СУЛҲРО АҚЛ ТАВЛИД МЕКУНАД
Бисту ҳафт сол мешавад, ки мардуми шарафманди тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ман ҳамчун вакили Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он нахустин заминаҳои сулҳу субот, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ гузошта шуданд, метавонам онро пирӯзномаи миллати тоҷик унвон намоям. Рӯзи Ваҳдати миллиро имрӯзҳо мо ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунем.
Мардум хуб дар ёд доранд ва ин саҳнаҳои мудҳишро таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор модар бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион шаҳрванди мо дар дохилу хориҷи мамлакат ба гуреза табдил ёфтанд. Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат эҳсос мешуд.
Фақат мо – наслҳои солдида, ҳар лаҳзаву ҳар соат сабақҳои Иҷлосияи таърихию тақдирсози шонздаҳумро мехоҳем ба насли имрӯза хотиррасон намоем. Зеро агар вакилон дар он рӯзҳо ба хурдтарин иштибоҳ роҳ медоданд, он ба иҷлосияи “тақдирсӯз” табдил меёфт. Албатта, дар он рӯзҳои пурэҳтирос вакилони Шурои Олӣ талош карданд, то қарорҳое қабул кунанд, ки ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон созгор бошад. Имрӯз, агар дар бораи иҷрои қарорҳои Иҷлосия сухан ронем, гуфтаниам, қарори якуме, ки қабул шуд, ин интихоби Раиси Шурои Олӣ буд. Ман, такроран, баъд аз 32 сол мегӯям, ки мо депутатҳо барои интихоби Раиси Шурои Олӣ хато накардем. Ва он суханоне, ки дар баромади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардиданд, самимӣ ва аз қалби дил буданд. Пешвои миллат аз толори Иҷлосия мардуми ҷаҳонро мутмаин сохтанд, ки Тоҷикистон дар харитаи сиёсӣ боқӣ хоҳад монд. Дар ин баромад Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чанд масъаларо ба муҳокимаи намояндагони халқ гузоштанд.
Масъалаи аввал, ин барқарории сулҳ дар Тоҷикистон буд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиданд, ки ин барнома ҳалли худро ёфт ва аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид шуда буд, ки модели сулҳе, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ин моделро дар ҷаҳон бояд истифода кард. Ин баҳои хело ҳам баланд аст. Чизе дигар, Тоҷикистон ягона давлате буд, ки барои ба даст овардани сулҳ бо мухолифини худ созиш намуда, намояндагони онҳоро ба сари қудрат овард. Ҳамон вақтҳо бо супориши Роҳбари давлат гурӯҳҳои корӣ ба шаҳри Москва, Афғонистон ва Эрон фиристода шуданд, то ки мухолифини давлатро ҷамъ карда, бо онҳо дар паси як миз гуфтушунид намоянд. Ин мухолифин на ҳама ашхоси сиёсӣ буданд, лекин дар ин кор ҳам бо раҳнамоии Сарвари давлат ба хотири ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон бисёр гузаштҳо шуда буд.
Одатан, доҳиён дар ин гуна мушкилот аз паҳлу ва ё пушти сангар роҳнамоӣ мекарданд. Аммо Пешвои миллат далерона шахсан дар сафи пеш қарор гирифта, ба минтақаҳои доғи Афғонистон ва ситодҳои мухолифин дар гӯшаҳои дигар сафар карда, бо сухан ва кори амалиашон мардумро ба пирӯзӣ ҳидоят менамуданд. Ман шахсан, дар се лаҳзаи таҳдид, хатар ва суиқасд ба ҷони Пешвои миллат ҳузур доштам. Сарвари давлат доимо таъкид мекарданд, ки мардум гуноҳ надорад. Ана ҳамин буд, асрори пирӯзии комили бунёди давлати навини тоҷикон. Ҳарчанд дар ин лаҳзаҳои душвори миллати тоҷик дар муқобили ҳар шаҳрванди мо даҳҳо ва садҳо неруҳои сеюму чорум дар камин меистоданд.
Ифтихор дорам, ки аз сабақи сулҳофарӣ ва афви инфиродию сиёсии Пешвои миллат борҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ сухан гуфтаам. Ман шоҳид будам, ки гурӯҳи ҳамсафони мо ба модели сулҳи Пешвои миллат норозӣ буданд. Аммо Пешвои миллат ҳамаи зиён, қурбони сулҳро ба зимма гирифта, сулҳу созгории миллиро дар кишвар пазируфтанд. Ҳатто, солҳои 2000-ум ҳам иддае аз кишварҳо ба пирӯзии сулҳи тоҷикон бовар надоштанд.
Сулҳи тоҷикон волотарин дастоварди Иҷлосия буда, суботро дар ҷомеа таъмин кард. Аз ин хотир, пешниҳод дорам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор ва пешоҳанг бошад.
Агар ин масъала аз нигоҳи имрӯз арзёбӣ шавад, бидуни шубҳа, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар зоти худ як навъ инқилоби фикрӣ ва пирӯзии тафаккури нав буд. Ба ибораи дигар, аз инсони навакак аз рукуди тоталитарӣ озодшуда, шаҳрванди комили миллатдӯст сохтан осон набуд.
Мо наслҳои замони шуравӣ ба ташаккули шахсият ва саҳми он дар таҳаввулоти бузурги сиёсӣ шубҳа доштем. Вале дар ду даҳаи аввали фаъолияти сиёсӣ Пешвои миллат собит намуданд, ки маҳз шахсият метавонад таърихи томи як мамлакатро эҷод карда, ҷомеаро ба қуллаи зафар ҳидоят созад. Дар намунаи рафтор ва кирдори ӯ насли нави роҳбарону сарварон ба камол расиданд. Қадам ба қадам мактаби инсонсозӣ ва бедории шуури сиёсии омма, ки дар садри он Пешвои миллат қарор доштанд, раванди ҷомеаи суннатии тоҷикро тағйир дод.
Масъалаҳои дигаре, ки ба тараққиёти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобастагӣ доранд, мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Ин барномаи бунёди роҳҳо, пайвастани дилҳо, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини ҳифзи бахатарии озуқаворӣ ва идома додани сохтмони неругоҳҳои барқии обии калон ва хурд мебошанд. Ва бидуни имдоди берунӣ сохтани неругоҳҳои азим, ба монанди “Роғун”, аз талоши давлатсозии тавоно шаҳодат доданд. Фалсафаи “Наҷоти Тоҷикистон дар дасти худи Тоҷикистон аст” амалияи хирадмандонаи Пешвои миллатро намоиш дод. Аз барқ иқтисод неру гирифт.
Дар марҳалаи дуюм Пешвои миллат усули иқтисоди шуравии давлати аграрӣ-саноатиро қотеона шикаста, дар се сол тарҳи иқтисоди саноатӣ-аграрии кишварро таҳия намуданд. Ин таҷрибаро ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҷаҳиши иқтисодӣ номид.
Мо – вакилон ва шоҳидон, бо гузашти солҳо, имрӯз дарк кардем, ки дар он вақт чи тавр ҷоннисориҳо ва набарди хастагинопазири Сарвари давлат лозим буд, ки Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии дунё нигоҳ дорад. Абарқудратҳо дар бозори геополитикӣ кӯшиш доштанд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро мисли қарни XIX ба мустамликаи фармонбардори хеш табдил диҳанд. Аҳсант ва сад офарин ба Пешвои миллат, ки истиқлоли сиёсӣ, давлатӣ, таҳкими аркони давлатсозию давлатдорӣ ва ояндаи кишварро матраҳ намуданд.
Пешвои миллат имрӯз ягона ислоҳотмеҳвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Осиё ва панҷгонаи Осиёи Марказӣ дар ҳамгироии Шарқу Ғарб, АвруОсиё ва Ҷунбиши давлатҳои исломӣ ба ҳисоб мераванд.
Аз шуҷоату қаҳрамонии Пешвои миллат оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт ман худдорӣ карда наметавонам. Расо 27 сол қабл аз фалокати баҳри калонтарини Осиёи Марказӣ – Арал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ба чораҷӯӣ кашиданд.
Барномаҳои ҷаҳонӣ дар самти “Об барои ҳаёт”, “Даҳсолаи амал об барои рушди устувор”-ро намояндагони сайёра дастгирӣ намуданд. То ҳол Сарвари давлат дар 26 тадбири СММ ва ҷаҳонӣ баромад карда, имрӯз Тоҷикистони маҳбуб узви 12 созмони байналмилалӣ аст. Аз саҳми оламшумули Пешвои миллат баҳри истиқрори сулҳ ва амнияти куллии аҳли башар 26 сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш самимона ситоиш мекунанд: «Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон масоили рушди устуворро то солҳои сиюми асри мо фаро мегиранд, ки сохторҳои СММ барои дастгирии онҳо ҳавасманд мебошанд”.
Пешвои миллат на танҳо обу ғизо ва сулҳро чун омили ҳамраъйии куллӣ барои ҷаҳон лозим медонанд. Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хазинаи ҷаҳонии мероси бузургони мо дастраси ҷаҳониён гардид. Таҷлили ҷашнҳои ҳазораи “Шоҳнома”, давлатдории Сомониён, бузургдошти фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, мисли Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷомӣ, тамаддуни бостонии Истаравшан, Хатлон, Кӯлоб, Ҳисор ва Саразм, ёдбуди устод Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров дар фитрати насли нав ғурури миллӣ, ҳисси меҳанпарастӣ ва ифтихор аз гузаштаи хешро бедор намуд.
Имрӯз ба ҳайси собиқадори меҳнат ва шоҳиди қаҳрамониҳои Пешвои миллат ошкоро мегӯям, ки ҳамаи ин тадбирҳо дар шароити муҳосираи иқтисодӣ, бунбасти шадиди коммуникатсионӣ, танқисии молиявӣ амалӣ шуданд. Сулҳу ваҳдат ва ягонагию ҳамдигарфаҳмӣ, ки дастоварди муҳими кишвари мост, маҳз ба шарофати иродаи сиёсӣ ва саҳми шахсии Пешвои миллат ва дастгирии мардум воқеияти муъҷизавии қарни XXI гардид.
Ба мақоли чинӣ “Ҷангро ғазаб ва сулҳро ақл тавлид мекунад”, ҳамақида ҳастам. Пешвои миллат ғазаби душманони миллатро афв карда, сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз намуд. Ҷаҳони ноустувор имрӯз ба сулҳи устувор ниёз дорад, гарчанде абарқудратҳои дунё аз ҷанг бештар фоида мегиранд.
Барои зикри ҳамаи хизматҳои ҷаҳоншумули Пешвои миллат боз солҳои бешумор лозим аст. Аммо ман бо хитоби шоир таманниёти самимонаамро ҳусни анҷом мебахшам:
Мо бахти баланди некҳолӣ дорем,
Мо тантанаи хуҷастафолӣ дорем.
Мо паст нагардему баландӣ ёбем,
То дар сари худ Ҷаноби Олӣ дорем.
Қозидавлат ҚОИМДОДОВ, сафир, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (АКДН)
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)