ИСТИҚЛОЛ НЕЪМАТИ БЕБАҲОЕ, КИ МОРО БА ҚАЛАМРАВИ САОДАТ РАСОНД
Саҳифаҳои таърих собит менамоянд, ки тоҷикон қадимтарин, бофарҳангу боасолаттарин сокинони Осиёи Марказӣ буда, решаи тақдири онҳо аз пасту баландиҳо ва нобаробариҳои таърихӣ канда нашудааст. Барои эҳёи давлатдории навини тоҷикон ҳанӯз аз охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX фарзандони шуҷоъ ва сарсупурдаи миллати тоҷик, чун абарустод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум ва дигарон талош ва ҷоннисориҳо карда буданд.
Дар замони кунунӣ, ки бархурди абарқудратҳо торафт авҷ гирифтаву вазъи сайёра бадтар мегардад, барои ҳифзу пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ зарур аст, ки мо моҳияти арзишҳои миллиро пеш аз ҳар вақти дигар дарк созем. Ба аслҳои бунёдии низоми демократӣ, тарзу усули зиндагӣ ва талаботи ҷомеаи адолатпарвар, ки мо тоҷикон бунёди онро марому мақсади хеш қарор додаем, ҷавобгӯ бошем. Ҳамчунин, бояд ҳар як шаҳрванд муносибати худро ба ташаккули ҷомеаи пешрафта чун мавқеи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ донаду масъулияти худро шиносад. Оинаи таърих нишон медиҳад, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғиб, ташвиқ ва паҳн намуда, бо намояндагони дигар миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати нек дошта, ба арзишҳои дигар ақвоми олам хушбину хушназар буданд.
Ин гуфтору маънӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо «Авасто» ки то ҳол назираш нест, ба таври зайл омадааст: «Мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бикашад. Бишавад, ки мо бо ҳамаи ростону дурустон, ки дар саросари кишварҳо ҳастанд, ҳамкору анбоз бошем ва ба якдигар муҳаббату ёрӣ намоем». Ҳамчунин, бузургону орифони фарҳанги миллии мо дар осори хеш аз таҳаммулпазириву одамгарӣ, дӯстиву ягонагӣ таъкидҳо намудаанд. Дар ин робита метавон Ҷалолиддин Балхиро мисол овард, ки яке аз поягузорони мактаби фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ мебошад, худро на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, балки як инсони ҳамаро фарогир ҳисобидааст, ки ин баландтарин ифодаи башардӯстӣ, омили рафъсозандаи низоъҳои минтақавӣ, қавмӣ ва фарҳангиву динӣ мебошад. Афкору андешаи Мавлонои бузург, ки бештар ҳамдилиро аз ҳамзабони беҳтар медонад, собит месозад, ки ҷавҳари миллати тоҷик аз азал бо таҳаммулгароӣ сиришта шудааст ва тоҷикон бо қавму миллатҳои дигар ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ҳамраъйиву дӯстӣ зиндагӣ доштаанд. Шоирони баркамол бо синаҳои шеърбору каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллатамонро васф намуда, ба руҳияи мардум ҳусни тозае зам менамуданд. Аммо насле, ки даврони шуравиро пушти сар кардааст, бо шунидани калимаи сулҳ ба ёди шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода меафтад. Баъд аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, вақте мардуми азияткашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмуҳтавои Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва тапиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст.
Насли имрӯз набояд фаромӯш кунад, ки дар давраи кунунии ҷаҳонишавӣ раванди муқобилгузории тамаддунҳо, тавсеи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои мутаассибу тундгаро метавонанд, барои ҷомеаҳои озоду ваҳдатшиор хатарзо бошанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо – соҳибватанонро зарур аст, ки ба хотири ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодиамон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бояд ба хубӣ донем, ки болотар аз ваҳдату ягдигарфаҳмӣ ва соҳибихтиёрӣ арзиши дигаре нест, ки пешрафти ҷомеаи моро таъмин созад. Осоишта ва обод зиндагӣ кардан бузургтарин ҳаққи мардуми мост ва набояд коре кунем, ки ин ҳақро аз мо бигиранд.
Хушрӯзи ҶАМОЛЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров