ХУРОФОТПЕШАҲО ПОЙБАНДИ ҶАҲЛАНД
Тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ домуллоҳои афғон, ки худ аз исломи ноб фарсахҳо дуранд, доир ба сарулибоси миллии бонувони тоҷик суханҳои ноҷо гуфта, алайҳи Тоҷикистон сарусадоҳо баланд карда истодаанд. Табиист, ки чунин вазъ ҷомеаи фарҳангпарвар ва солимандеши тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Дар иртибот ба ин мавзуъ директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, профессор Нозим Маҳмадизода ва узви Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” андешаҳои хешро иброз доштанд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ:
– Қабл аз ҳама, ҳадафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ – ин, пеш аз ҳама, ҳифзу побарҷо мондани анъанаву суннати ниёгонамон мебошад, зеро гузаштагони мо тарзи хоси либоспӯшӣ доштанд ва ин фарҳанги либоспӯшии занону модарони мо бо тамоми унсурҳояш муаррифгари миллати тоҷик буд.
Бояд таъкид сохт, ки либоси миллии мо ба талаботи дини мубини Ислом ҷавобгӯст. Вале, мутаассифона, мо дар марҳалаи муосири инкишофи Тоҷикистон зери таъсири бархӯрдҳои фарҳангҳои бегона, ки дорои хусусияти мазҳабиянд, қарор дорем. Имрӯз рӯзгоре ба сар дорем, ки, бо истилоҳ, ба ҳам омехташавӣ ё наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам тавсеа меёбад. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби фарҳанги ба худ хос буда, гузаштагонамон онро то ба мо расондаанд ва мо вазифадорем, ки ин фарҳанги куҳанро пос дошта, ба ояндагон ба мерос гузорем.
Тавре мушоҳида менамоем, тайи рӯзҳои ахир домуллову мавлавиҳои кишвари ҳамсоя оид ба либоси миллии тоҷик дар фазои маҷозӣ шӯру валвала бардоштаанд, ки боиси ҳайрат мегардад. Оё онҳо фаромӯш кардаанд, ки маҳз побанди ҷаҳлу хурофоту фасодкорӣ будани мавлавиҳою домуллоҳо Афғонистонро солиёни зиёд миёни обу оташ қарор додааст.
Мо ба тавсияву маслиҳат ва фатвоҳои касе ниёз надорем, зеро ҳар ҳарфи Роҳбари кишвар барои мо раҳнамоянд. Тамоми олам шоҳид аст, ки Сарвари таҳаммулпазири Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, аз дини мубини Ислом пайваста дастгирӣ менамоянд ва ҳар суханашон пероста аз ояҳои Қуръони кариму ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) мебошанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд имрӯзҳо аз ҳарвақта бештар дар гирди Сарвари маҳбуби хеш сарҷамъу муттаҳид бошем.
Маҳмуд Сангалиев, узви Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон:
– Имрӯз мардуми мо озодона ва бе ягон монеа метавонанд аз китоби муқаддаси Қуръони карим, ки бо тарҷумаи тоҷикӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ройгон тақдим гардидааст, доир ба талаботи динашон ба сарулибос маълумоти зарурӣ гиранд. Доир ба ҳамин мавзуъ дар 72 китоби мазҳабии мо, яъне мазҳаби Имоми Аъзам, сухан меравад. Либосҳои миллии мо куллан ба либосҳои исломӣ наздикӣ доранд. Аммо, имрӯзҳо аз сабаби нофаҳмӣ бархе аз кӯрдилону дар банди ҷаҳолат мондагон, оид ба либоси миллии мо нуктагириҳо мекунанд. Тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ садо баланд кардаанд, ки дини мубини Ислому анъанаву суннатҳои он дар Тоҷикистон зери хатар қарор доранд. Ин муғризон бояд донанд: даъватҳои Роҳбари давлат дар ин ҷода танҳо ва танҳо ҳифзи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик аст; дар Тоҷикистон калонтарин масҷиди Осиёи Миёна қомат афрохта, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам фаъолият менамояд; дар кишвар, ки аксарашон мусалмонанд, чор ҳазор масҷид дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Пас, суханҳои онҳо ба ҷуз ҳарзаву ёва чизи дигаре несту мақсадашон миёни мардум иғвоангезӣ. Онҳо набояд фаромӯш созанд, ки мардуми тоҷик дар гирди Пешвои муаззами миллати хеш сарҷамъу муттаҳиданду ваҳдати тоҷикон шикастнопазир аст.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)