БОВАРҲОИ ДИНӢ БАР ПОЯИ ИЛМУ ДОНИШ УСТУВОР АСТ, НА ҶАҲОЛАТ
Аз хурдӣ дар либоспӯшӣ, таҳсил ва интихоби касб, дар кору пайкори рӯзгор ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии шахсӣ мустақил ҳастам. Ин озодиро ба ман, пеш аз ҳама, фазои озоди Ватан дар асоси меъёрҳои башарӣ ва падару модарам бар пояи эътимоду боварӣ фароҳам кардаанд, ки ин арзиши инсонӣ роҳи камолотро бароям ҳамвор намуд.
Дарк кардан зарур аст, ки ҳар қадар инсон худро дар ҳама ҷода санҷида, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад, ҳамон қадар таҷрибаи зиёд андӯхта, дар дилхоҳ касбу ҳунар муваффақият ба даст меоварад ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мушкилоти зиндагӣ роҳи ҳалли онро осон дармеёбад. Чунин таҷриба, албатта, дар фазои сулҳу субот ва озодӣ ба даст оварда мешавад, ки дар чунин шароит имконияти таҳсил ва дониш гирифтан фароҳам аст. Манзурам аз ин гуфтаҳо чист? Дар кишвари азизи мо Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тадбирҳои зиёд андешидааст ва натиҷааш он аст, ки имрӯз ҳазорҳо занону духтарони тоҷик дар ҳама соҳаҳо фаъол буда, ба мақоми роҳбарикунанда расидаанд ва дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши пешбаранда доранд.
Мутаассифона, дар мамлакати озоди мо ҳанӯз ҳам баъзе аз падару модарон, бародарон ба илм омӯхтани духтарону хоҳарони худ монеаву маҳдудиятҳо пеш мегузоранд. Бо ин рафтори носанҷидаи худ занону духтаронро аз омӯзиши илму дониш бозмедоранд, ки чунин кӯтоҳандешӣ ба ояндаи онҳо бетаъсир нахоҳад буд. Ин амали онҳо, албатта, бесабаб нест, дар аксар маврид аз таъсири фаъолияти баъзе муллоҳои бесаводу ноогоҳ, ки ба ҷомеа бо андешаҳои муғризонаи худ осеб мерасонанд, ба вуқуъ мепайвандад. Мушоҳида мешавад, ки ақидаи баъзе ҷавонон пас аз шунидани «панду насиҳат»-и муллотарошҳо нисбат ба модар, хоҳар ва бонуи хонаи худ дигар мешавад. Махсусан, дар бобати тарзи либоспӯшӣ, хондану соҳибтахассус гаштани онҳо. Вале чаро ин муллотарошҳо боре ҳам намегӯянд, ки зан дар Ислом ҷойгоҳи арзандаву эҳтироми баланд дорад? Чаро намеандешанд, ки зан ҳам бояд донишманд бошад, таҳсил кунад ва интихоби худро дошта бошад? Албатта, муллоҳои тангназар, ҷавонони камсавод дар чоҳи ҷаҳолат қарор доранду дигаронро ба он кашидан мехоҳанд. Аз ҷумла, навори ютубии Мавлавӣ Аҳмад Фирӯз, ки ғолибан фармоишӣ ва ҳадафмандона буд, саропо ҷаҳолату дурӯғбофӣ аст. Манзури таҳиягарони он мағзшӯӣ ва ба гумроҳӣ бурдани ҷавонон мебошад. Суханҳои дасисаҷӯёна ва иғвоангез мегӯяд. Ҳар ҳарфаш бар зидди озодии занону духтарон аст. Магар ин аст, дину диндорӣ? Магар беэҳтиромӣ нисбат ба занҳо, аз мактаб боздоштани духтаракон дину диндорист?
Дар робита ба мавқеъгирии муллотарошҳову мавлавиҳо доир ба маҳдудгардонии озодии занону духтарон дар кишварҳои феодалӣ, Амина Муҳаммад, муовини якуми котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, чунин изҳор дошт: «Мо барои аз асри XIII ба асри XXI гузарондани ин шахсони ақибмонда бисёр корҳо кардем ва нақшаҳо дорем. Ин роҳест, ки онро дар як рӯз паймудан ғайриимкон аст. Феълан, «Толибон» мавқеъгириҳои худро нисбат ба маҳдудсозии озодии занон ҳамчун роҳи ҳалли ниҳоӣ пешниҳод намекунанд ва ваъда медиҳанд, ки баъдтар ба ин масъала бармегарданд. Аммо он чизеро, ки онҳо "муҳофизат" мегӯянд, мо зулм меҳисобем, яъне ба зери сатри сиёҳ гирифани бонувон ин «муҳофизат» нест, балки зулм аст».
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҳифзи либоси миллӣ аз таъсири фарҳанги бегона ва пешгирии ҷомеа аз хурофот мебошад. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ хуб медонанд, ки либоси бегона хоси расму оини мо нест ва бонувони мо бо либоси миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа обрӯю эътибори баланд доштанду доранд. Манъи истифода аз либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона сиёсати дурусти иҷтимоӣ буда, хусусан ҷавонон, бояд дуруст дарк намоянд, ки он ба хотири ояндаи озоду дурахшони онҳо роҳандозӣ шудааст. Махсусан, барои занону духтарон имконияти хубест, ки пойбанди суханҳои дасисаҷӯёнаи шахсони ноогоҳу ҷаҳолатпараст нашуда, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баранд: таҳсил кунанд, забон омӯзанд, кӯшиши дар мақоми роҳбарикунанда кор намудан дошта бошанд.
Саводнокии духтарон аз ҳар нигоҳ заруру манфиатбор аст, зеро онҳо дар рушди оила, тарбияи фарзандон, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва насли оянда нақши бештар доранд. Пас, дар ин сурат чи гуна метавон ба таҳсили духтарон монеа эҷод кард ва нагузошт, ки онҳо дониш гиранд? Худи андешаи он ки зан барои хона аст ва бояд хонанишин бошад, комилан нодуруст аст. Чунки, маҳз зан ба фарзандони худ он чизе, ки дар ӯ нуҳуфтааст: дониш, ахлоқ, тарбия ва маърифат меомӯзонад. Дар робита ба ин, Расули Худо (с) фармудааст: «Талаби илм бар ҳар марди мусалмон ва ҳар зани мусалмон фарз аст!». Касе, ки ин неъматро рад мекунад ё ба дигарон ҳақ намедиҳад, на танҳо худро аз риояи бахше аз суннат маҳрум месозад, балки барои гумроҳии худ нақш мебозад. Пас, интихоби роҳ дар дасти худи мост!
Боварӣ ба зан беҳтар аз он аст, ки ба ӯ маҳдудиятҳо пеш гузорем. Зани боақлу донишманд худ пойбанди тафаккури баланду андешаи солим боқӣ мемонад. Дар ҳама ҷода муваффақ мегардад ва барои пешбурди оила ва давлат саҳмгузор мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)