ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАШҲУРТАРИН ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОН

МАШҲУРТАРИН ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОН

23 июл 2024, Сешанбе
75
0

ЯК САҲИФА АЗ КОРНОМАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Инак, дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорему пеши назар, пеш аз ҳама, хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меояд, ки барои пойдориву устувории сулҳу субот басо талошҳо карданд. Барои огоҳӣ пайдо намудан бо вазъи он солҳо, як назар ба саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» кофист, то таърихи зиндаро бо чашми сар бубинем. Махсусан, дар он рӯзгори ноором барои ба Ватан – ба хонаи худашон баргардондани гурезагон чӣ монеаҳоро гузаштани Сарвари давлат ҳеҷ фарди бедордилро бетафовут намегузорад.

ВАҚТЕ НАНГУ НОМУС БОЛО МЕГИРАД…

Дар рӯзнома рафти сафари таърихии Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки 28-уми августи соли 1993 ба вуқуъ пайваста буд, пурра инъикос гардидааст. Тибқи гузориши мухбири Муассисаи иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Насриддин Зайниддинов, дар меҳвари ин сафар ду масъалаи асосӣ: ба Ватан баргардондани гурезаҳои тоҷики муқими Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатӣ меистод. 

Ба Афғонистон рафтани Сарвари давлат дар он рӯзгори пуртазод маъниҳои зиёде дошт: аввалан масъалаи нангу номус буд. Тоҷикистон бояд шаҳрвандонашро соҳибӣ мекард ва намегузошт, то як умр муқими хоки бегона бошанд, дувум, ин сафар бозгӯи он буд, ки дар кишвар кунун осоишу амонист ва ҳеҷ хатаре фирориёнро таҳдид намекунад. Дар суҳбат бо Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар шудани Ҷаноби Олӣ аз эълони авфи умумии гурезагон, имтиёзу ёрдампулӣ, дастгирии моддиву маънавии онҳо далели он буд, ки бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, дар Тоҷикистон барои зиндагии беҳтари ҳар як шаҳрванд кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Гузашта аз ин, ба Ватан баргардондани афсарону аскарони дар Афғонистон гаравгонбудаи тоҷик низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намемонад ва ба ҳамтои афғонистонии худ иброз медоранд: «Ҳайати давлатии мо хоҳишу илтимос менамояд, ки шумо ҷаноби президент дар кори озод намудани онҳо чора андешед». 

Муаллиф симои Бурҳониддин Раббониро ҳамчун хостори суботу осоиш дар Тоҷикистон ҷилва медиҳад, ки даҳшати ҷангро дар Ватани худ дидаву хоҳони сулҳи ҳарчи зудтари тоҷикон аст ва барои баргардондани гурезаҳои тоҷики муқими Афғонистон ёрии худро дареғ намедорад. Муаллиф ишора ба он дорад, ки ду кишварро мушкилоти ҳамсон дунболагиранд, зеро гурезаҳои худи Афғонистон низ берун аз хоки онанд. Аз забони роҳбари ҳамсоякишвар омадааст: «Ҳоло ҳам ҳазорон ҳамватанони мо, аз ҷумла туркманҳо, тоҷикону ӯзбекҳо он ҷо мондаанд. Бинобар ин, мо кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро барои бозгашти гурезагони дар қаламрави Афғонистон буда ба хубӣ сарфаҳм меравем». 

ХОРЕ БА ПОИ МИЛЛАТ 

Дар баробари кӯшишҳои Ҳукумат барои ба Ватан баргардондани гурезагон, мухолифон низ низ ором нанишаста, ба ҳар роҳу восита хостаанд монеи баргашти ҳамватанон гарданд. Ба ибораи дигар гӯем, ҳамеша мухолифон хоре дар пойи миллат будаву садди қадаме пеш рафтан шудаанд. Шарҳи Азиз Сангин бо номи «Қасрҳое, ки рӯи қабрҳо қомат афрохтаанд. Дар он сӯи Ому чӣ мегузарад?» парда аз рӯи мухолифони миллат бардошта, бо овардани силсилаи факту далелҳо аъмоли зишту носазои пайравони мухолифини давлати конститутсиониро ба хонанда нишон медиҳад. Дар он рӯзҳо низ онҳо, асосан, аз дурӯғпароканӣ кор гирифта, овозаҳои ҳархеларо низ паҳн мекарданд, то гурезагон ба Ватан барнагарданд. Дар роҳ ҷониби Ватан чаппа шудани поэзди муҳоҷирону ба ҳалокат расидани онҳо; баробари ба ноҳияи Шаҳритусу Қубодиён расидан, ваҳшиёна кушта шудани 130 марду ба ҳабс гирифтани дигарон ва занону кӯдаконро ба самти номаълум бурдан, чанд мисол аз ҳазору анд бофтаи онҳост. Бо ин ҳам қаноат накарда, барои пиёда сохтани ҳадафҳои  ғаразнокашон, дар бошишгоҳи «Сахӣ», ки теъдоди зиёди гурезагон ба сар мебурданд, рӯзномаи «Садои муҷоҳид»-ро бо радиои ҳамном таъсис медиҳанд.

Вале огоҳии муаллиф аз асли воқеа имкон додааст, то симои оппозитсияро фош сохтаву мардумро аз шубҳа берун орад. Ба навиштаи Азиз Сангин,  Алӣ Иброҳим ном марди арабе, ки фиреби онҳоро хӯрдааст, чунин мегӯяд: «Дар тули се моҳи ҳамкорӣ бо ҷангиёни ҳизби наҳзати ислом дар Афғонистон ба хулосае омадам, ки фиреб хӯрдаам, маро фиреб додаанд. Дар гӯши ман хонда буданд, ки дар Тоҷикистон ҷиҳод асту мусулмонон барои барқарории ислом бо кофирон меҷанганд. Вале дар ин муддат итминон ҳосил кардам, ки ин ҷанги бародаркушист, инҳо бародаркуш ҳастанд».

«БАРГАШТАГОНРО ДАР МАҲАЛҲО ХУБ ПАЗИРОӢ МЕКУНАНД»

Вале, тавре мегӯянд, бори каҷ ба манзил намерасад ва ҳақиқат дер ё зуд тантана мекунад. Ба ҳамин монанд, Ҳукумати мамлакат муваффақ шуд, то ҳамватанонро ба сарзамини аҷдодиашон овардаву шароити зисташонро муҳайё созад.  Моҳи июли ҳамон сол бо ташаббуси намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо, Созмони байналхалқии Муҳоҷират ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх семинаре бо номи «Гурезаҳо чӣ ҳуқуқ доранд?» гузаронда шуда, Торе Борресен, намояндаи минтақавии раёсати комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо, аз натиҷаи фаъолияташ дар Тоҷикистон ёд овардааст. Ба гуфтаи Борресен, онҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Колхозободу Бохтар ва Дӯстӣ бо гурезаҳои ба Ватан баргашта сарукор доранду дар мадди аввал то сар шудани мавсими сармо онҳоро бояд бо сарпаноҳ таъмин намоянд. «Дар ноҳияҳо мо баргаштагонро пешвоз мегирем. Бо аҳолӣ ва ҷанговарон суҳбатҳо мегузаронем. Бо кумитаи иҷроияи ноҳияҳо низ алоқаи бисёр хуб дорем. Ҳамин нуктаро махсус бояд зикр кард, ки баргаштагонро дар маҳалҳо хуб пазироӣ мекунанд». Ин ишора бар он аст, ки бехатарии гурезагон дар кишвар таъмин аст ва онҳо метавонанд озодона ба Ватан баргарданд. 

МАШҲУРТАРИН ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОН 

Ҳамин тавр, руҳи шикастнопазир ва иродаи қавии Роҳбари давлат буд, ки охирин гуреза ба Ватан баргашт ва фироқи онҳо дар ёди ёру диёр кӯтоҳ шуд. Раҳидан аз ҳисси бехонумониву дубора соҳибватан шуданро танҳо онҳое медонанд, ки ин азоби алимро паси сар кардаанд. Ва барои ин аз хурд то бузург санохони Пешвои миллатанд, ки дар он рӯзҳои мушкил онҳоро соҳибӣ карданд.

Бешубҳа, хизматҳои Сарвари давлат дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин нақшест дар санг, ки дар хотираи таърих ҷовидон хоҳад монд. Он чи Президенти кишвар барои халқ карданд, боиси эътирофи на танҳо тоҷикону порсизабонон, балки ҷаҳониён гаштааст. Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки шоҳиди ҳамаи талошҳои Ҷаноби Олӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ буд, барҳақ мегӯяд: «Истиқлол ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст». 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, 

«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив