ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ВАО ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ҲУКУМАТ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ВАО ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ҲУКУМАТ

15 июл 2024, Душанбе
30
0
Дар низоми ҳуқуқии кишвари мо ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз масъалаҳои меҳвари сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар ин самт барномаҳои махсус қабул ва амалӣ мешаванд. Табиист, ки ҳар нафар замоне дар ҳимояи ҳуқуқҳои фитрии худ дастболо мешавад, ки донишҳои зарурии ҳуқуқиро аз бар карда бошад ва қонунгузориро ба қадри кофӣ донад. Коршиносон ба ин назаранд, ки дар баробари дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тавассути тарғиб ва шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонунгузорӣ назаррас аст. Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, зимни суҳбат бо мо оид ба ин мавзуъ андешаҳояшро чунин баён дошт:
Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ яке аз ниҳодҳое, ки метавонад дар ҳамин раванд мусоидат намояд ВАО мебошад. Вазифаи  расонаҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки  навгониҳои қонунгузорӣ, набзи ҳуқуқии ҷомеа ва давлатро барои аҳолӣ пешниҳод намуда, ҳуқуқи инсонро тарғиб намоянд. Ин ташвиқу тарғиб бояд тавре сурат гирад, ки  инсонҳо на танҳо ҳуқуқҳои худашон, балки ҳуқуқҳои дигаронро низ донанд ва ҳимоя намоянд. Дар ҷомеа, ки маҷмуи муайяни одамон зиндагӣ мекунанд, бояд сатҳи  дониши ҳуқуқияшон бо назардошти синну сол ва эҳтиёҷ ба инобат гирифта шавад. Инчунин, дар миёни ҷомеа як назарсанҷии хос баргузор шавад, то донанд, ки мардум оид ба кадом ҳуқуқҳояшон маълумот надоранд ва доир ба он маълумот гирифтан мехоҳанд. 
Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари ҳуқуқҳои хусусияти оилавӣ дошта, ҳуқуқҳои байни шаҳрвандон ва ҳуқуқҳои молу мулкии онҳо вайрон  шуда, аҳолӣ ба донистани чунин маълумот бисёр эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин, на ҳама имкон доранд, ҳангоми баҳсҳои судӣ адвокат гиранд ва аз сарчашмаҳои ҳуқуқӣ баҳравар бошанд. Аз ин лиҳоз, воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки сарчашмаҳои ҳуқуқиро барои онҳо пешниҳод кунанд. Илова бар ин, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ, хусусан, адвокатҳо барномаҳои зинда таҳия кунанд ва дар он мардум тавонанд, ки ба саволҳои худ ҷавоб гиранд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мо бояд аз самти журналистикаи соҳавӣ ба мавзуӣ равон шавем ва бояд рӯзноманигорон дар соҳаҳои мухталифи ҳуқуқи инсон омода карда шаванд.  Мисол, мо бояд рӯзноманигоре дошта бошем, ки тавонад ҳуқуқҳои кӯдак ё маъюбонро  матраҳ кунад. Ҳуқуқ ба таҳсил ва дигар навъи ҳуқуқҳоро, дар сатҳи мутахассис донаду тавонад, ки гузориш ё барномаҳоро таҳия ва пешниҳод намояд. Ҳамзамон, ба мардум расонад, ки Тоҷикистон дар СММ бо кадом механизмҳои шартномавӣ ва оиномавӣ ҳамкорӣ дошта, кадом конвенсияву паймонҳои факултативиро тасдиқ карда, ба онҳо ҳамроҳ шудааст ва дар ин доира кадом корҳо ба анҷом мерасад. Оид ба тавсияҳое, ки ба Тоҷикистон дода мешавад ва, махсусан дар амалисозии онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод намояд. 
Табиист, ки риояи қонун, эҳтироми шаъну шараф дар сурати мавҷуд будани маърифтаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Дар партави ин кормандони воситаҳои ахбори омма уҳдадоранд, ки бо дониши мукамал ва фаҳмиши хуби ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқдонии аҳолӣ мусоидат намоянд.
 
Судоба ФАЙЗАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив