Сафари Сарвазир ба Федератсияи Россия
7-уми июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории хеш ба Россия дар шаҳри Екатеринбург бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ Қоҳир Расулзода Россияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номида, саҳми вилояти Свердловскро дар рушди муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, Сарвазир бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов вохӯрд. Таъкид гардид, ки мубодилаи мол байни Тотористон ва Тоҷикистон афзоиш ёфта, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 36 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 1-ум то 6-уми июли соли ҷорӣ, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ додааст, ки дар доираи мулоқот тарафҳо баррасии масъаларо идома дода, оид ба тавсифи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда табодули назар намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо корҳоро дар ин самт, дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.
Муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон дар Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ
8-уми июл имкониятҳои сармоягузорӣ ва захираҳои табиии Тоҷикистон дар Муколамаи тиҷоратии Ҷопон ва Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои ИДМ (ROTOBO) доир гардид, муаррифӣ шуд.
Тавре ба мо дар Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ доданд, дар Муколама намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон, роҳбарони кумитаҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафирони ин кишварҳо иштирок намуданд.
Лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон
Ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо директори минтақавии Бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Айтен Рустамова баррасӣ гардид.
Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар додааст, ки ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои CASA-1000, «Таҷдиди НБО «Қайроққум», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб», навсозии зеристгоҳи барқии «Суғд-500» ва омӯзиши бозори энергетикии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоя барои рушди соҳаи электроэнергетика табодули афкор намуданд. Зимни мулоқот ба маблағгузории лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Ҳавасмандии Фонди қатарии рушд ба вусъат додани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси иҷроияи Фонди қатарии рушд Султон ал-Асирӣ мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба имконияту иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои шарик ва муҳими Фонд дар соҳаи рушди устувор маҳсуб шуда, он ҳавасманд аст, ҳамкории судманд бо Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат вусъат диҳад.
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)