ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

16 июл 2024, Сешанбе
6
0
160 000 СОМОНӢ 2 КОРМАНДИ СУДИ  ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО БА ТОЛОРИ СУД БУРД
Ду корманди суди вилояти Хатлон барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ) ба ҷавогарӣ кашида шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, М. Сироҷев, котиби маҷлиси судии суди вилояти Хатлон, ба қасди тасарруфи молу мулки ғайр, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ёрдамчии раиси ҳамин суд А. Асадуллозода аз шаҳрванд Х.Ю. бо баҳонаи аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудани бародараш, ки дар асоси ҳукми суд барои содир намудани ҷинояти вазнин аз озодӣ маҳрум гашта буд, ғайриқонунӣ 160 000 сомониро талаб карда гирифтанд.
Вобаста ба ин ҳолат алайҳи М. Сироҷев ва М. Асадуллозода парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст. 
 
 
СУДУ ЗИЁНИ ЯК МУОМИЛА ВА ОҒОЗИ ТАФТИШОТИ ОН  
Кормандони милитсия кирдори як сокини шаҳри Душанбе (марди 34-сола)-ро мавриди тафтишот қарор додаанд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, ин мард моҳи апрели соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба бовари марди 28-солаи сокини шаҳри Норак даромада, аз ӯ воситаи нақлиёти тамғаи "Тойота Кемри"-ро ба маблағи 117 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 2 шабонарӯз бар ивазаш дигар воситаи нақлиёт оварда медиҳад. Вале мошинро фурӯхта маблағи онро ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
 
 
ҒОРАТГАРӢ Ё ПАЙОМАДИ МУШТЗӮРӢ
Дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба ҷавони 21-солае ба гумони содир намудани ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, шахси гумонбар 30-юми июн дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳр ба ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дарафтода, бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ телефони мобилиашро ғорат намудааст. Арзиши телефони мобилӣ 1 ҳазору 700 сомонӣ арзёбӣ шуда, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив