ВМКБ. АЗ УСУЛҲОИ НАВИ МУБОРИЗА БО ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОН КОР ГИРЕМ!
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ дар доманакӯҳҳо хеле муфид аст. Дар ин минтақа дарахтони мевадиҳанда ва буттамева то баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр нашъунамо меёбанд. Шароити муътадили доманакӯҳҳо ва регхок барои бунёди боғот хеле мусоид мебошад.
Аммо омилҳои зиёде ҳастанд, ки ба самаранокии боғҳо дар вилоят монеа эҷод мекунанд. Аз ҷумла, камбағал будани хоки доманакӯҳҳои нишеби минтақа аз моддаҳои фоиданок мебошад ва ин ҳолат ба беҳтар кардани сифати хок бо усули ба замин андохтани нуриҳои минералию органикӣ эҳтиёҷи калон дорад. Сабаби дигари камҳосилии дарахтон афзоиши ҳашароти зараррасон мебошад. Дар ҳудуди вилоят зиёда аз 140 намуд ҳашароти зараррасони зироатҳои хоҷагии қишлоқ ба қайд гирифта шуда, зараррасонии баъзе намудҳои он, асосан, дар солҳои охир зиёдтар ба назар мерасад ва ин низ сабабҳои гуногун дорад.
Аввалан, дар шароити бозорӣ ин ворид гардидани тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, картошка, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ мебошад, ки дар баробари онҳо баъзе намудҳои ҳашароти зараррасони нав низ ворид мешаванд. Масалан, ба ҳудуди ноҳияи Дарвоз (Қалъаи Ҳусайн, Сафеддорон ва Сағирдашт) гамбусаки колорадии картошка ва ноҳияи Ванҷ ширинчаи хунини себ зиёд ворид шуда истодааст, ки ба картошкапарварону боғпарварон зарари калон мерасонад ва хатари ба дигар ноҳияҳои вилоят паҳн шудани онҳо аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин, воридшавии яке аз зараррасони хатарноктарини картошка – куяи картошка, ки тобистон дар саҳро бутта ва зимистон дар анбор лундаи онро нест мекунад, меафзояд.
Ҳашароти зараррасони дарахтони мевадиҳанда низ зиёда аз 80 намуд ба қайд гирифта шудааст. Ҳашароти ширинчаи нокуамруд, себу зардолу, шафтолу, тортанакканаи туркистонӣ ба дарахтон бештар зарар мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки то солҳои 90-уми асри гузашта қариб ҳамаи боғу дарахтону буттаҳо ҳар сол як ё ду маротиба бо заҳрҳои химиявӣ коркард мешуданд ва маҳз ин амал таносуби ҳазорсолаи байни ҳашароти зараррасону фоиданокро вайрон кард. Дар чунин шароит кирминаи ҳашароти зараррасон оҳиста-оҳиста ба заҳрҳои химиявӣ одат намуда, устуворӣ пайдо кард. Ин зарурати истифода бурдани заҳрхимикатҳои пурқувваттар ва миқдори дорупошии зиёдтарро талаб намуда, ба боз ҳам устуворшавии намудҳои зараррасон ва қариб тамоман аз байн рафтани намуди ҳашароти фоиданок оварда расонд.
Дар айни замон миқдори ками ҳашароти фоиданок, аз қабили тиллочашмак, магаси таҳин, магаси мала (журчалка), гамбусакҳои ширинчахӯр (момохолакҳо), халсидҳо, браконидҳо, трихограммаҳо ва чанди дигар боқӣ мондаанд. Ин миқдори ночизи ҳашароти фоиданок, албатта, ҳашароти зараррасонро тамоман нест карда наметавонад, аз ин рӯ, барои ҳифзи зироатҳо ва боғҳо, ҳамчунин, кам намудани ҳолати нестшавии ҳашароти фоидаовар ва пешгирии заҳролудшавии муҳити зист андешидани тадбирҳои зарурӣ лозим аст.
Барои кам кардани таъсири ҳашаро т дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои биотехникӣ, ба монанди гузарондани шудгори байниқаторӣ ё нарм кардани бехи дарахтони мевадиҳанда, ба бехи дарахтон андохтани нуриҳои минералию органикӣ, тоза намудани пӯсти куҳнаи дарахтони калон ва амсоли инҳо анҷом дода мешаванд. Вале, бо вуҷуди ин, таъсири манфии ҳашароти зараррасон ҳамоно хеле зиёд мебошад. Ин ҷо, пеш аз ҳама, хоки замини киштро ба инобат гирифтан зарур аст, ки он ҳангоми дорупошӣ осеб набинад.
Беҳтарин роҳи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ин кам кардани воридоти тухмӣ ва ниҳолу буттаҳои ҳархела мебошад. Бояд аз тухмӣ ва ниҳолҳои мевадиҳандаи маҳаллӣ бештар истифода бурд, зеро онҳо солҳост, ки ба иқлими минтақа мутобиқ шуда, ҳосили хуб медиҳанд ва таъми болаззат доранд.
М. КАРАМХУДОЕВА,
ходими пешбари илмии шуъбаи
гуногуннамудии рустаниҳо ва ҳайвонот,
М. ИСМОИЛОВ,
мудири озмоишгоҳи мевапарварии
Институти биологии Помир ба номи
академик Х. Юсуфбекови АМИТ,
номзади илмҳои кишоварзӣ
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)