ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОИЗА МУБОРАК!

ҶОИЗА МУБОРАК!

10 июл 2024, Чоршанбе
40
0
Аз 27 то 30-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Якутияи Федератсияи Россия Фестивали VII байналмилалӣ  бо номи «Мамонтёнок-2024»  баргузор гашт. 
Дар он 50 ҳунарманди боистеъдод, барандагони  озмунҳои байналмилалии сирк иштирок  намуданд. Онҳо дар жанрҳои акробатика, гимнастикаи ҳавоӣ, перш, жонглёрӣ, гурзандозии гурӯҳӣ, сими озод, мувозинати дастӣ, масхарабозӣ ва ғайра аз Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Россия ҳунари худро намоиш доданд. 
Дар Фестивал ҳунармандони боистеъдоди сирки тоҷик, аълочиёни  фарҳанги Тоҷикистон Шаҳриёр Изатуллоев, Алмос Илёсов,  Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова ва  Ёсуман Назарова  дар жанри  перш  бо номи «Тоҷи ориёӣ»   ҳунарнамоӣ  намуда,   сазовори ҷои дуюм гардиданд. 
Ҳунармандони мо  бо  маҳорату  ҳунари  нотакрори  худ аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни Фестивалро ба ҳайрат оварданд. Қобили зикр аст, ки  устоди санъати сирки тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода  дар  ин Фестивал  ба ҳайси  аъзои ҳайати ҳакамон  ширкат намуда, ба ҳунари  хунармандони 12  давлати дунё  баҳогузорӣ намуд. Ногуфта намонад, ки ин чорумин  Ҷоизаи ҳунармандони сирки тоҷик  давоми 32 соли истиқлоли давлатист. 
Фазила  ЁДГОРОВА
Санаи нашр: 10.07.2024 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив