«БОЗТОБИ РАНГҲОИ ЗИНДАГӢ»
Маҷмуи мақолаҳо барои он хизмат мекунанд, ки нависандаи алоҳида ё гурӯҳи адибону ҷараёнҳои мухталифи адабиро ба оммаи васеи хонандагон муаррифӣ намоянд. Маҷмуи мақолаҳои «Бозтоби рангҳои зиндагӣ» ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависандаи шинохтаи тоҷик Тоҳири Муҳаммадризо бахшида шуда, дар назди худ ҳамин мақсадро дорад.
Маводи маҷмуа тариқи маъмулӣ табақабандӣ нашудааст: мураттиб онҳоро ба таври хронологӣ – аз рӯйи санаи нашрашон ҷой кардааст. Нахустин шуда андешаҳои хешро роҷеъ ба осори адиб доктори илмҳои филология, профессор Асадулло Саъдуллоев соли 2000-ум баён доштааст. Маводи охири маҷмуа дар ҳамин рӯзҳо рӯйи коғаз омадааст. Мо тули ин муддат (аз соли 2000 то 2024) на танҳо шоҳиди андешаву афкори мухталиф оид ба рӯзгор ва осори як адиб, балки шоҳиди рушди ҳунари ӯ дар ин муддат низ мегардем.
Эҷодиёти Тоҳири Муҳаммадризо тавре ин оинаи барқади сухансанҷӣ нишон медиҳад, ки шоистаи таҳқиқи алоҳида аст. Чун ҳоло ба ин кори дар илми адабиётшиносии тоҷик муҳик касе даст назадааст, маҷмуа ин холигиро пур карда, барои тадқиқоти густурдаи минбаъда манбаи муҳиме фароҳам меорад. Дарвоқеъ, бе шиносоӣ бо нигоштаҳои пурмуҳтавои доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов таҳти унвони «Қадами устувор дар ҷодаи адабиёт», «Таронаи ишқ», «Сухани тозаи нависанда» ва адабиётшиноси маъруф Абдухолиқ Набавӣ «Наёмезад парӣ бо одамизод» наметавон ба қаламрави эҷоди муаллиф роҳ ёфт. Ҳамин гуна, нигоштаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода – Муҳтарам Ҳотам, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибҷон Бобоев, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ – Маҷид Салим, адибон Наҷмиддин Шоҳинбод ва Раҳматуллоҳи Раҳмон, драматург Ғаюр Ашуров, муҳаққиқон Ҷумъахон Темурзода, Давлатқадам Хушқадамов, Абдуламин Маҷнунов, Хушдил Раҳимҷон, Земфира Казакова, рӯзноманигорон Гулмуҳаммади Давлатёр ва Азизмурод Шарифов дар шинохти чеҳраи ҳунарӣ ва паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти нависанда Тоҳири Муҳаммадризо хизмати шоиста хоҳанд кард.
Баъзе нигоштаҳо асарҳои алоҳидаи қаламкашро мавриди таҳлил ва таҳқиққарор дода бошанд, баъзеи онҳо ба силсилаи асарҳои дар мавзуъҳои мухталиф бахшидаи адиб тахассус ёфтаанд.
Албатта, худи муаллифон низ даъво надоранд, ки тамоми паҳлуҳои эҷодиёти муаллифро мавриди омӯзиши амиққарор додаанд. Ин нигоштаҳо назари иҷборие ба осори адиб мебошанд, ки умед аст, дар оянда пурратар хоҳанд гашт. Ҳоло публитсистикаи адиб қариб, ки омӯхта нашудааст. Дар драматургияи Тоҳири Муҳаммадризо сенарияи ба филмҳо ва либреттои ба балет нигоштааш мавқеи муҳим доранд, ки онҳо низ бояд ба таври алоҳида баррасӣ шаванд. Ҳамаи ин моро бар он муътақид месозанд, ки минбаъд таваҷҷуҳ ба эҷодиёти Тоҳири Муҳаммадризо бештар гашта, худи муаллиф бо асарҳои хубу хонданӣ хотири моро шод хоҳад кард.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»