ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САТРҲОИ МЕҲР

САТРҲОИ МЕҲР

10 июл 2024, Чоршанбе
13
0
I
Рӯзномаи «Насими айём»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки пештар «Ҳақиқат» ном дошт, 90-сола шуд. Яъне, дар ин муддати тулонӣ на танҳо арзи ҳастӣ кард, пойдор монд, балки дар тарбияи маънавии сокинони ноҳия, хабарнигорони ояндаи кишвар саҳми назаррас гирифт. Ҳамчунин, бо иттиҳоду якдигарфаҳмии тоҷикону ӯзбекони ин гӯшаи диёри азизамон мақоми шоистаеро сазовор гардид.
 
«Насими айём» дар тарбияи адибони ҷавон низ, ки имрӯз дар адабиёти миллати мо ва ӯзбекзабонон мавқеи муносиб доранд, хидмати бесобиқа намуд.
Ба ин хотир, ин сана бо ташаббусу дастгирии раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Мавриди зикри махсус мебошад, ки раиси ноҳия ба матбуот диққати махсус медиҳад ва таъкид медорад, ки «воситаҳои ахбори омма ба силоҳи қудратманди давлатҳо мубаддал шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва асри пешрафти технологияву иттилоот нақш ва аҳамияти ВАО рӯз ба рӯз афзун мешавад».
Бо дарки ин масъуляти бузург, Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар баробари пешниҳодҳои ҷолиб ва дастгирии ҳамаҷониба талаб мекунад, ки «Насими айём» на танҳо бояд рӯзномаи ҷолибу хонданӣ, балки ҷавобгӯи талаботи давр бошаду нашр шавад. Инчунин, он бояд хонандагон, сокинони ноҳияро дар руҳияи ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз истиқлолу ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ тарбия намояд.
Муаллифи ин сатрҳо, ки аз соли 1976 то ин ҷониб дар мактаби рӯзномаи мазкур тарбия ёфта ва ҳамеша дар иртибот бо он аст, зарур шумурд, ки ба хотири 90-солагии «Насими айём» муҳаббатномаи худро бинвисаду ба нашр бирасонад.
 
II
Симои ҳамаро, ҳамаи кормандони рӯзномаи «Ҳақиқат»-ро дар он рӯзгор дар чашм ва ҳар ҳарфу гуфтори онҳоро дар гӯш дорам. Мани донишомӯзи соли аввали Коллеҷи фарҳангро, ки 15 сол доштам, хуш, балки фарзандвор пазируфтанд. Ба навъе, яъне бо маслиҳату роҳнамоӣ, таҳриру нашри матлабҳои навиштаам, шуълаи рӯзноманигор шуданро афрӯхтанд. Ҳам номам доданд ва ҳам нон.
 
Шеърҳову таронаҳоямро низ ин рӯзнома ба табъ мерасонд. Ин ташвишдоданҳоям гӯё кам буд, ки шарҳу тавзеҳи байту шеърҳои адибони классики адабиётамонро аз онҳо мехостам. Ба таври дарку фаҳмишашон тафсир мекарданд. Ҳамин тавр, чун омӯзгории варзидаи адабиётамон ба мани ҳанӯз ба ин баҳри бузург ошноногардида муносибат менамуданд.
Шодравонҳо Муҳиддин Зайниддинов, Аҳмадшоҳ Маҳмадшоев,   Умар Асалов на танҳо ба ман, балки ба ҳама мухбирони ҷамоатӣ бо муҳаббату самимияти хос дасти ёрӣ дароз ва дар ин роҳ раҳнамоӣ мекарданд. Аз ҳар кадоми онҳо қарздорам ва фикр мекунам, ки дигар мухбирони навомӯз дар он рӯзгор бар ин андешаанд.
Баъдҳо дар чандин васоити ахбори омма пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштам, аммо чунин дастгириву ғамхориро дар ҳеҷ кадом эҳсос накардааму надидаам.
Зайниддин Муҳиддинов, сармуҳаррири «Ҳақиқат», борҳо бо таъкид ва хоҳиш мегуфт, ки пас аз хатми Донишгоҳ ба ин идора барои кор биёям. Баъдҳо ва имрӯз ҳам аз он таассуф мехӯрам, ки дар иҷрои хоҳиши ӯ саҳлангорӣ намудам. Албатта, ин аз рӯйи эҳсоси ҷавонӣ буд ва натавонистам фаҳм кунам, ки бузургсолорон бештару беҳтар аз мо дар бораи мо меандешанд.
Ман ин ноҳия ва ин рӯзномаро аз соли 1976 то ба имрӯз дӯст доштаму дӯст медорам. Вақте дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов, воқеъ дар ин ноҳия шуъбаи рӯзноманигорӣ кушоданд ва даъватам намуданд, то ба донишҷӯён дарс бигузарам. Бо хушнудӣ пазируфтам, зеро нахостам он хатоямро дубора такрор намоям. Инак, бисту чор сол боз дар ин муассиса дарс мегузарам. Оре, бо ин ки аз пойтахт – шаҳри Душанбе, рафтан бароям осон нест. Ин дар суратест, ки ман нахостам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба донишҷӯён дарс бигузарам, яъне даъвату дархости сарварони ин таълимгоҳҳоро рад намудам.
Ба рафтагон, мондагон, имрӯзиён, ки ба ин рӯзнома иртиботи қавӣ доштанду доранд, изҳори сипос менамоям. Мехоҳам, ки рӯзномаи дӯстдоштаам ҳамеша барои на танҳо ман, балки ҳама дӯстдоштанӣ бимонад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив