ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Муноқишаи хунини ду ҳамсоя бо марг анҷом шуд
Ду сокини ноҳияи Варзоб, ки дар ҳамсоягӣ мезистанд, даст ба гиребони ҳамдигар зада, моҷарои рухдода байни онҳо бо фоҷиа анҷом шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, 4-уми июли соли ҷорӣ марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия аз рӯи хусумати пешакӣ бо ҳамсояаш (марди 27-сола) ҷангу ҷанҷол намуда, дувумиро бо корд захмӣ намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло марди кордбадаст ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Қазияи БМВ ва ҷавобгарии ду нафар барои қаллобӣ
Кормандони милитсия ду нафареро дастгир карданд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешаванд.
Боздоштшудаҳо мардони 29 ва 31-сола, сокинони шаҳри Душанбе буда, 7-уми августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба бовари марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ воситаи нақлиёти тамғаи БМВ-ро ба маблағи 34 ҳазор доллари ИМА гирифта, маблағашро то ҳол надодаанд. Гумонбарон мошинро фурӯхта, пули онро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, феълан ин кирдор мавриди тафтишот қарор дорад.
Боздошти марде, ки ҳаёташро бо дасти худ доғдор кард
Марди 37-солае, ки дар ноҳияи Шаҳринав дучархаи тамғаи “Энерҷи”-ро дуздид ба дасти милитсия афтод.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, кормандони ШВКД дар ноҳия ин мардро ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намудаанд. Гумонбар дучархаро аз назди як мағоза дуздидааст, ки арзишаш 4 ҳазор сомонӣ мебошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)