ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «САЁҲАТ АЗ ОРЕНБУРГ БА БУХОРО»-И МЕЙЕНДОРФ.  ЧАРО НАХУСТ БО ЗАБОНҲОИ ФАРОНСАВИЮ ОЛМОНӢ ЧОП ШУД?

«САЁҲАТ АЗ ОРЕНБУРГ БА БУХОРО»-И МЕЙЕНДОРФ.  ЧАРО НАХУСТ БО ЗАБОНҲОИ ФАРОНСАВИЮ ОЛМОНӢ ЧОП ШУД?

10 июл 2024, Чоршанбе
94
0
Таърихи таълиф, тарҷума ва чопи китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро»-и Мейендорф бисёр ҷолиб аст. Он то кунун арзиши илмии худро нигоҳ дошта, вазъи сиёсию иқтисодии Бухорои охири асри XVIII – ибтидои асри XIX-ро воқеъбинона таҳлил мекунад.
 
МЕЙЕНДОРФ КИСТ?
Егор Казимирович Мейендорф соли 1795 дар Лаҳистон, дар хонаводаи низомӣ ба дунё меояд. Аз соли 1811 то 1818 дар сафи неруҳои низомии салтанати Россия хидмат карда, унвони капитаниро гирифт. 
Боиси тазаккур аст, ки ӯ дар Ҷанги ватании соли 1812 иштирок мекунад ва шуҷоату мардонагӣ нишон дода, бо чандин ордену медал ва шамшери тиллоӣ бо навиштаи “Барои ҷасорат” қадр мешавад.
Тавре дар дафтарчаи низомияш қайд шудааст, Мейендорф забонҳои немисиву фаронсавӣ ва қисме аз илми риёзиро хуб медонист. 
Бо ташаббуси императори Россия Александри I соли 1820 дипломати касбӣ, донандаи забонҳои форсию туркӣ А. Ф. Негри ба Бухоро сафар кард, то муносибатҳои тиҷоратию дипломатии аморат бо империяи Россияро таҳким бахшад.  Ҳамроҳи Негри афсари боғайрату шуҷоъ ба сафари Бухоро бояд мерафт, бинобар ин, Егор Мейендорф ба ҳайат дохил шуд. 
 
ТАЪРИХИ ИНШОИ КИТОБ
Мейендорф дар китоби «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро» бо маҳорат тавонистааст вазъи сиёсию иқтисодии Бухорои охири асри XVIII – ибтидои асри XIX-ро таҳлил намояд. Баъзе ҷузъиёти ин таълифот ба забони русӣ дар матбуоти даврии Россия ба табъ расида бошад ҳам, дар шакли китоб соли 1826 дар Париж ба забони фаронсавӣ ва дар Йени Олмон тарҷумаи олмонии он рӯи чоп омад. 
– Сабаби ба ин забонҳо нашр кардани китобро Н. А. Халфин дар он мебинад, ки ибтидои асри XIX Фаронса чун давлати неруманду мустамликадор барои ба тобеияти худ даровардани мулкҳои феодалии аз ҷиҳати иқтисодию ҳарбӣ қафомонда, аз ҷумла хонигариҳои Осиёи Миёна, ҳавасмандӣ буд,– менависад Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи АМИТ.
Халфин ниҳоят ин рисолаи арзишмандро ба забони русӣ соли 1975 ба табъ расонд. Олим зарурати чопи онро чунин шарҳ додааст: «Ин таълифот аввалин тавсифи Бухорост, ки ба қалами сайёҳи аврупоӣ тааллуқ дорад. Дар он маълумоти ҷолиб доир ба сохтори маъмурии хонигарӣ дар аввали асри XIX, табиат, ҷуғрофия, алоқаи байниҳамдигарии иқтисодии шаҳрҳо, таърих ва тарҳи онҳо, тарзи хоҷагидорӣ ва расму ойини аҳолӣ оварда шудааст».
Дар ин асар оид ба тоҷикон чунин навишта мешавад: “Тоҷикон ба тиҷорат майл доранд: онҳо ба амалиёти тиҷоратии худ он қадар саъю  талош мекунанд, ки дар зиндагии ҳаррӯза ба сарфаю сарриштакорӣ риоя намоянд. Ин сабаб шуд, ки Бухоро, асосан, ба кишвари тиҷоратӣ мубаддал шудааст”.
 
ЧОПИ КИТОБИ МЕЙЕНДОРФ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
“Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро” соли 2023 аз тарафи Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо талоши Ислом Юсуфӣ аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид. Ёдовар шудан зарур аст, ки асарро бори нахуст ба забони русӣ Евгений Карлович Бетгер тарҷума ва таҳия кардааст.
Таърихшиноси номӣ Ҳайдаршо Пирумшо ба китоб сарсухан навишта, чанд камбудии асарро чун тақриздиҳанда зикр мекунад, ки инҳоянд: нахуст, “мардуми ҳамаи Осиёи Миёнаро (Марказӣ – Б. Б.) «тоторӣ» (яъне «туркӣ») меномад, ҳарчанд ки қисми хеле зиёди сокинони ин ҷоро тоҷикон – намояндагони халқиятҳои эронӣ, ҳамчунин, қирғизҳо” ташкил медоданд. Дувум, ӯ азбаски на олими ҳирфавӣ, балки низомӣ буд, дар баҳогузории миллатҳои сокини Бухоро ва фаротар аз он, ба дидаву шунидаҳояш бовар мекунад. Севум, паёми ҷуғрофӣ ва мардумшиносии баъзе минтақаҳоро аз забони касони ноогоҳ ба китоб мекӯчонад ва худаш он ҷоҳоро ҳаргиз надидааст.
Ба ин иқрори муаллиф дар сарсухани китобаш таваҷҷуҳ фармоед: “Маълумотҳое, ки ба ман имкони гирифтани онҳо даст дод, хеле рӯякианд. Лекин ба ин нигоҳ накарда, ман ба дақиқии онҳо кафолат медиҳам. Дар бораи кишваре, ки онро аврупоиён басо кам дидаанд, ман чунин мешуморам, ки ин маълумотҳо бо нав будани худ арзишманданд. Дар ҳамин асос, қарор додам онҳоро чоп кунам ва худро хушбахт мешуморам, агар асари ман як андоза саҳме дар омӯзиши Осиёи Миёна дошта бошад”.
Муаллиф тоҷиконро ба ин мазмун меситояд ва менависад: “Чеҳраи тоҷик ҳамеша дар худ ифодаи фурӯтанию ҳалимӣ ва беошӯбиву оромиро дорост. Тоҷикон ходимони давлатӣ, фаъол, заҳматдӯст буда, ба ҳунарҳои гуногун қобилияту истеъдод доранд: онҳо тоҷир, ҳунарманд буда, заминдоранд; ҳаёти кӯчманчигӣ надоранд. Аксарияташон хонда ва навишта метавонанд ва мутамаддинтарин қисми аҳолии Бухороро ташкил мекунанд”.
Китоб барои мо – тоҷикон аз куҳантарин сарчашмаҳост ба забонҳои фаронсавию олмонӣ. Дувум, назари чунин муаллифони хориҷӣ барои ислоҳи костагиҳои руҳӣ ва ахлоқии мо, бархӯрди мо бо масъалаҳо ва қавмҳои гуногун дар оянда ёрии бедареғ хоҳад расонд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив