ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Расулзода А.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Расулзода Абдуалим Нурулло сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2024, № 843
Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
