ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУНИ ТАНЗИМ: АЗ ТАҒЙИРОТ ТО ТАЛАБОТ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ: АЗ ТАҒЙИРОТ ТО ТАЛАБОТ

11 июл 2024, Панҷшанбе
279
0
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20-уми июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Одинашоҳ Вализода, номзади илми педагогика, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин хусус ва дигар масъалаҳои марбути он сурат гирифт.
– Муҳтарам Одинашоҳ Вализода, аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ тағйироте дар ин 17 сол дар хусуси ҷашну маросим ба вуҷуд омад?
– Дар давоми 17 сол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021 ва 20-уми июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ба маврид аст қайд намоям, ки 20-уми июни соли 2024 Қонун дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳия ва қабул гардид.
Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз талаботи сархати сеюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар он омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Инчунин, ҳангоми таҳияи Қонун таклифи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳоди шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст.  
Пеш аз ҳама, номи Қонун иваз гардида, калимаи «анъана» аз  ном ва тамоми матни Қонун хориҷ карда шуд.
Номи боб тағйир ёфта, ба Қонун 6 моддаи дигар илова гардид, ки айни замон аз 6 боб ва 22 модда иборат аст.
Ба Қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим бо талаботи иловагӣ ворид гардид.
Ҷашни зодрӯз дар доираи талаботи амалкунанда, яъне ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.
Хатнасур бошад, ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешаванд.
Тӯйи домодию арусӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар гардидааст.
Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.  Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дафну азодорӣ, забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин, додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.
– Вобаста ба талаботи моддаи 9  Қонун, яъне дар бораи идҳои Рамазону Қурбон, ки дар миёни баъзе аз одамон андешаҳои нодуруст паҳн гардидааст, чӣ назар доред?
– Банди 2 моддаи 9 (Ҷашнҳои расмӣ) бо иловаи зерин қабул гардид: Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.
Дастархони камхарҷи идона маънои онро дорад, ки кадбонуи хона дар рӯзи ид бояд пухтупазҳои миллӣ, ба монанди кӯлчаву орзуқ, ҳалвою ширинӣ ва нӯшокиҳои рангоранги аз меваҳои ватанӣ тайёркардаро пешкаши меҳмонон намояд.  Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидаанд, шаҳрвандон метавонанд бо ҳамроҳии фарзандонашон ба аёдати хешу ақрабо ва ба хонаи шахсони мусибатдор рафта, дуову фотиҳа намоянд. 
– Талаботи Қонун ҷиҳати иҷрои маросими ҳаҷ ва умраро шарҳ медодед. Чӣ иловаҳо ворид шудааст? 
– Дар маросими ҳаҷ ва умра (Моддаи 13) бандҳои 2 ва 3 бо иловаҳои зерин қабул гардид: Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ, пулҳоро анҷом диҳанд.
– Ҷарима барои риоя накардани талаботи Қонун чӣ гуна аст?
– Ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим чунин тағйирот ворид карда шуд. 
1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ, инчунин, пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо, - ба андозаи даҳ нишондиҳанда (720 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузаронидани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист (8640 сомонӣ) ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ (25200 сомонӣ)  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арусӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист (15840 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ (39600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
4. Барои вайрон кардани қоидаи тӯйи домодию арусӣ, теъдоди меҳмонҳо, вақти баргузории тӯю маъракаҳо, - ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад (108000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра  (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, оши ҳоҷӣ, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳои ба хотири ҳаҷ ва умра, -  ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад (57600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
– Оё бо ин миқдорҳои муқарраршуда ҷарима супурдан ба вайронкунандагони Қонуни мазкур, он ҳам агар нафаҳмида сурат бигиранд, вазнин нест?
– Масъулон талаботи Қонун ва тағйиротро бояд ба мардуми одӣ бифаҳмонанд. Надонистани Қонун ва хилофи он амал кардан касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Магар беҳтар он нест, ки талаботи Қонун пурра риоя гардад ва аз ҷавобгариву ҷаримасупорӣ озод бошанд? 
 
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив