ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУНАРМАНДЕ, КИ ДАР НАҚШҲОИ ЛАҲЗАИНА ҲАМ ҶИЛОИ ҲУНАРАШ НАМОЁН АСТ

ҲУНАРМАНДЕ, КИ ДАР НАҚШҲОИ ЛАҲЗАИНА ҲАМ ҶИЛОИ ҲУНАРАШ НАМОЁН АСТ

22 июл 2024, Душанбе
60
0

 Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода дар саҳнаи театру кино зиёда аз 80 нақши асосию лаҳзавиро офарида, аз ҷониби тамошогарону мутахассисони соҳа эътироф шудааст. Б. Ғуломҳайдарзода пас аз хатми шуъбаи актёрии факултети санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Тарас Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) ба дастаи ҳунарии Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкини  шаҳри Хуҷанд шомил гардид. Аз соли 1975 то соли 1978 дар саҳнаи ҳамин театр чандин нақши хотирмон офарид. Миёни онҳо нақшҳои Шоҳзода аз эпоси машҳури мардуми ҳинд «Рамаяна», хизматгор аз намоиши «Соҳибаи меҳмонхона»-и Карло Галдони, Аловуддин аз «Камоли Хуҷандӣ» то ҳоло дар ёди тамошогарони насли калонсол нақш бастаанд. 

Он замон ба дастаи машҳури театрии пойтахт – Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диққати махсус медоданд. Ҳар замон ҳайати эҷодии он аз ҳисоби ҳунармандони соҳибистеъдоди театрҳои музофотӣ пурра мешуд. Мусаллам аст, ки ҷавони хушқаду қомат ва, аз ҳама муҳимаш, дорои нутқи шевову равоне мисли Бурхвалӣ аз мадди назари мутахассисони пойтахт дур намонд. 

Асарҳои Шекспир дар ҳама давру замон ченакҳое мебошанд, ки дар театр бо онҳо вазъи эҷодӣ ва, аз ҳама муҳимаш, ҳунарии даста санҷида мешавад. Театри Лоҳутӣ дар заминаи асарҳои ин драматурги машҳури ҷаҳонӣ зина ба зина маҳорат ва малакаи ҳунарии хешро боло бурдааст. Чун замони ба ин даста шомил шудани Ғуломҳайдарзода замони пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ тавъам бо сафарҳои ҳамарӯза буд, ба ӯ низ зуд дар ин коргоҳи азим ҷой ва вазифаи мушаххас пайдо шуд. Ӯ, нахуст ба сифати дублёри ҳунарпешаҳои соҳибтаҷриба ба намоишҳо ворид шудан гирифт. Дар як муддати муайян Бурхвалӣ дар қатори абарситораҳои театрӣ дар нақшҳои Марсел (аз намоиши «Ҳамлет), Меркутсио («Ромео ва Ҷулйетта»), Куран («Шоҳ Лир»)-и Уилям Шекспир дар таҳияи шоҳсутунҳои режиссураи миллӣ ҳунарнамоӣ мекард. Аз дублёр зуд ба бозигари асосӣ табдил ёфтан гирифт, зеро актёрони бо ӯ ҳамбоз бо сабаби серкорӣ ва банд шуданашон дар намоишҳои дигар аз ин нақшҳо даст мекашиданд. Номаш дар тақризҳои ба намоишҳои таҳиянамудаи театр навишташуда баромадан гирифт. Ҳоло дар аксари онҳо аз ҳунарманди ҷавон ё танҳо ёд мекарданд, ё ба кораш чанд эрод мегирифтанд. Вале ин ҳунарпешаи ҷавонро дилшикаста накард, зеро ӯ аз дигарон омӯхтанро дар ин давраи эҷодиаш мақсади асосӣ муайян сохта буд. Аз ҷониби дигар, ҳамбозҳояш, ки дар ин кор таҷрибаи зиёд доштанд, ба Бурхвалӣ барои ворид шудан ба олами қаҳрамон, ёфтани ҷузъиёти ҷолиби табиати хислати он, ба ҳам пайвастани ҷузъиёти нақш ва, билохира офаридани образи мукаммали саҳнавӣ, ёрӣ мерасонданд…

Ҳар коргардон бо ҳунарпешаҳо ба таври ба худ хос муносибат менамояд. Дар ин миён Б. Ғуломҳайдарзода бо беҳтарин коргардонҳо кор карда, ҳунарашро сайқал дод, дар саҳна бо дарду ғам ва шодии қаҳрамононаш зистанро ёд гирифт, услубҳои гуногуни бозигариро ташхис кард. Яке аз ин мактабҳои муҳими ҳунариаш ҳамкорӣ бо Ҳунарпешаи халқи Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ – Хушназар Майбалиев гардид. Асари «Ибтидо»-и драматурги тоҷик Ато Ҳамдам, ки Хушназар Майбалиев онро ҷуръат карда ба саҳна гузошт, дар оғоз баҳсу мубоҳисаҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин намоиш Бурхвалӣ нақши Аҳмад, бародари хурдии қаҳрамони асосӣ – Сафарро офарид. Аҳмад антиподи Сафар аст. Ӯ аз душвориҳо гурехта, роҳи осони зиндагиро мекобад. Дар ин маврид модараш низ мисли Сафар азият мекашад. Дар натиҷа, ба онҳо муяссар мегардад, ки Аҳмадро аз роҳи бад баргардонанд. Ана ҳамин тавр раванди дуру дарози андешаҳои худ ва муносибаташро ба зиндагӣ ва муқаддасоти инсонӣ дигар намудани Аҳмад дар иҷрои Ғуломҳайдарзода хеле табиӣ ва боварибахш офарида шуд.

Баъдан, нақшҳои зиёди дигареро рӯи саҳна овард, ки ҳам дар ҳолномаи худи ҳунарпеша ва ҳам таърихи Театри ба номи Лоҳутӣ нақши муҳим доранд. Дар ин раванд, рӯй овардан ба асарҳои дар асоси адабиёти шифоҳӣ – фолклор офаридашуда аҳамияти махсус доранд. Бархӯрдҳои шадид ва ривоҷёбанда асоси асари «Кафшҳои Абулқосим»-и  Нур Табаров ва Тӯрахон Аҳамадхоновро ташкил медиҳанд. Муаллифон бо танзи ба худ хос ҷаҳони муфтхӯронро тасвир намуда, дар муқобилати шадидашон бо мардуми одӣ ва хайрхоҳ ҷиҳатҳои манфури Абулқосим ва ӯ баринҳоро бо олами поку беолоиши мардуми меҳнаткаши ҳалолкор нишон медиҳанд. Дар намоиши Театри Лоҳутӣ пешорӯи Абулқосим хатти пайи ҳам моҳирона чидани муаммоҳо аз ҷониби Усмон равшантар нишон дода шуда, маълум мегардад, ки бо «шарофати» ин мӯзадӯз тақдири муфтхӯр дигар мешавад. Усмон ба ин сабаб ҳам дорад. Ӯ хуб дарк кардаст, ки писари якка ва ягонаи ин савдогар – Нуралӣ ба духтараш – Садбарг дил бохтааст, вале Абулқосими хасис аз хароҷоти тӯй тарсида, бо ҳар баҳона садди роҳи муҳаббат ва хушбахтии фарзандаш мегардад. Нақши Нуралиро Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода иҷро кард. Дар баробари ҷавонӣ ва зебоӣ, ӯ ба образи саҳнавиаш самимият ва меҳру муҳаббати хосеро ворид кард, ки дар қалби тамошогарон ҳамзистии аҷиберо ба вуҷуд меорад.

Баъдан, ӯро барои иҷрои нақши Маъмур дар намоиши «Исёни арӯсон», аз рӯйи асари ҳамноми Саид Аҳмад, таъин намуданд. Аз иҷрои ин нақш, ки тамоми воқеаҳои асар дар гирди вай мегузаранду ба қавле коргардони онҳо мешавад,  Бурхвалӣ хеле хуб баромад. 

Оҳиста – оҳиста Бурхвалиро ба синамо низ барои нақш офаридан даъват мекардагӣ шуданд. Коргардони машҳури синамо Бақо Содиқов дар мавриди ҳунари Бурхвалӣ  Ғуломҳайдарзода гуфтааст: «Ӯ ҳунармандест, ки  дар нақшҳои лаҳзаина ва дувумдараҷа низ ҷилои ҳунарашро дурахшон нишон дода метавонад». Ба ин гуфтаҳои коргардон нақшҳои Мурод (аз филми «Марди роҳ»), Оҳангсоз («Ҷосус»), Аббос («Ал-Бухорӣ), Ҳофиз («Марги бегуноҳ»), Бобокалонов («Хонаи меҳр») ва Соҳиб («Овораи ишқ»)-и дар синамо офаридааш мисол шуда метавонанд. 

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 22.07.2024 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив