ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСКАНДАРКӮЛ. АФСОНАЕ, КИ ҲАҚИҚАТ ДОРАД

ИСКАНДАРКӮЛ. АФСОНАЕ, КИ ҲАҚИҚАТ ДОРАД

18 июл 2024, Панҷшанбе
41
0

Кӯли Искандар (Искандаркӯл) аз ҷумлаи мавзеъҳои хеле зебову ҷолиби кишвар маҳсуб меёбад ва дар ин рӯзҳои тобистон хеле серодам асту ишон аз  манзараҳои афсонавӣ ва нотакрори он баҳраманд мешаванд. Таассуроти  мардуми маҳалливу хориҷиён аз дидани ин мавзеъ  рангину хотирмон аст. Воқеан ҳам,  ҳар нафаре, ки  боре  ин ҷо ояд, талош мекунад, ки бо дарёфти нахустин фурсате  бозгардад. Гӯиё оҳанрабост, Искандаркӯл!

Искандаркӯл дар баландии 2 ҳазору 195 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифта, масоҳаташ 3,4 километри мураббаъ мебошад. Ин кӯл дар кӯҳҳои Фони вилояти Суғд (ноҳияи Айнӣ) воқест. Искандаркӯл шакли секунҷа дошта, чуқурии  он то ба 70 метр мерасад. Аз Хуҷанд то Искандаркӯл 219 километр ва аз Душанбе 134 километрро ташкил медиҳад.

 Солҳои 80-уми асри гузашта мо – донишҷӯён, бо шунидани тавсифи манзараҳои нотакрору ҷолиб ва афсонавии ин кунҷи зебои диёр ба ин ҷо омада, бо таассуроти хеле рангин баргаштем. Аммо бо паси сар шудани чанд даҳсола ин дафъа тасмими сафари  мо ба Искандаркӯл  аз лиҳози чанд нигоҳу чанд самт буд.

Аввалан, саёҳат кардан ба як гӯшаи сарсабзи диёр ва дидану таассурот бардоштан ҳамчун як шаҳрванд, дуввум, бо тақозои вазифа (рӯзноманигорӣ) огоҳ шудан, ки то чи андоза ин мавзеи дилфиреби Ватан, муаррификунандаи мамлакат сайёҳонро аз ҳар гӯшаву канори сайёра пазироӣ мекунаду аз ҷониби мизбонон, масъулон барояшон чи шароите барои онҳо муҳайё шудааст.

..Мо се тан собиқадорони меҳнат, ҳамсабақон дар самти маорифу матбуот ва корманди давлатӣ ба муносибати 40-солагии хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фурсати муносиб  тасмим гирифтем, ки пеш аз мулоқоти ҳамсабақон дар пойтхати Ватанамон,  нахуст ба Искандаркӯл равем. Аз деҳаи  Ҳайронбеди ноҳияи Айнӣ, ки маҳалли мувақатии зисти мо – хонаи ҳамсабақАзизқул Маликов –  то Искандаркӯл, тахминан, 13-14 километр роҳро ташкил мекардааст.

Субҳ, ки нав медамиду Офтоб ҳоло нурҳои худро он қадар арзонӣ надошт ба роҳ баромадем. Табиати диёр дар ин лаҳзаҳо хеле ҷолибу дилработар, фараҳбахш ба чашм мерасид. Парандаҳои гуногун бо лаҳну оҳанги рангоранг садо мекарданду месароиданд ва бо дидани одамон садои худро баландтар карда, гӯиё табиатро бо тавсиф ба мо муаррифӣ доштанд. Манзараҳои  нотакрору афсонавиро Фондарё бо оби тезраву шӯху равонаш боз ҳам шукӯҳу шаҳомат мебахшид...

Самари соҳибистиқлолист, ки  ду канори дарё  ҷои як замон манзилҳои лоину сангини сокинонашро  биноҳои куллан замонавии ҷавобгӯй ба талаботи давру бо сохти  аврпуоиву ороиши шарқӣ зеб мебахшиданд  ва  ин раванд, яъне сохтмони онҳо, имрӯзҳо боз ҳам авҷ гирифтааст. Роҳҳои мошингард васеъ, сарфи назар аз он ки солҳои қаблӣ мумфарш шудаанд қобили қабул аст. Дар ҳар сония даҳҳо, садҳо мошинҳои гуногунтамға пур аз  мусофир дар ҳаракат аст. Аммо боиси нигаронист, ки давоми ҳаракати мо дар масофаи 12-14 километр аз деҳаи Ҳайронбеди ноҳияи Айнӣ то ба Искандаркӯл ба ягон навиштаҷот, ки самти кӯлро нишон дода бошад, дучор намеоед. Масъулон бояд инро ҳатман ба назар гиранд!  

То расидан ба мавзеи Искандаркӯл аз манзараҳои зебову дилрабои диёр баҳраманд мешудем ва воқеан ҳам боиси ифтихор ҳам буд, ки чунин  макони биҳиштосо Ватани мост. Ҳар қадар, ки ба Искандаркӯл наздик мешудем аз  ҳавои софу беғубор нафаси тоза гирифта, бо руҳияи болида суръати қадамзаниро меафзудем. Насими дарё  ба машом бӯи муаттари гиёҳу рустаниҳои гуворои гирду атрофро  расонда, моро боз ҳам осоиш мебахшид.  Ҷалолиддину Мирзо садо карданд, ки:  Ана омадем бубинед  оби сабзи кӯл падидор  мешавад.  Гирду атрофи мавзеи Искандаркӯл  боз дигар тасвир,  басо ҷолибу афсонавиро тақозо мекунад. 

Бешубҳа, ин мавзеъ дар ҷои зебо ҷой дошта, бо оби кӯли кабкабуди нуқрагину манзараҳои афсонавӣ ҳар  нафари омадаро ба худ ҷалбу моил месозад. Хонаҳо (коттеҷ)-и зист бо тамоми шароит, фароғатгоҳ, нуқтаҳои қабули ғизо ва ҷои оббозӣ барои наврасону калонсолон  муҳайё шудаасту ҳар лаҳза меҳмонони дигар ҳозир мешаванд.

Абдулҳаким  Забардастов, корманди масъули ҶДММ “Зумрад”, иброз медорад:

– Ҳадафи асосии мо ҳарчи зиёдтар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва бо ин васила муаррифӣ кардани як гӯшаи чаманистони Ватан  аст. Дар ин замина, роҳбарияти ширкат саъю кӯшиш дорад, ки  ҳамаи шароитҳои хубу муосир ва ба талаботи рӯзро муҳайё карда бошад.  Айни ҳол  30 хона (коттеҷ)-ҳо  сайёҳонро қабул карда метавонад. Тасмим дорем, вақтҳои наздик   ҳавзи шиноварӣ, маркази  хизматрасонии компютерӣ,  маркази бозиҳои шавқовар барои кӯдакону наврасон ва саҳнаи барномаҳои фарҳангӣ бунёд намоем....

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 18.07.2024 №: 136
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив