ВМКБ. РУШДИ НАЗАРРАСИ ВИЛОЯТ АЗ БАРАКАТИ ОСОИШТАГИСТ
Бо иштироки котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли равон ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини раиси вилоят Мӯсо Мирзозода зимни гузориш зикр кард, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ тайи ин давра ба беш аз 829 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати рушд 108 дарсадро ташкил дод. Нақшаи даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 104,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 116,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 5,4 миллион сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати беҳтар намудани фазои қарздиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии минтақа пайваста чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар натиҷа, маблағгузории қарзӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қариб 141 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 32 дарсад афзудааст.
Сипас, раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва Насрулло Маҳмудзода вобаста ба ҷамъоварии андоз, дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи оморӣ, бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ба кор андохтани корхонаҳои нави саноатӣ, пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, сари вақт ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла таъмиру азнавсозии иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба зимистонгузаронӣ, дуруст ба роҳ мондани омори сайёҳӣ, таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Раиси вилоят нишондиҳандаҳои шаш моҳи соли равонро мусбат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин ҳама бунёдкориҳо маҳз ба туфайли ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, таъмини волоияти қонуну суботи ҷомеа ба даст омаданд. Дар ин муддат зиёда аз 70 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар доираи нақша – чорабиниҳо ба муносибати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои 2022 – 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат дар ҳудуди вилоят ба истиснои иншооти стратегӣ, зиёда аз 100 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони беш аз 200 иншооти дигар то охири сол анҷом меёбад.
Корҳои созандагӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма, аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули калони нақлиётгузар дар шаҳри Хоруғ ва НБО “Себзор” бомаром идома доранд, ки харҷи онҳо то ин давра ба 1,2 миллиард сомонӣ расид. Дар маҷмуъ, ба иқтисодиёти вилоят аз ҳамаи манбаъҳо 3 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар фарҷом Алишер Мирзонабот роҷеъ ба таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, сари вақт аз таъмир баровардани каналу ҷӯйборҳо, дастгирии молиявии деҳқонон ва ворид сохтани техникаву таҷҳизоти замонавӣ ба соҳа, сохтмони ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон, зиёд кардани саршумори қутос ва оилаҳои занбӯри асал дар манотиқи гуногуни вилоят, бунёди гармхонаю коргоҳҳои коркарди ашёи хом ибрози назар намуд. Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки замин, ҷамъовариву коркарди мева, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, ҷобаҷогузории кадрҳои педагогӣ, таъмини иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, интихоби касб, ташкили ҳарчи бештари чорабиниҳои маърифатию эҷодӣ ва мусобиқаҳои варзишию ҳарбӣ – ватандӯстӣ дастурҳои иловагӣ дод.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”