ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКОНИ ШУҲРАТЁР

ТОҶИКОНИ ШУҲРАТЁР

23 июл 2024, Сешанбе
10
0

 НИГОҲИ МУХТАСАРЕ БА ТАЪРИХИ ҲИҶРАТ ВА РӮЗГОРИ ДАҲБЕДИЁНИ САМАРҚАНД

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми мардум худро аз авлоду аҷдоди даҳбедиёни Самарқанд муаррифӣ менамоянд ва ин гуфтаҳо то дараҷае ба ҳақиқати ҳол наздикӣ дорад. Зеро урфу одати қисми зиёди аҳолии минтақаҳои гуногуни кишварамонро мардумони аз як минтақа ба минтақаи дигар ҳиҷраткарда бо худ оварданд. Маҳз дар ҳамин бора, мисолҳои зиёде аз таърихномаи ба водии Вахшонзамин муҳоҷир намудани аҳолии шаҳру навоҳӣ ва деҳаву деҳкадаҳои водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, манотиқи Қаротегину Хатлонзамин, Суғду Бадахшонро давоми солҳои сиюми қарни гузашта ёдовар шудан мумкин аст. 

Имрӯз дар  маркази ҳозираи ноҳияи Ванҷ – деҳаи Рохарв, Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев ва, махсусан, маҳаллаи Гулистони он авлоду аҷдоди собиқ мири ванҷӣ зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи сарчашмаҳои шифоҳии сокинони маҳаллаи Гулистон, авлоду аҷдоди гузаштаи онҳо ба  хоҷаҳои самарқандӣ тааллуқ дошта, дар замони ҳукмронии Абдулазизхони Аштархонӣ (1647 – 1681) ва Субҳонқулихон (1681 – 1702) ҳангоми фирор ба Ҳиндустон мавзеи имрӯзаи ноҳияи Ванҷро интихоб намуда, ба таври доимӣ дар ин мавзеъ барои худ ва аҳли байташон маҳали сукунатро интихоб намудаанд. Аз рӯи гуфтаи насли навини авлодони ин гурӯҳи аҳолии хоҷаҳои самарқандӣ, онҳо асосан ба касб ва шуғли сагпарварӣ машғул буда, зотҳои саги ҷангӣ ва шикории он давраро парвариш менамуданд. Авлоди онҳо замони ба ноҳияи Ванҷ раҳсипор гардиданашон бо ҳамроҳии худ 10 саги ҷангӣ ва шикориро низ оварда будаанд. Дар маҳаллаи мазкур, то кунун аз  авлоду аҷдоди хоҷаҳои cамарқандӣ, оилаи амаки Ҷӯраҷон, ки айни замон, бо аҳли оилааш истиқомат менамояд, дар ин бора ба таври муфассал ва тибқи гуфтаву шунидаҳои аз авлоду аҷдоди гузаштаи худ ба ёд мондааш, нақл мекунад. Оилаи мири Ванҷ - Гулпочо, бо номи момаи Коғаз (барои он ин занро момаи Коғаз меномиданд, ки ӯ ба мисли коғази сафед, зани сафедпӯсти хӯшрӯй дар ёди одамон боқӣ мондааст),  тахминан солҳои 1940 – 1950 асри XX аз олам даргузашта, дар ҳамин макон хок шудааст. То кунун, дар ин мавзеъ, дар саҳни ҳавлии истиқоматии яке аз сокинони ин маҳалла бо номи бобои Мақбул дарахти калони чаноре вуҷуд дорад, ки аз асрори таърихи куҳанбунёд будани маҳалли мазкур шаҳодат медиҳад.

Аксарияти сокинони имрӯза деҳаи Лангари ноҳияи Муъминобод бошанд, худро аз Даҳбеди Самарқанд мешуморанд. Дар деҳа мақбараҳои маорифпарварон ва муътақидони мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом, маъруф бо номи Шоҳи Хомӯш ва дигаре бо номи Гулдаста ҷойгир мебошанд. Дар ҳақиқат, дастархондорӣ, тӯю маърака ва дигар урфу одатҳои миллии аксарияти сокинони деҳаи Лангар аз амалу тарзи ҳаёту хоҷагидории гузаштаи сокинони шаҳраки Даҳбеди Самарқанд тафовуте надоранд. Ин ҳолатро, ҳатто меҳмонони бори аввал ба зиёрати бузургфарзандони миллати тоҷик Шоҳи Хомӯш ва Гулдаста, ки аз шаҳру навоҳии водии Ҳисор ва вилояти Суғд меоянд, ба мушоҳида гирифтаанд. 

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, мавҷи аввалини гурезагони даҳбедӣ ва рафтани онҳо ба кӯҳистони Хатлону Бадахшон ба соли 1501 рост  меояд. Дар ин сол шайбониҳо Самарқанд, Даҳбед ва навоҳии онро ишғол ва сахт ғорат намуда, мардуми зиёдеро куштанд. Дар натиҷа, чи тавре Бобур дар “Бобурнома”, Мирхонд дар “Равзату-с-сафо” ва Хондамир дар “Ҳабибу-с-сияр” хабар додаанд, мардуми зиёд аз Самарқанду атрофу акнофи он ба Муғулистону Хуросон ва вилоятҳои кӯҳистони Бухорои Шарқӣ (Ҳисору Хатлон ва Бадахшон) гурехта буданд. Азбаски мардуми имрӯза дараи Панҷшери Афғонистон худ ва авлоду аҷдоди гузаштаи худро, таърихан аз мавзеи Даҳбеди Самарқанд мепиндоранд, пас гумон меравад, гурезаҳои даҳбедӣ дар ҳамин мавҷи аввал (беш аз 500 сол қабл) ба Панҷшер ҳиҷрат карда бошанд. Дар ҳақиқат, то ҳанӯз забон, урфу одат ва дигар ҷузъёти фаъолияти корӣ, фарҳангӣ, маданият, рӯзгордории аксарияти сокинони дараи Панҷшери Афғонистон, ба сокинони қаблии даҳбедӣ рост омада, байни онҳо, ягон фарқияте мушоҳида карда намешавад. Ҳоло дар дараи Панҷшер деҳаи калоне бо номи Даҳбед арзи вуҷуд дорад. Дар ин бора Сангин Норматов, аввалин бор дар рисолаи худ таҳти номи “Фолклори даризабони Афғонистон” ва баъдтар, дар китоби нисбатан калонҳаҷми худ, таҳти номи “Фолклори тоҷикони Афғонистон” (Душанбе, “Ирфон”, 2009)  ба тафсил нақл карда,  мисолҳои зиёдеро низ аз фаъолияти меҳнатӣ, тарзи ҳаёту  рӯзгордории мардуми таҳҷойии дараи Панҷшери Афғонистон пешкаши хонанда гардондааст. 

Тавре таъкид мегардад, ҳатто Ёрибекхон, ки дар соли 1657 мири Бадахшон интихоб гардида буд, аз ҷумлаи гурезагони мавҷи аввали даҳбедиёни Самарқанд шинохта мешуд, зеро тавре дар китоби “Таърихи Бадахшон” зикр гардидааст, аҷдоди Ёрибекхон “ба як - ду пушт ҳасби тақдири азалӣ” пештар аз Даҳбеди Самарқанд ба Яфтали Бадахшон кӯчида омада буданд. 

Мавҷи дувуми муҳоҷирони даҳбедӣ дар замони ҳукмронии Абдулазизхони Аштархонӣ ва Субҳонқулихон ба сӯйи Бадахшону Ҳиндустон равона шуд. Ба мавҷи дувум хоҷаҳои самарқандӣ ҳам дохил будаанд, чунки онҳо низ равонаи Ҳинд буданд, вале бинобар хоҳиши Ёрибекхон дар Ҷузгуни Бадахшон (ҳоло Файзобод) монданд. Шаҳри Файзободи имрӯза, маркази маъмурию идории музофоти Бадахшони имрӯзаи Афғонистон буда, дар рӯ ба рӯи маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯза шаҳри Хоруғ, дар он тарафи дарёи Ому (Панҷ) ҷойгир мебошад. Дар ҳақиқат, қисми зиёди сокинони шаҳри Файзободи музофоти Бадахшони Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки на танҳо, дар шаҳри Файзобод,  балки дар дигар гӯшаю канори Афғонистон низ мардумон худро то кунун, ҳамчун ворисони адабиёт ва забони қадимиву оламшумули дарӣ – тоҷикӣ меҳисобанд.

Мавҷи сеюму аз ҳама калони муҳоҷирати даҳбедиён ба давраи солҳои 1743 – 1745 рост меояд. Ин давра замоне буд, ки Ҳаким Атолиқ вафот карда, Абдулазизхони Аштархонӣ ҳеҷ қудрату тавоноии давлатдориро надошта, Мовароуннаҳр бесоҳиб монда буд. Чунончи, дар натиҷаи низоъҳои байниқавмӣ, ки дар ҳамин давра сар зада будаанд, аксаран мардуми бумӣ мавриди қатлу куштор ва ғорат қарор гирифта буд. Маҳз ҳамин вазъ сабаб гардид, ки даҳбедиён аз Миёнкол, Самарқанд ва мардуми атрофи Бухоро ба Ҳисору Хатлону  Бадахшон кӯч бастаанд.  Қисми  зиёди онҳоро амири  якуми сулолаи Манғитиён Муҳаммадраҳимбий баъд аз ишғоли Деҳнаву Ҳисор боз ба Миёнколу зодгоҳи аслиашон кӯчонд, вале онҳое, ки ба Хатлону Бадахшон ҳиҷрат карда буданд, сокинони муқимӣ шуданд. Шояд мавҷи сеюми муҳоҷирони даҳбедӣ ин дафъа низ озими Афғонистон гардида, дар дараи Панҷшер сокин шуда бошанд.

Хушбахтона, ҳама гуна зулму ситамро паси сар намуда, фарзандони барӯманди миллати тоҷик - даҳбедиён дар кадом гӯшаю каноре, ки набуданд, илму дониш, одобу тарбияи инсондӯстӣ, далерию мардонагӣ, миллатдӯстӣ, хештаншиносӣ, росткорию адолатпарвариро пешаи худ қарор додаанд. Аз ин ҷост, ки сулолаи маъруфи хоҷагони Даҳбеди Самарқанд, ҳамчун дудмони маорифпарвар, ҷонибдорони мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом дар сар то сари диёри Афғонистону Покистон, Ҳинду Эрон маъруфият ва  шуҳрати таърихӣ  пайдо  кардаанд.    

Амин  ЗУҲУРОВ,

подполковники милитсия,

корманди Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив