ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ОГОҲИИ БЕШТАРИ МАРДУМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. ОГОҲИИ БЕШТАРИ МАРДУМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

22 июл 2024, Душанбе
18
0

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар суҳбату вохӯриҳо баргузор гашта истодаанд. Ҳадафи асосӣ аз баргузории онҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум мебошад.

Дар ин радиф, ноҳияи Нуробод низ, ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ дар мавзуи "Конститутсия – омили  истеҳкомбахши маърифати ҳуқуқӣ"  бо иштироки Нурулло Оқилзода – мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Рӯдобаи Мукаррам – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хайриддин Усмонзода – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдуқодирзода – раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳия мавзуи вохӯриро ба ҳозирон шарҳ дода гуфт: «Баргузории ин гуна чорабиниҳо бахшида ба истиқболи Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ амри зарурӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт». 

Нурулло Оқилзода, аз дастовардҳое,  ки кишвари мо ба шарофати қабули Конститутсия ба онҳо ноил шудааст, ёдоварӣ кард. Таъкид гардид, ки қабули аввалин Конститутсияи кишвар бо забони тоҷикӣ худ муваффақияти бузург мебошад. Бо қабули ин санади сарнавиштсоз мо Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ сохтем. Ин интихоби таърихсози халқ минбаъд ба рушди низоми давлатдорӣ, аз ҷумла татбиқи амалии қарорҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва боз гардидани роҳи рушду пешрафти кишвар асоси воқеӣ гузошт. Натиҷаи ҳамин интихоби халқ ва хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон яке аз кишварҳои таъсиргузор ва ташаббускори иқдомҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ мешиносанд. Ҳамчунин, Рӯдобаи Мукаррам ва Хайриддин Усмонзода иброз намуданд, ки ҷавҳари аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои волои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, баробарӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати комили халқ ташкил медиҳанд. Конститутсия сарчашма ва кафили бақои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо ҳар яки мо бояд бо дарки эҳсоси баланди масъулият бо огоҳӣ аз донишҳои замонавӣ дар самти тақвияти шуури ҳуқуқии сокинон талошҳои бедареғ варзем. 

Саидмукаррам Абдуқодирзода, зикр кард, ки: «Саодати аслии ҳар қавму миллат дар сарҷамъиву иттиҳод, ваҳдат ва ҳамдилии халқ аст. Шахсе, ки ба қонун, арзишҳои ахлоқиву имонӣ ва суннату одати неки гузаштагони хеш пойбанд аст ва руҳу равон, андеша ва гуфтору рафтори худро бо зевари ақл меорояд, яқинан ба саодат хоҳад расид». 

Дар вохӯрӣ аз нуктаҳои асосии мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ёдрас шуда, масъалаҳои пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, танзими анъана, ҷашну маросим, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои амсоли инро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив