ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИАБЕТИ ҚАНД. РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН

ДИАБЕТИ ҚАНД. РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН

09 июл 2024, Сешанбе
81
0
Диабети қанд бемориест, ки дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ташаккул меёбад. Омилҳои пайдоиши ин беморӣ метавонанд ирсӣ, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, иллати ғадуди зери меъда, бемориҳои эндокринологӣ ва ғадудҳои болои гурда бишаванд. Хушк шудани даҳон, пешобронии зиёд, нозук шудан ва афтидани дандонҳо ва дер шифо ёфтани захмҳо аз аломатҳои  ин беморӣ мебошанд. 
Сабаби пайдоиши бемории қанд на танҳо ирсият, балки ҳолати равонии инсон, пурхӯрӣ ва ё истеъмоли нодурусти хӯрок низ шуда метавонад.  Диабети қанд бемориест, ки имкони ба тамоми рагҳои бадан осеб расондан дорад. Барои мисол, метавонад бо иллатнок кардани рагҳои гурда боиси норасоии фаъолияти гурдаҳо гардад ё бо вайрон намудани рагҳои хунгарди дил сабаби пайдошавии бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард ё марги нобаҳангом шавад. 
Барои шахсоне, ки бори аввал диабети қанд ташхис шудаанд, изтироб бадтарин омил мебошад. Пас, беморон бояд ҳатман аз изтироб дур бошанд. Диабети қанд ин бемории генетикӣ аст, ки аз насл ба насл мегузарад.  Аломатҳои клиникии хоси беморӣ бемадории умумӣ, хориши бадан, харобшавӣ, сустии мушакҳо, ҳисси гуруснагӣ, пешобронии тез-тез, обнӯшии зиёд ва ташнагӣ мебошад. 
 
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ
Ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан, вазнро муътадил нигоҳ доштан, худдорӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва тамоку аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошанд. Роҳҳои пешгирии бемории диабети қанд муҳимтар аз табобати беморӣ аст. Агар дар оилаҳое, ки ба диабети қанд тамоюли авлодӣ доранд, вазни кӯдак дар давоми ҳаёт зиёд шавад, бояд ҳатман ба пизишкон муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои пешгирии он дуруст ба роҳ мондани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва машғул шудан ба варзиши сабук, ба мисли пиёдагардӣ ва оббозӣ, мебошад.  
 
ТАБОБАТИ ИН БЕМОРӢ БО ГИЁҲҲО
Донаҳои тамашк (малина) дорои инсулини рустанӣ буда, барои беморони қанд дармон мебошад. Як қошуқи ошӣ баргу меваашро гирифта, аз болояш як пиёла оби ҷӯш рехта, 30 дақиқа нигоҳ доред ва аз дока гузаронда, ним пиёла пеш аз хӯрок истеъмол намоед.
Аз даҳ дона барги кабуди пиёз қисми сафедашро майда карда, дар ду литр шароби сурх андохта, дар ҷойи торикӣ даҳ рӯз нигоҳ дошта, омехтаро рӯзе як-ду маротиба такон бидиҳед. Баъди хӯрок 30 гр истеъмол намоед. Омехтаро дар яхдон нигоҳ доред. 
Бемории диабети қанд табобатшаванда аст, вале ба пуррагӣ нест намешавад. Дар сурати сари вақт табобат гирифтан ҷараёни беморӣ сабук мегузарад ва оризаҳои беморӣ камтар  мушоҳида мешаванд.
Бояд гуфт, ки асрҳои тулонӣ одамон воситаҳои мубориза бо ин бемориро намедонистанд ва диабети қанд беморро на фақат барои табобат, балки барои зинда мондан низ ноумед мекард. 
 
Суҳроб ХАЛИФАЕВ, табиби оилавии маркази саломатии № 1-и ш. Душанбе
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив