КОНСТИТУТСИЯ ВА САРНАВИШТИ ТАЪРИХИ НАВИН
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти душвори сиёсии солҳои навадуми қарни гузашта иттифоқ афтод, воқеаи нодиру фараҳбахши сиёсӣ маҳсуб ёфта, барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо гузошт.
Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи эълон ва тақвияти соҳибистиқлолии давлати нави тоҷикон рост омад. Ин марҳила қабули чунин Конститутсияро тақозо мекард, ки тавонад музаффариятҳои истиқлоли давлатиро ҳимоя намуда, заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муарифӣ намояд.
Пас аз қабули Конститусия дар кишвар дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул гардида, такмил дода шуданд.
Дар Конститутсия дарҷ ёфтааст, ки давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Дар бораи ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳо сухан гуфта, бояд як чизро таъкид сохт. Шаҳрвандон набояд ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсия пешбинишударо ҳамчун як меъёри беандозаву бесарҳад қабул кунанд. Ҳар як озодӣ ҳадду ҳудуд ва меъёри худро дорад ва ин ҳад тибқи Конститутсия бо роҳи ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда маҳдуд карда мешавад.
Зулму истибдод ва беҳуқуқии бардавоми асрҳои миёна ва қадим дар кишварҳои шарқӣ, руҳияи камфаъолиятӣ, осебпазирӣ ва муросокории шаҳрвандонро ба беадолатию поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои онҳо оварда расонд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хеш мардум хеле кам талош менамуданд. Дар чунин шароит, бештар дастгоҳ ё механизми худфаъоле мувофиқ меояд, ки вайронкуниҳои қонун ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ташаббускорона ошкор ва бартараф карда шавад.
Прокуратураи марказонидашуда ва бисёрсоҳа, ки вазифаи он, қабл аз ҳама, назорати иҷрои қонунҳо мебошад, маҳз ба сифати чунин дастгоҳ рӯйи кор омада, то имрӯз фаъолият мекунад. Дар ҳамин радиф ба зиммаи мақомоти прокуратура, ки дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, дар сатҳи Конститутсияи кишвар вазифаи муҳим – назорати дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон вогузор карда шудааст, ки он, пеш аз ҳама, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо равона гардидааст. Бобати ҳифзи арзишҳои Конститутсия ва таъмини иҷрои меъёрҳои қонунгузории амалкунанда мақомоти прокуратура бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз дар ҳамкории бевосита қарор дошта, баҳри пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, доимо чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати ин Конститутсия симои ҷадиди таърихии худро кашф намуда, роҳи бебозгашти ояндаи дурахшони хешро муайян намуд. Дар Конститутсияи амалкунандаи кишвар диалектикаи замон, раванди демократия ва ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар солҳои баъдӣ таҷассум ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намуданд, ки ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои дастурҳои додашуда барои соли 2024, ки 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, Пешвои миллат таъкид намуданд: “амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Қурбонзода Тиллохони ҲАБИБУЛЛО,
прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1
Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136