ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САЙЁҲӢ

ВМКБ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САЙЁҲӢ

18 июл 2024, Панҷшанбе
20
0

Дар ҷаласаи Шурои сайёҳии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, ки бо иштироки сарпарасти соҳа,  муовини раиси вилоят Ҳабибуллоҳ Амирбекзода баргузор гардид, масъалаи рушди сайёҳӣ ва роҳҳои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз рӯйи дастовардҳои соҳа дар панҷ моҳи соли равон сардори шуъбаи рушди сайёҳии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Синбод Амонбеков гузориш дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ин соҳа дар вилоят чанд соли охир пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил шуда, инфрасохтори сайёҳӣ низ хеле пешрафт кард. Ширкатҳои сайёҳӣ созмон  ёфтанд, ки дар  афзоиши  шумораи сайёҳон ва беҳтар гардидани хизматрасонии соҳа мусоидат менамоянд. Аммо, дар баробари ин, зикр гардид, ки ҳанӯз барои рушди соҳа дар вилоят мушкилоту норасоиҳои зиёд ҷой доранд, ки ҷиҳати бартараф намудани  онҳо қувваи як шуъбаи сайёҳии вилоят нокифоя аст.

Бо пешниҳоди  муовини раиси вилоят Ҳ. Амирбекзода зимни муҳокимаи масъала перомуни он суҳбати озод ва табодули афкор сурат гирифт. Омодагии меҳмонхонаҳову ҳомстейҳои замонавӣ ба қабули меҳмонон, муносибату муошират бо онҳо, роҳбаладҳои забондону  таърихшинос, фаъолияти нақлиёти мусофиркаш, сатҳу сифати хизматрасонӣ, пешхизматҳои соҳибихтисос, таълифи китобчаи мавзеъҳои сайёҳӣ ба се забон ва ғайра аз қабили он масъалаҳое буданд, ки мавриди бархӯрди ҷиддӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки соҳибони меҳмонхонаву қаҳвахонаву тарабхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ бояд бо шуъбаи сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар ҳалли ин масъалаҳо ҳамкории мустаҳкам дошта бошанд. Муовини    раиси   вилоят изҳори нигаронӣ кард, ки аз роҳбарони 41 ширкати сайёҳии амалкунандаи вилоят дар ҷаласаи Шуро танҳо намояндагони 3 ширкат ҳузур доранд, ки ин аз муносибати хунукназарона ва бемасъулиятии онҳо дарак медиҳад.

Зимни табодули афкор маълум гардид, ки ҳанӯз омилҳои зиёде ҷой доранд, ки ба рушди соҳа монеа эҷод мекунанд. Масалан, сифати хизматрасонӣ на дар ҳамаи меҳмонхонаву ҳомстейҳо ҷавобгӯи талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Меҳмонхонаву ҳомстейҳо бояд, пеш аз ҳама, тозаву озода бошанд.  Дар онҳо ошпазҳое ба кор ҷалб гарданд, ки таоми дилхоҳ ва хуштаъми меҳмонро омода карда тавонанд. Чеҳраи пуртабассуму лутфи хуши пешхизматҳо зимни қабулу гусели меҳмонон шарти дигари хеле муҳим аст. Ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ бояд сертификатсия шаванд, яъне фаъолият бояд ба талаботи қонунҳои амалкунанда  ҷавобгӯй бошад.

– Фаъолияти мо дар пешбурди ин корҳо ҳанӯз суст аст, – зикр  кард муовини раиси вилоят, – масалан, баъзе меҳмонхона ё ҳомстейҳоро мебинӣ, ки ҳолати санитарӣ-гигиениашон ҷавобгӯйи одитарин талабот нест. Ё ронандаи таксие ҳангоми ба ҷойе бурдани сайёҳ бо телефон баланд суҳбат мекунад, ё бо  касе ҷанҷолу хархаша мебардорад, ки  ин ҳама боиси малоли хотири меҳмон мегардад.

Вале мушкилоти асосии соҳа, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст, ба муаррифии Бадахшон, чун як минтақаи  сайёҳии кишвар бо тамоми ҷойҳои ҷолиб, кӯлу кӯҳҳо, қалъаҳои аз замони пеш аз милод боқимонда, дигар ёдгориҳои таърихӣ,  обҳои шифобахшу  лозарҳои ҳазорсолааш алоқаманд аст. Сайёҳон дар бораи Бадахшон хеле кам маълумот доранд, вагарна пойи онҳо аз вилоят чор фасли сол канда намешавад. Мо вилояти худ, мавзеъҳои сайёҳии онро муаррифӣ карда наметавонем, китобчаи дорои сифати баланд дар ин бора бо 3 забон бояд таълифу таҳия гардад, ки ҷаҳонгардон аз он оид ба ҳар як мавзеи тамошобоб иттилои лозима дарёфт намуда тавонанд. Дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, барномаҳои телевизионӣ дар ин самт баъзан маводҳои гуногун нашр мешаванд, вале ин кифоя нест. Бояд рубрикаи “Тоҷикистон – ватани сайёҳӣ” дар ҳар шумораи рӯзномаву маҷалла ва барномаҳои ҳаррӯзаи телевизиону радио, дигар васоити ахбори омма ҷойи доимӣ  дошта бошад.

Камбудии дигар ин аст, ки на ҳамаи ширкатҳои сайёҳии мо аз қайди андоз гузаштаанд. Вале ин  ҳатмист, зеро бе ин кори ширкат пеш намеравад. Масалан, айни ҳол беш аз 50 меҳмонхона аз рӯйхати андоз берун мондааст. Таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо низ ба фаъолияти меҳмонхонаву ҳомстейҳо кам аст, раисони ноҳияҳо аниқ намедонанд, ки дар ноҳия чанд ҳомстей  фаъолият дорад.

Муовини раиси вилоят таъкид намуд, ки вақте  барномаеро дар самти рушди сайёҳӣ татбиқ карданӣ мешавем, бояд як миқдор маблағи заруриро  дар ихтиёр дошта бошем, агар 30 дарсади маблағ аз соҳибкор бошад, 70 дарсадашро шарикони рушд мепардозанд. Лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳам камбудии зиёд дорем. 

Як роҳбари ширкати сайёҳӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе ширкатҳои сайёҳӣ аз расман  номнавис шудан худдорӣ мекунанд. Зеро барои аз қайди расмӣ гузаштан талабот зиёд аст. Масалан, пештар  тарзи кор содатар буд, меҳмонро қабул мекарданд, хизматашро ба ҷо меоварданд ва бо ӯ ҳисобӣ менамуданд. Ҳоло номгӯйи ҳуҷҷатҳое гирифтаем, ки хеле бисёранд ва буданашон ҳатмист, аммо соҳибкор наметавонад ҳамаи онҳоро дастрас намояд. Ин аст, ки баъзе соҳибкорон аз ин коғазбозӣ хаста шуда, ба фаъолияти худ хотима доданд. Барои ҳамин, агар ин тартиби кор содатар шавад, соҳибкорон ҳам фаъолияташонро густариш медиҳанд.

Дарвоқеъ, бартараф намудани ин норасоиҳо ва мушкилот ба рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, дар ин росто, ҳамкории тамоми сохторҳои дахлдори давлатӣ ва соҳибкории сайёҳиро тақвияти ҷиддӣ бахшидан лозим аст. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив