ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЙИ Ӯ ХОЛИСТ

ҶОЙИ Ӯ ХОЛИСТ

11 июл 2024, Панҷшанбе
22
0
Ҳар боре бо ҳамкасбонам сухан перомуни шеъру шоирӣ ва ё худ доир ба ҳунару маҳорати баланди рӯзноманигорӣ меравад, пеши назарам симои нуронии фарзонафарзанди аршади Шоири халқии Тоҷикистон устод Қутбӣ Киром, рӯзноманигори мумтоз ва шоири оташинсухану тарҷумони маъруф шодравон Ҳусейн Қутбӣ (Киромов) падидор мегардад. 
Зеро Ҳусейн ҳамеша ба қадри сухан ва қаламкаш мерасид ва бар замми заҳматкаши асил буданаш, бо тамоми ҳаракату гуфтору рафтору ҳазлҳои намакинаш нусхаи аслии падари шоираш маҳсуб меёфт. 
Фарде буд қалбаш ҳамеша пур аз меҳру муҳаббат ва хизмат ба Ватан. Ошкоро ва бериё сухан мегуфт. Шӯху бекина, хушмуомила, ширинзабон ва маҳбуби қалбҳо ба ҳисоб мерафт. Ҳамеша зимни суҳбатҳои сарироҳию дар ҷойҳои кориамон ашъори падараш Қутбӣ Киром вирди забонаш буд:
Ҳамчу оинаи Доро софам,
Чашма медид, сафоям мекард.
Ростӣ бар қади ман улфат шуд,
Хизр медид, асоям мекард,
Мисли ман шоири ширингӯро
Умр медид, бақоям мекард.
 
Инчунин, ӯ мудом шеъри “Сафедор”-и падари бузургворашро замзама мекард:
Дар канори боғ руста, он сафедорам, як умре,
Рост рафтам, қад кашидам, чашми дунёбин 
кушодам.
Гоҳ таҳсинҷ, гоҳ шаҳпул, гаҳ сутун, гаҳ васса 
гаштам,
Ҳар куҷо ҳам хешро бар хизмати мардум 
ниҳодам.
Шоир ва корманди собиқадори нашрияи “Ҷумҳурият”- Абдулқодири Раҳим, ки бо Ҳусейн Киромов дар як идора солҳои зиёде кору фаъолияти густурда кардаанд, дар бораи Қутбӣ Кироми шоир ва инчунин, нусхаи аслии ӯ - писари калонии ин шоири шӯридадил ва собиқ ҳамкораш, зиндаёд Ҳусейн Киромов чунин андеша доранд: “Ба ашъори  шоири шаҳири тоҷик, шодравон Қутбӣ Киром дар даврони донишҷӯиям, яъне ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта, ошноӣ пайдо карда будам. Маро равон гуфтан, диди тоза доштан ва маънии бикр пайдо намудани устод ҳамон замон хуш омада буд. Пайваста  ин мисраи ӯро такрор мекардам: “Хоки номарди намакноошноро бод бурд...”.
Чӣ қадар равон гуфта шудааст ва ин аз табъи равони устод Қутбӣ Киром гувоҳӣ медиҳад. Шоире, ки табъи равон надошта бошад, чӣ шоир аст? Ҳар хонанда чӣ гуна зарб доштани ин мисраъро хуб дарк мекунад. Ба ҷуз ин, ибораҳои нав, рехта ва шоиронаи ҳамин як мисраъ диққатро ҷалб мекунанд ва наметавонӣ ба эҷодгари он аҳсан нахонӣ”.
Дар хусуси шиносоии аввалини худ бо фарзанди шоир - Ҳусейн Киромов мавсуф дар як нигоштаашон таҳти унвони “Сухан ин бор ҳам аз ошноист” аз он ҷумла, чунин гуфтаанд:”Аз оғози соли 1993 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо фарзанди устод - Ҳусейн Қутбӣ ҳамкор шудам. Ӯро мисли падараш дарёфтам. Бисёр монанд буд, ҳам ба зоҳир ва ҳам ба ботин. Дили софу беғаш дошт. Лутфҳои намакин мекард. Ҳузураш ғамҳоро аз дил мебурд.
Вазифа ҳам, ки гирифт, тағйир наёфт. Бо ӯ, муовини аввали сармуҳаррири рӯзнома, кор саҳл буд ва ҳеҷ мушкилие эҳсос намегардид.
Мепиндоштем, ки ӯ беш аз сад сол дар дунё зиндагӣ мекунад, аммо сад афсус, ки риштаи умраш кӯтоҳ будааст. Аз даст додани чунин як дӯст, албатта, бисёр гарон буд, вале чи кунем, ки дигар илоҷе надоштем.
Фикр мекунам, ки Ҳусейн ҳамраҳии падарро афзалтар донист ва ба назди ӯ рафт. Ёдаш ба хайру гиромӣ бод!”.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар дар ашъори худ таҳти унвони “Шоирзода” дар сӯги Ҳусейн Қутбӣ чунин гуфтааст: 
Ҳусейн Қутбӣ шоирзодае буд,
Ба ҳусни зиндагӣ дилдодае буд.
Агарчи аз ҷаҳон хеле ҷавон рафт,
Даруни ҷом куҳна бодае буд.
Вафову дӯстдорӣ пешааш буд, 
Даруни сина ҷо бинҳодае буд.
Ҳамеша чун падар будӣ сарафроз,
Ба пойи дӯстон афтодае буд.
 
Бародари мо забондон низ буд. Забони форсиро бо тамоми нозукиҳояш хуб медонист. Забони русиро тавре фаро гирифта буд, ки аз баъзе русзабонҳо беҳтару хубтар ҳарф мезад. Бинобар ин, роҳбарияти идора тарҷумаи нутқҳои котибони аввали Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон ва дигар матлабҳои расмиро ба ӯ бовар менамуд. Ҳусейн тарҷумаҳоро наменавишт, балки дар назди мошиннавис нишаста, дикта мекард. Ҳамин гуна маҳорати забондониаш буд, ки ӯро аз Нашрияи расмии кишварамон “Ҷумҳурият” тариқи гузариш ба нашрияи “Народная газета” ба кор пазируфтанд ва муддати зиёде дар ин нашрия адои хидмат намуд.
Лозим ба зикр аст, ки мавсуф баъд аз адои қарзи интернатсионалӣ бо ду ордени “Ситораи Сурх” ба Ватан бо сари баланд баргашт. Дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз хабарнигори одӣ то ба вазифаи муовини аввали сардабири ин рӯзномаи бонуфуз сабзид. Ӯ дар ин вазифаҳои масъул то рӯзи бо хоҳиши худ аз кор рафтанаш ҳалолу покиза ва бо сари баланду рӯйи сурх фаъолият кард.
Ҳамин тариқ, бо Ҳусейни шӯху дилфарох ва донишманду хушсухан кор кардан барои ман мояи ифтихор ва сарбаландӣ маҳсуб меёфт”.                                                                      
 
Мухбирҷон КӮҲСОРӢ, журналист, узви ИЖТ
Санаи нашр: 11.07.2024 №: 131
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив