ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

24 июл 2024, Чоршанбе
28
0
ДМТ 
Дипломҳои сурх кай дастрас мешаванд? 
Аз сабаби дигар шудани шакли дипломҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, имсол бисёре аз хатмкунандагон натавонистанд то имрӯз дипломҳои худро соҳиб шаванд. Соли қабл, моҳи июл, аллакай маросими супурдани дипломҳои сурх ба хатмкунандагон баргузор гашта буд. 
23-юми июл дар нишасти матбуотӣ ин масъала, яъне таъмини  хатмкунандагон бо диплом  барои идомаи зинаи магистратура баррасӣ шуд. Хайрулло Мирзамонзода, сардори назорати сифати таҳсилоти ДМТ,  иброз дошт, ки барои ҳалли ин масъала монеае вуҷуд надорад.
– Гарчанде раванди омода кардани шакли нави дипломҳо кори осон нест, аллакай чопи онҳо оғоз ёфтааст. Шахсони оҷилан ба ин ҳуҷҷат ниёздошта  метавонанд ба раёсати Донишгоҳ муроҷиат намуда, дар даҳаи аввали моҳи август соҳиби диплом шаванд.
Ӯ зикр кард, ки солҳои қаблӣ дипломҳоро бе замима (ҷузъи асосии ин ҳуҷҷат) месупурданд ва баъди чанд моҳе замимаи он омода мегашт. Аммо шакли нави диплом замимаро низ дар бар мегирад ва интизорӣ аз байн меравад. Ҳамзамон, хатмкунандагон  метавонанд дар солҳои оянда дипломҳои худро дар моҳҳои июл -- август гиранд. 
–  Раванди омода кардани дипломҳо басо нозук аст. Нашриёти "Муосир" барои чопи онҳо муваззаф шудааст. Баъди чоп ҳама ҳуҷҷатҳо ба  Вазорати  маориф ва илм мераванд, аз он ҷо ба мо дастрас мегарданд. Баъдан дипломҳо бояд аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ва раиси Комиссияи имтиҳонҳои давлатӣ имзо шаванд, –гуфт Хайрулло Мирзамонзода. 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
 
ВҲИ
787 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) 787 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд, аз ин 33-тоаш мусбат ҳал гардид. Муроҷиатҳо бештар ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва озод будан аз тамоми шаклҳои зӯроварӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи зодмандону фарзандон, пардохти алимент ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ вобаста мебошанд. Дар ин бора Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо Хазинаи кӯдакони СММ вобаста ба таҳия ва амалисозии нақшаи фаъолияти якҷоя, бо Дафтари барномаҳои САҲА вобаста ба амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 идома ёфтанд. 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
Ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли гузашта камтар ба вуқуъ омадаанд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3299 корхона ва 14275 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 160 назорати техникӣ гузаронда шуд, – гуфт Раҳим Санъат, сардори Хадамоти мазкур, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳангоми гузарондани назорати техникӣ нозирон 2019 бандҳои вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карданд. Барои бартараф сохтани камбудиҳо дар корхонаҳои зериназоратӣ 160 санад – нишондод ва 3 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.
Гуфта шуд, ки дар корхонаву иншооти зериназоратии Хадамот дар ин давра 18 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок гашт ва 6 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникаи бехатарии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти иҷрои корҳои хатарнок,  риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад. 
Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба 7 нафар шахси ҳуқуқӣ, 28 нафар шахси мансабдор ва 2 нафар шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳои нохуш кам шудааст. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР 
 
 
 
340 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехафв аз офатҳои табиӣ кӯчонда мешавад
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бинобар сабаби ба амал омадани боришоти аз меъёр зиёд ва офатҳои табиӣ, корҳои муҳандисӣ-геологии Саридораи геология ба маротиб афзуд. Аз ҷумла, тибқи мушоҳидаи равандҳои экзогении геологӣ дар  ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ гузаронда, ба хоҷагиҳо барои ба ҷойҳои бехавф кӯчидан тавсияҳо дода шуданд. 
Дар ин бора, Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи ӯ, тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ, дар маҷмуъ, дар 411 хоҷагӣ анҷом пазируфтанд, дар натиҷа, дар вилояти Хатлон ба 306 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан тавсия дода шуд. Инчунин, тибқи дархост ва нақшаи чорабиниҳо дар 24 деҳа, маҳалла ва шаҳракҳои вилояти Суғд низ тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ доир гардида, ба 34 хоҷагӣ пешниҳод намуданд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф, ки Ҳукумати Тоҷикистон муайян кардааст, кӯч бандад. 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
МД “ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА”
Тарғиби либосҳои миллӣ дар меҳвари фаъолият 
Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карим Азиз, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод, ки шабака дар нимсолаи аввали соли 2024 дар самти тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро иҷро кард. 
Доир ба масъалаи либоси миллӣ, ки яке аз мавзуъҳои меҳварии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳман дар  вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9-уми марти соли 2024 буд, тариқи барномаҳо, сомонаи расмии Муассиса ва шабакаи Ютуб либосҳои миллӣ ва чеҳраи миллии занону духтарони тоҷик васеъ тарғиб шуданд. 
Инчунин, дар робита ба туҳфаи асари оламшумули Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” ба ҳар як оилаи мамлакат, ба наздикӣ силсилабарномаи  “Шоҳномахонӣ”-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад. 
Карим Азиз иброз дошт, ки дар барнома, дар барорбари адибону мутахассисон, шаҳрвандоне, ки достонҳои “Шоҳнома”-ро хуб медонанд, метавонанд иштирок намоянд.
Лола РИЗОӢ
 
 
ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ
Шумораи мусофирон коҳиш ёфт
– Дар нимсолаи аввали соли равон ба 94  ҳазору 826 нафар мусофир хизмат расондем, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 57 ҳазор нафар мусофир кам аст. Тариқи фурудгоҳ дар 296 хатсайр парвоз иҷро гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2023-юм 188 хатсайр кам мебошад, – маълумот дод Нуралӣ Ҳомидзода, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”, зимни нишасти матбуотӣ. 
Мавсуф зикр кард, ки теъдоди ба таъхир мондани парвозҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ 29 ҳолатро ташкил дод. Аз ҷониби масъулони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ 85 нафар бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт шуда, нисбат ба 58 нафар парванда тартиб дода шуд.
Суннати СОДИҚ
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив