ШАҲРИ ВАҲДАТУ ДӮСТӢ
Дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон ҳини доиршавии як ҳамоиши фарҳангӣ бо гурӯҳи меҳмонон аз кишвари Россия суҳбат оростам. Дар зимн, рӯшан гашт, ки аксари онҳо ба ин шаҳри зебои қолинбофону энергетикҳо ва сайёҳон бо ин ё он воситае иртиботи қавие доранд. Ва ҳама самимона изҳор медоранд, ки Гулистон (собиқ Қайроққум)-ро дар даврони шуравӣ шаҳри дӯстӣ ном мебурданд. Ҳоло бо гузашти беш аз се даҳсола аз соҳибистиқлолии собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ ҳамоно ин риштаи дӯстӣ, бародарӣ гусаста намешавад, баръакс, бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, як раванд – бозгашти собиқ шаҳравандон ба мушоҳида мерасад.
Масалан, оилаи Владимир ва Любов Михеевҳо, ки дар умум ҷиҳати рушди соҳаи энергетикаи тоҷик, аз ҷумла рушди барқу саноати шаҳри Гулистон, 110 соли умри худро масраф кардаанду фарзандони худро дар ҳамин ҷо ба воя расондаанд, ҳамасола тобистон бо ёру пайвандон ба ин шаҳр омада, истироҳат мекунанду аз ёру дӯстон дидан.
– Дар ин сӣ сол на танҳо шаҳри Гулистон, балки Тоҷикистони азиз ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст, ки ин худ гувоҳи тинҷиву амонии кишвар ва рушди иқтисодӣ мебошад. Сарфи назар аз он, ки бо сабаби нафақахӯрӣ феълан дар кишвари Россия қарор дорем, аммо дилу ҳушу хаёли мо ҳамоно ба ин шаҳри азизамон банд аст ва аз навгониҳои Гулистон доимӣ воқифем, – самимона изҳор мекунанд оилаи Михеевҳо.
... Шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-ро беваҷҳ шаҳри ваҳдату дӯстии халқҳо унвон накардаанд. Нахуст, арзи ҳастӣ кардани ин шаҳри саноатӣ иртибот мегирад ба бунёди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, ки дар амалишавии лоиҳаи мазкур намояндагони беш аз 60 миллату халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва баъдан иншооти мазкур номи “Дӯстии халқҳо”-ро гирифт. Ба шарофати рӯйи кор омадани ин манбаи бузурги барқӣ боз бо меҳнату заҳмати якҷояи халқҳои шуравӣ калонтарин корхонаи истеҳсоли қолинҳои Қайроққум мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Баъдан, дар ҳамин радиф бо рушди соҳаи геология, ҳамзамон, истихроҷ ва коркарди маъданҳои гуногун шаҳракҳои тобеъ ба Қайроққум (Гулистон): Адрасмон, Зарнисор, Сирдарё, Навгарзан, Чайрухдаррон ва Консой низ пайдо гаштанд, ки ин ҳам, албатта, самараи дӯстии намояндагони халқҳои гуногуни собиқ шуравист.
– Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кории худ ба шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” таъкид мекунанд, ки Гулистон бо он мавқеи ҷойгиршавию мақоми шаҳри сайёҳӣ доштанаш, ҳамзамон, Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад ва, аз ин рӯ, Гулистон бояд аз лиҳози ободию пешравӣ, дӯстиву рафоқати халқҳои гуногун намунаи пайравӣ ба дигар манотиқ бошад. Маҳз ҳамин ҳамдиливу тавҳиди сокинон мебошад, ки ин шаҳр рӯз ба рӯз боз ҳам шукуфону хуррам гашта, иншооти зиёде мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Гулистон, воқеан ҳам, ба як шаҳри замонавию саноатӣ ва сайёҳӣ табдил меёбад, – иброз дошт Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳр.
Ҳама иду айём, хоссатан Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар шаҳри Гулистону шаҳракҳои он бошукӯҳу хотирмон таҷлил мешаванд. Барномаҳои идона бо назардошти урфу одат, анъанаҳои халқҳои гуногун, ки дар Гулистон иқомат доранд, ҷараён гирифта, воқеан, ба як иди самимиву ҷолибу ифодакунандаи рамзи дӯстиву тифоқи халқҳои кишвар табдил меёбад.
– Дар ҳамин ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодам ва чӣ гуна ташаккул ёфтани шаҳраки Адрасмону шаҳри Гулистон аз пеши назар мегузарад. Дар ин солҳои соҳибистиқлолӣ низ боре ҳам бегонагӣ эҳсос накардаам то даме, ки ҳастам ин сарзамин бо ман асту онро дӯст медорам, – мегӯяд сокини шаҳраки Адрасмон Роза Иванова.
Раисия Панченко, сокини шаҳраки Чойрухдаррон мегӯяд, ки вақте ҳамроҳи волидайн ба Тоҷикистон омада будам ҳамагӣ шаш сол доштам, ҳоло бошад, 76-солаам. Яъне, 70 сол мешавад, ки ман бо мардуми ин ҷумҳурӣ паҳлу ба паҳлуву рӯ ба рӯ фаъолияти корӣ дораму зиндагӣ пеш мебарам. Зиёда аз ним аср ба ҳайси омӯзгор фарзандони мардумро таълим додаву дар қалбашон меҳру муҳаббат коридам, то ин ки ватанашонро дӯст доранду бо ҳамаи миллатҳо чун бародар зиндагӣ кунанд. Ман ба суханҳои самимии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон барои ҳамаи он халқу қавмҳо, ки ин ҷо зиндагӣ доранд, Ватан аст, эътимоди комил дорам!
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)