ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. МЕЪМОРИ СУЛҲЕ, КИ АЗ САРЗАМИНИ  ПОРА-ПОРА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ СОХТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. МЕЪМОРИ СУЛҲЕ, КИ АЗ САРЗАМИНИ  ПОРА-ПОРА ДАВЛАТИ МИЛЛӢ СОХТ

09 июл 2024, Сешанбе
88
0
 
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмию ягонагӣ ботантана ва сазовор ҷашн гирифтанд. Ин рӯзи таърихӣ, воқеан, ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.
Фаҳмиши ваҳдат аз қадимтарин давраҳои ҷомеаи инсонӣ сарчашма ва ибтидо гирифтааст. Зарурати ваҳдат дар раванди  шаклгирии  қабилаҳо  ва  шиддатёбии низоъҳои байни онҳо барои ҳифзи бехатарии аъзои қабила, ки ҳамбастагии зич ва ногусастаниашонро тақозо дошт, лозим буд. Агар амиқтар назар кунем, дар ҳама ҳолат ҳамбастагии қавмию қабилавӣ, ки баъдан ба иттиҳодияҳои қабилавӣ ва баъд аз он омили асосии ташаккулу рушди давлатдорӣ гаштааст, дар асоси ифоқаю ваҳдат фароҳам омадааст. Ба омилҳои халқиятро муайянкунанда, назири ҳамзабонӣ, ҳамҳудудӣ, ҳамбастагии психологию фарҳангии дар тули асрҳо инкишофёфта, боз омили дигар – мутамарказии иқтисодӣ зам мешавад, ки ба ташаккули миллат асос мегузорад. Аз ин ҷост, ки худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ низ аз ваҳдат ибтидо мегирад.
Мафҳуми ваҳдатро бо кадом забоне, ки ном барем, омили манфиатбахши он тағйир намеёбад. Дар фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ вожаи «ваҳдат» маънои ягонагӣ, яъне як будан аст. 
Дастоварди бузурги миллати тоҷик дар он буд, ки ба сари қудрат Роҳбари ғамхор, роҳнамо ва матиниродае омад, ки тавонист, дар ҳамон шароити вазнини сиёсӣ давлатро аз завол ва миллатро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад.
Дар ин росто, мехоҳам се дастоварди асосӣ ва муҳимтарини Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистонро таъкид намоям:
Аввалин ва афзалиятноктарин дастоварди он ин ба мақоми роҳбарии давлат интихоб намудани фарзанди фарзонаи миллат – Эмомалӣ Раҳмон буд ва Иҷлосия ба халқи тоҷик роҳбари арзанда, роҳнамо ва қавииродаро интихоб намуд.
Дастоварди дуюм ин таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари арзандааш ба оғози давлатдории навини мо, ташкили фаъолияти бемайлони ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, ба давлатсозии навини миллии мо асос гузошт ва дастоварди сеюму хеле нодири он самти сиёсати давлатиро ба сӯи оштии миллӣ нигаронда, ба мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ва сулҳи бебозгашт овард.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Тоҷикистон даъвати даҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қарори Шурои Олии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» қабул шуданд. Дар таърихи пуршебу фарози миллати мо баъди садсолаҳо имкони амалии таъсис додани давлати озод ва мустақили миллӣ фароҳам омад. Вале, мутааcсифона, ин имконияти бузурги таърихӣ дар таҷрибаи давлатсозии оғози истиқлолият оқилона истифода нагардид.
Дар кишвар тазоҳуроту муқовиматҳои шадиди сиёсӣ оғоз шуданд. Дар маҷмуъ, Тоҷикистонро хатари аз байн рафтан таҳдид намуд. Вале халқи тоҷик бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист роҳи дуруст ва эҳёи миллиро пайдо кунад.
Дар робита ба ҷашни муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ мехоҳам дар хусуси ин шахсият чанд сухан гӯям. Андешаю суханрониҳояшон кайҳост, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандаашон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягар ва меъмори пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаю зинданигоҳдорандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизатгари манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум хеле маъруфу машҳур гаштаанд.
Воқеан, сулҳу ваҳдат, ба Ватан пурра баргардондани фирориёни тоҷик маҳз ба воситаи гуфтушунид ва бахшидани гуноҳҳои якдигар ҳаллу фасл гардид. Вале то ба сулҳи деринтизор расидан мо 21 маротиба ба тариқи расмӣ гуфтушунид баргузор кардем. Ва дар тули 3 солу 3 моҳ Президент расман 7 маротиба дар онҳо иштирок карда, бо роҳбарияти ИНОТ вохӯрданд.
Албатта, ҳар як гуфтушунид бе душворию баҳсҳои доманадор, мураккабию норозигиҳои тарафайн сурат намегирифт. Аммо имрӯз пурра гуфта метавонам, ки дар ҳар як гуфтушуниде, ки Сарвари давлат ширкат кардаанд, дар кори мо пешравӣ, дигаргунӣ ва ба мақсад наздик расиданҳо даст додааст. Президент бо гузаштҳо ва пешниҳоду дархостҳои оқилонаи худ имкон ба вуҷуд меоварданд, ки ҳарчи зудтар тоҷикон миёни худ мушкилотро ҳаллу фасл намоянд ва Тоҷикистонро сулҳи саросарӣ фаро бигирад.
Ҳаёт худаш дуруст будани роҳи интихобкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – яъне сулҳу созиш ва ваҳдати миллиро хеле равшан ва возеҳ собит сохт. 
Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шудан, дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Аз ин муроҷиатномаи таърихӣ то 27-уми июни соли 1997, яъне то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ ва мусоҳибаҳо кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу манфиати халқ, пойдории миллат ва давлати тоҷикон ҳастии худро бахшиданд, шабонарӯз бедорхобӣ ва заҳмат кашиданд, тавону неруи худро дареғ надоштанд, то тоҷикони парешон ба рӯзи фирӯз расанд.
«Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳу салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ намегардам», – таъкид карда буданд Ҷаноби Олӣ.
Дар паҳлуяшон беҳтарин олимону некандешону ватансозонро ба ҳам оварданд, то ба дардҳои кишвари ҷангзада дармон бахшанд ва аввалин иқдоме, ки аз худ содир карданд, оламиёнро ба шигифт овард: «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан барнагардонам, ман осуда буда наметавонам».
То ибтидои соли 2000-ум қариб як миллион нафар шаҳрвандони кишвар ба ҷойҳои зисти доимиашон баргардонда шуданд. Аз баракату сафои сулҳу субот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳал бо тарзи ҷадид барқарор кунад. Бо кӯшишҳои пайвас-таи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони мо, ки ҳамчун гуреза дар хориҷа паноҳ мебурданд, ба Ватани аҷдодияшон баргардонда шуданд ва дар мамлакат марҳалаи нави созандагию бунёдкориҳои азим оғоз ёфт.
Бо амри тақдир дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон, бахусус дар лаҳзаҳои вазнини вохӯриҳо, ман бо Роҳбари давлат будам ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро барои худ амиқтар ва бештар кашф кардам: аз дилсӯзҳо дилсӯзтар, аз меҳрубонҳо меҳрубонтар ва аз дӯстҳо самимитаранд. Бузургтарин неъмате, ки дар сафарҳо аз чеҳраашон дарёфтам ин боварии комил ба хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пойдор намудани сулҳи бебозгашт буд. 
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат моҳи феврали соли 1998 Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои қарз барои барқарорсозии баъди низоъ ба фаъолият шуруъ карда, мақсади ташкили он барқарорсозии иншооти харобгашта дар минтақаҳои осебдидаи Тоҷикистон буд. Зиёда аз 300 иншоот, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу шифохонаҳо, иншооти обёрӣ, хатти барқ ва ғайра, барқарор шуданд.
Дар ин робита, мехоҳам пешниҳоди Президенти кишварро дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 10-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври алоҳида зикр намоям, ки дар маҷмуъ, зиёда аз 19 ҳазор нафар маҳкумшуда аз маҳбасҳо озод ва ё муҳлати адои ҷазояшон кам карда шуд. Ин амали бамавриду шоиста маҳбубияти Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллатро миёни мардум боз ҳам зиёд кард.
Бояд махсус зикр намоям, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузор ва кафили ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба ободонӣ ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса ва аввалиндараҷа зоҳир карданд. Ба шарофати сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ сохтмонҳои азими аср шуруъ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат Шоҳроҳи бузурги Абрешим эҳё гардид. Гузашта аз ин, миллатро барои худи миллат шиносондан, воқеан, кори саҳлу осон набуд. Ҳамчун пайванду ҷоннисори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи ин масъулияти азим бо сари баланд баромаданд, қарзи фарзандии худро дар назди таърих ва халқ шарафмандона иҷро намуданд.
Ташаббусҳои оқилона ва манфиатовари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд, аз ҷумла 1100-солагии Давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, ҷашнвораҳои шоирони классик ва ходимони барҷастаи миллат – Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 30-солагии Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 5 ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи об ва соли 2025 эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳар сол ботантана ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайра дар руҳияи шукрона аз сиёсати ваҳдатсоз баргузор шуданд, ки онҳо омили муҳими хештаншиносӣ, ваҳдати мардум ва худогоҳӣ гардиданд.
Ба шарофати сиёсати ваҳдатсози Пешвои миллат мамлакати азизамон рӯз аз рӯз, қадам ба қадам таҳкиму густариш ёфт. 
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба ҳаллу фасли масъалаҳои рукни такондиҳандаи пешрафти иқтисоди миллӣ, аз ҷумла истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва саноатикунонии босуръат, аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани мамлакатамон диққати махсус дода шудааст ва мову шумо итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафу орзуҳоямон мерасем ва кишвари азизамон дар қатори мамлакатҳои пешрафтаи сайёра ҷойи боэътимоди худро хоҳад гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз кардан ва идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан ба шумор меравад.
 
Шукурҷон ЗУҲУРОВ, 
раиси Шурои собиқадорони 
ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив