РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Аз қадим дар роҳи ободию пешрафти зиндагии одамон бинокорӣ мақому манзалати хос касб кардааст. Аммо барои бунёди ҳар иншоот қаблан интихоби дурусти макон ва таҳияи лоиҳа зарур меояд. Аз ин рӯ, гуфта метавон, ки лоиҳакашону меъморон сутуни соҳаи сохтмониро ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки ин соҳаи ниҳоят муҳими ҳаётро мутахассиси пуртаҷрибаву кордон лозим меояд. Мутахассисе, ки дар кори худ усто. Раҳматулло Саидов, муҳандис - заминшинос ва лоиҳакаши муваффақи кишвар аз зумраи чунин нафарони кордону соҳибмактаб ба ҳисоб меравад, ки кору пайкораш намунаи ибрат аст.
Ӯ дар оилаи коргар ба воя расида, дар руҳияи ободкориву созандагӣ камол ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи равияи математикӣ (мактаб-интернати №2-и шаҳри Душанбе) соли 1970 ба факултаи геологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1975 бо ихтисоси муҳандис - геолог хатм намуд. Аммо як сол қабл аз хатм соли 1974 ба Пажӯҳишгоҳи давлатии муҳандисию техникии Тоҷикистон (“ТоҷикГИИНТИЗ”) ҳамчун таҷрибаомӯз барои омодасозии кори дипломӣ фиристода шуд. Малакаю дониш ва ҷавони серталошу дар кори худ сарсупурдагии ӯро кормандону роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ мушоҳида намуда, ӯро барои кор дар ин даргоҳ даъват намуданд. Раҳматулло Саидов таҷрибаи кории худро аз соли 1975 дар Пажӯҳишгоҳи давлатии муҳандисию техникии Тоҷикистон оғоз намуда, қариб ним аср боз дар ин идораи пуршарафи лоиҳакашӣ дар вазифаҳои гуногун (техник - геолог, муҳандис - геолог, сардори гурӯҳи геологӣ, сармутахассиси шуъбаи геологӣ, сардори ин шуъба, сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳ ва директори ин корхона) фаъолият намудааст. Дар рафти иҷрои вазифавӣ, ҳар ҷое, ки масъул мешуд, он корро ҳамчун мутахассиси соҳа бо сари баланд иҷро менамуд ва то ҳол идома дода истодааст.
Аз рӯи уҳдадориҳои вазифавӣ Раҳматулло Саидов дар иншооти зиёди аҳамияти ҷумҳуриявидошта, назири Корхонаи алюминийи тоҷик, Комбинати химиявии Ёвон, Корхонаи нуриҳои химиявии Калининобод, НБО “Роғун”, Қасри миллат, бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ ва як қатор иншооти дигар иштирок намуда, ҳиссаи худро гузоштааст. Ӯ дар бахши заминшиносии иншооти ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон низ, иштирок намудааст. Ин заррае аз дастоварду хизматҳояш дар соҳаи сохтмону меъморист, ки мо ин ҷо иншо намудаем, зеро тули фаъолияти 50-солаи худ дар бунёди иншооти гуногун иштирок намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои соҳавӣ фаъолияти корию ҷамъиятии ӯро ба назар гирифта, ба ҷоизаву ифтихорномаҳо сарфароз намудаанд.
Айни замон Раҳматулло Саидов узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инчунин, фаъолияти кории худро дар Пажӯҳишгоҳи давлатии муҳандисию техникии Тоҷикистон давом дода, бо мутахассисони ҷавон ҳамчун устод барои сатҳи дониши тахассусии онҳоро баланд бардоштан хизмат намуда истодааст.
Ҷамшед АҲМАДЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон