ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҶУМҲУРИЯТ”. АЗ ХУДШИНОСӢ ТО ВАТАНСОЗӢ

“ҶУМҲУРИЯТ”. АЗ ХУДШИНОСӢ ТО ВАТАНСОЗӢ

16 июл 2024, Сешанбе
25
0
 
“Ҷумҳурият” ба камоли 100-солагӣ мерасад. Оре, аз вақти нашри нахустин шумораи “Иди тоҷик” (15-уми марти соли 1925) як аср пур шуд. Чӣ қадар роҳи дароз, мушкил ва пурифтихор! Кормандони имрӯзаи рӯзнома ҳақ доранд, фахр намоянд, ки “Ҷумҳурият” ҳамсоли Тоҷикистон аст.
Рӯзнома тули мавҷудият чанд маротиб бо тақозои замон ва сиёсати давр ном иваз кард. Дар ибтидо “Иди тоҷик”, “Бедории тоҷик” буд, баъдан “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони советӣ”-ю “Тоҷикистони шӯравӣ” шуд. Аз оғози соҳибистиқлолӣ шуҳрати худро бо унвони “Ҷумҳурият” боло бардошт. Газета дар ҳамаи давру замон, қатъи назар аз тағйири ном, чун ҳамдаму ҳамнафаси халқ рисолати худро содиқона ба ҷо овард. Бамаврид аст, ки ҳарфҳои устод Садриддин Айниро дар хусуси ин нашрия оварем: “Газетаи “Тоҷикистони сурх” модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист, ки имрӯз даҳҳо фарзандони баркамоли республикавӣ, вилоятӣ ва районӣ дорад”. 
Ҷашни асринаи “Ҷумҳурият” ҷашни арзандаи сарсупурдаҳои миллат, ба мисли қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода, аввалин муҳаррири газета Аббос Алиев, адибон, орифону равшанфикрони тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, Алӣ Исмоилзода, Саидбоғир Қосимов, Қосим Дайламӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ибод Файзулло, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Ғоиб Қаландаров, Шодӣ Саид, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшо, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов, Муҳаммад Ғоиб, хабарнигорону саҳифасозону мусаҳҳеҳон, ҷашни хонандагон, хулоса, ҷашни умум, ҷашни Тоҷикистон аст! 
Чеҳраи аксарияти номбурдаҳо барои инҷониб ошност, зеро беш аз панҷоҳ сол мешавад, ки бо ин ҷарида ҳамкорӣ дорам. Аз нависанда Мутеулло Наҷмиддинов, Наҷмиддин Азизов, Раҷаб Мардон, Мамадвафо Мамадризоев, Акбари Саттор, Мӯсо Мавлавӣ, Мақсуд Ҳусейнов,  Ҳабибулло Ёров ёдҳои хуб дорам. Воқеан, Ҳ.Ёров дар замонаш фелетоннависи машҳур буд.
Имрӯз “Ҷумҳурият” дар шаклу мазмуну муҳтаво, яъне пешниҳоди масъалаҳои мубрами рӯз, таъҷилияти инъикоси рӯйдоди ҷомеа, ҷолибияти матолиб мақоми худро дорад. Рӯзнома  набзи ҳаёти кишвар, корнамоиҳои фарзандони асили миллат, садоқату муҳаббати онҳоро ба Ватан акс намуда, ҳамарӯза аз ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезанад. Рӯзнома дар муҳтавои матолиб тағйироти ҷиддӣ ворид кард ва рӯзномаи рақами 1-и Тоҷикистон унвон гирифт. 
Ҳамчун хонандаи доимии “Ҷумҳурият” ба мушоҳида гирифтаам, ки газета ҳамарӯза бо навигарие рӯ менамояд. Чандин карат озмунҳои гуногунмавзуъро баргузор намуд ва матолиби беҳтарини донишмандон, олимон, нависандагону шоирон ва рӯзноманигоронро ба чоп дода, обрӯю эътиборашро дучанд боло бардошт. 
“Ҷумҳурият”, чи дар тарҳ ва чи дар пешниҳоди мавод, чеҳраи хоси худро дорад. “Рӯзгоре барои ибрат” солҳост, ки як гӯшаи рӯзномаро зеб дода, шахсиятҳои арзандаро ба хонанда ошно месозад. Бо қалами журналисти чирадаст Бузургмеҳри Баҳодур ҳаёти намояндагони миллатҳои ғайритоҷик – вассофони бузургиҳои тоҷикон, муаррифӣ мешавад. Магар ҳама медонист, ки Михаил Андреев “Тоҷикони водии Хуф”-ро таълиф додааст; Ричард Фрайи амрикоӣ, ки тахаллуси “Тоҷикдӯст”-ро гирифта буд, “Таърихи Табарӣ”-и Ҷарири Табариро тарҷума карда, дар Аврупо машҳур намудаву ҳангоми дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан (1991-1993), “Мероси Осиёи Марказӣ: аз замони бостон то истилои туркҳо”-ро офарид. 
Чанд гоҳ аст, ки дар “Ҷумҳурият” “Фонус – минбари андеша” рӯ задаасту диққатҷалбкунанда мебошад. Таҳти ин рубрика маводҳои муҳиму мубрам бо таҳлили амиқ дарҷ мешаванд. Гӯшаҳои “Тоҷикистон”-у “Ҷаҳон” хабарҳои зарурӣ пешкаш менамоянд. Услуби нигориши шореҳи масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Абдулқодири Раҳим бо насри шоиронааш лоиқи омӯзиш аст. “Ҷумҳурият”-ро хазинаи тиллоии таърихи Тоҷикистон бояд донист. Соҳибқаламонаш бойигарии газета мебошанд.
“Ҷумҳурият” табиату завқи хонандаи имрӯзаро медонад. Нашри доимии “Шоми шанбе” муҷиби ҳамин хулоса аст. Саҳифа баробари хабарҳои ҷолиби интернетӣ аз воқеоти рухдодаи фарҳангии кишвар, панду ҳикмату андарзро низ дар бар мегирад. 
Мо – рӯзноманигорони, ба қавле, таҷрибадор, аз “Ҷумҳурият” меомӯзем. Ин рӯзнома қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикиро бо масъулияти баланди ватандӯстӣ ва журналистӣ риоя мекунад. 
Рӯзнома сад сол пайваста ба халқи тоҷик софдилона хизмат карда, дар даврони навини кишвар дастовардҳои бурзурги онро назаррас ташвиқу тарғиб менамояд. Таҷрибаи ғункарда дилпурӣ медиҳад, ки рӯзнома рисолати худро садсолаҳои дигар идома бахшида, пойдории истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдату сулҳу озодӣ ва дигар арзишҳои миллии Тоҷикистони маҳбубро бошарафона инъикос мекунад.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон, рӯзноманигор
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив