва навозандагон ширкат намуданд. Тоҷикистонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ва як гурӯҳ олимони санъатшинос, ду гурӯҳи ҳунарии мақомхонон намояндагӣ карданд.
Дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвора Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок ва суханронӣ карда, меҳмонон ва иштирокчиёни Ҷашнвораро хайрамақдам гуфт.
- Зомин сарзамини мардумаш шариф ва садоқатманд буда, дар доманаи кӯҳҳои сарсабзу хуррам, миёни арчазорони зебоманзар, чашмасорони обашон зулолу мусаффо зиндагӣ мекунанд. Он чанд чеҳраи санъатро зодаву парвардааст, ки дар рушди санъати мусиқӣ ва мақом саҳми беандоза гузоштаанд, - изҳор намуд Шавкат Мирзиёев.
Ба ҳайати доварони байналмилалӣ иборат аз ҳафт нафар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов раис интихоб гардид.   Шоми 30-юми июн ғолибони Ҷашнвора эълон шуданд. Шоҳҷоиза бо маблағи 15 ҳазор доллари ИМА насиби овозхони дастаи «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Асғар Арабшоҳӣ шуд. Ду ҷои якумро дастаи мақомхонони ба номи Юнус Раҷабии Маркази санъати миллии Ӯзбекистон ва устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода соҳиб шудаву 10 ҳазор долларӣ ба даст оварданд. Ҷойи 2-юм ба дастаи Маркази мақоми вилоятии Ҷиззах ва овозхони Туркия Чидем Гурдал насиб гашт. Ҷойи сеюмро дастаи мақоми Театри бадеии «Шинҷон»-и Чин ва овозхони Ҳиндустон Алӣ Амҷад Хон ишғол намуданд. Ҳамчунин, дастаи мақоми “Нури Хуҷанд”-и Тоҷикистон аз тарафи ҳокимияти вилояти Ҷиззах барои ширкати фаъолона дар чорабинӣ бо туҳфаи хотиравӣ қадр карда шуд.      
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив