АЛЕКСАНДР БОЛДИРЕВ. АЗ ТАСДИҚИ ИСТИЛОҲИ “ТОҶИКУ ПОРС” ТО ҶОИЗАИ РӮДАКӢ
Тоҷикон ва кишвари Тоҷикистон ранҷ ва талоши онҳоеро, ки дар тарғиби адабиёт ва фарҳанги он сомон додаанд, ҳамеша қадр кардааст. Аз ҷумла, хидматҳои адабиву илмии Александр Болдиревро дар ҷомеаҳои пажӯҳишиву фарҳангӣ нек медонанд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардондан бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2010», барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Александр Болдирев барандаи ин Ҷоиза гардид. Дар маросими тақдими ин мукофот, ки дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург соли 2010 баргузор шуд, Мария Болдирева, духтари пажӯҳишгари номвар, ба Ҳукумату мардуми тоҷик барои қадри ранҷҳои илмии падараш изҳори сипос кард.
РАВЗАНАИ ОШНОӢ
Александр Николаевич Болдирев 29-уми майи соли 1909 дар Санкт-Петербург чашм ба олами ҳастӣ кушод. Институти фалсафа, адабиёт ва санъати Санкт-Петербургро хатм намуд. Соли 1954 рисолаи докториро ҳимоя карда, соли 1959 унвони профессориро гирифт. Соли 1969 бо унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон ва соли 1973 бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника қадр гардид.
Солҳои мадид ходими илмии Базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои ИҶШС, шуъбаи шарқии Эрмитажи давлатӣ, Институти шарқшиносии Академияи фанҳои ИҶШС, устод ва мудири кафедраи филологияи эронии Донишгоҳи Санкт-Петербург буд.
Болдирев оид ба паҳлуҳои норӯшану мураккаби ҳаёту фаъолияти Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шервонӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ таҳқиқоти арзишманд анҷом дода, ҷойгоҳи онҳоро дар рушди адабиёти олам муайян сохтааст. Роҷеъ ба ҷараёни нақшбандия низ рисолаи илмӣ таълиф ва нашр кардааст.
Соли 1993 дар Санкт-Петербург чашм аз ҷаҳон мепӯшад.
БОЛДИРЕВ – ФОЛКЛОРШИНОС
Фаъолияти илмию эҷодии Александр Болдирев чун фолклоршинос оғоз ёфтааст. Дар Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ҳамроҳи Алӣ Хуш дар фароҳамсозии «Намунаҳои фолклори тоҷик» (1938) ширкат дошт. Аммо бо кадом сабаб бошад, баъд аз ба табъ расидани китоби мазкур номи Алӣ Хуш аз он гирифта мешавад.
Пас аз бозгашт ба Ленинград, ба омӯзиши осори шоирону адибони асрҳои миёнаи порсу тоҷик Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шервонӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Дарвеши Деҳакӣ, омӯзиши «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ машғул шуд.
Мавсуф, дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, матни интиқодии асари ӯ «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро дар Москва (1961) ва Теҳрон (1971-1972) дар ду ҷилд ба табъ расонд. Кори дигари Александр Болдирев чун матншинос ба чоп омода сохтани «Таърихи Бадахшон»-и Сангмуҳаммади Сурхафсар (1959) мебошад. Мавсуф дар бораи таърихи забони тоҷикӣ-порсӣ, ташаккул ва рушди он, дар бораи тарҷумаҳои порсии «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ, ҷараёни нақшбандия мақолаҳо иншо кард. «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдурраҳмони Ҷомиро ба забони русӣ тарҷума намуд, ки ҳанӯз ҳам сарчашмаи дасти аввал барои шарқшиносон дар шинохти ҷойгоҳи мусиқӣ дар Варорӯд аст.
Болдирев, ки аз нахустин муҳаққиқони «Гӯрғӯлӣ» аст, баъд аз пажӯҳиши пешакии достонҳои «Гӯрғӯлӣ» дар Осиёи Миёна ба хулосаи хеле муҳим омада буд: «Аз рӯйи адолат бояд зикр намоем, ки мустақилияти эпоси тоҷикӣ то дараҷае равшану возеҳ аст, ки анъанаҳои устувор ва бой дорад. Ва мансуб додани эпос ба ин ё халқи дигар дар ин ҷо зарурат надорад».
МУНОСИБАТ БО БУЗУРГОНИ ТОҶИК
Болдирев ба устод Садриддин Айнӣ эҳтироми вижа дошт. Аз сарчашмаҳои хаттии устод Айнӣ бармеояд, ки байни онҳо дар масъалаи сарнавишти адабиёти тоҷику порс ва ба кӣ тааллуқ доштани намояндагони он баҳсҳои тезутунд гузаштааст. Маҳз бо пофишории пайвастаи устод Садриддин Айнӣ ва далелу мадракҳои фаровон, Болдирев ва дигарон истилоҳи “тоҷику порс”-ро мепазиранд.
Бино ба таъкиди устод Айнӣ, Болдирев ва Брагинский дар оғози кор ба тақсимбандӣ яктарафа муносибат мекунанд ва “забони адабӣ доштани халқи тоҷикро дар гузаштаҳои дур” инкор кардан мехоҳанд.
Баъди иншои китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и аллома Айнӣ дар соли 1926 нахуст Брагинский истилоҳи “тоҷику порс”-ро истифода бурд. Баъдан, Бертелс китобе навишт бо номи “Таърихи дабиёти тоҷикӣ-порсӣ”.
Соли 1989 китоби пажӯҳишии Болдирев “Зайниддин Васифи. Таджикский писатель XVI века” дар Душанбе рӯнамоӣ гардид. Ин асар идомаи ҳамовозии ин олим бо устод Садриддин Айнӣ буд ва истифодаи ибораи “таджикский писатель” низ ҳамон паймони деринро тасдиқ кард.
Аз ин баҳсу баррасиҳо, ки дар китоби “Мактубҳо”-и Садриддин Айнӣ (Душанбе, 2024) сабт аст, ду чиз барои мо ошкор мешавад: нахуст, бузургвориву нақши калидӣ доштани устод Айнӣ дар таъини сарнавишти фарҳанги тоҷикон; дувум, ҷавонмардиву иқрори шарқшиносони бузурги рус дар баробари ҳақиқатҳои бузурги илмӣ.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”