ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИРКИ ТОҶИК. ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ

СИРКИ ТОҶИК. ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ

24 июл 2024, Чоршанбе
16
0
Пас аз байн рафтани давлати Иттиҳоди Шуравӣ аз сирк танҳо ном ва бино боқӣ монда буд. Бисёр душвориҳоро паси сар кардан лозим омад, то сирк аз нав барномаҳои гуногун таҳия намояд ва манзури мухлисон гардонад. 
 
Директори Сирки давлатии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода вазъи кунунии онро тавзеҳ дода, ёдрас намуд, ки пешрафт нисбат ба чанд соли пеш муқоисанопазир аст. “Бо боварӣ метавон гуфт, ки барномаҳои сиркӣ аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ва бадеият хеле беҳтар шуданд, дастовардҳо низ кам нестанд. Дур намеравем, дар ҳамин ду-се соли охир ҳунармандони ҷавони сирк дар озмунҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, соҳиби ҷоизаву дипломҳо гардиданд. Масалан, Мастона Собирзода соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Фестивали байналмилалӣ аз рӯи жанри гимнастикаи ҳавоӣ дар байни намояндагони шонздаҳ давлати ҷаҳон ба гирифтани ҷойи дувум сазовор гашт. Моҳи июли соли 2023 эквелибристҳо бо перш Алмосхон Илёсов, Шаҳриёр Иззатуллоев, Қурбон Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова, Анӯша Ҳусейнзода дар Фестивали байналмилалӣ (шаҳри Алмаато) ширкат намуда, соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Ёсуман Назарова моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Тулаи Федератсияи Россия, дар Фестивали кӯдакон ва наврасон иштирок ва миёни намояндагони 14 давлат ҷойи дуюмро гирифт. Ҳунарманди номӣ Муҳаммад Шарифзода ҳамин сол дар 43-юмин Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Париж ва моҳи апрел дар Испания иштирок намуда, дар ҳар ду фестивал ба гирифтани медали нуқра мушарраф гашт. 24-уми июни соли равон 5 нафар эквелибристҳо бо перш дар Ёқутистони Россия дар Фестивали байналмилалии “Мамонт” иштирок намуда, соҳиби ҷоиза шуданд”. 
Бояд гуфт, ки ҳоло чор нафар эквелибрист ва як торбоз дар Малайзия, як нафар дар Олмон ҳунарнамоӣ менамоянд, 8 човандози сирк дар Ҷумҳурии Мардумии Чин такмили касб ва дар айни вақт дар саҳнаи сирки он кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.
- Айни замон, дар сирк ҳунармандон мерасанд, вале ин таъкид ҳаргиз маънои онро надорад, ки дар ин бобат мушкиле вуҷуд надошта бошад. Мушкил ҳаст ва он марбут ба масъалаи такмили касб, сайқали ҳунару маҳорати ҳунармандон аст. Хуб мешуд ҳунармандони ҷавон давра ба давра дар сиркҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷ такмили касб мекарданд ё дар мактабҳои сиркӣ таҳсил менамуданд, - мегӯяд Б. Раҳматуллозода. 
Студияи ҳунарҳои сиркӣ солҳост, ки дар назди Сирки давлатӣ амал мекунад.  
Дар чанд соли охир ҷойи зисти ҳайвонот аз таъмири пурра бароварда шуда, ҳавокашҳо насб гардиданд. Пардозхонаи ҳунармандон таъмир ва бо ашёи зарурӣ таъмин шуд, сарулибос низ мерасад, асбобҳои техникӣ (реквезитҳо) мутобиқ ба жанрҳои сиркӣ аз кишварҳои хориҷӣ харида шудаанд. 
Бахтиёр Раҳматуллозода дар идомаи суҳбаи гуфт: “Иқрор бояд шуд, ки сатҳи ҳунару маҳорати ҳамаи ҳунармандон дар як поя нест. Гуфта наметавонем, ки ҳама жанрҳои сиркӣ дар сатҳи байналмилалӣ иҷро мешаванд. Айни замон аз нарасидани масхарабозон то андозае душворӣ мекашем, дурустараш масхарабози асил ёфта наметавонем. Шояд ба назари хонанда ин масъалаи одӣ намояд, аммо дар асл ин кори осон нест. Боз ҳам хуш ҳастем, ки ин жанри сиркиро ба қадри қудрату тавон Ҷамолиддин Садриддинзода обуранг медиҳад, саҳнаҳои ҷолиб меофарад, шогирдон тарбия мекунад. Ӯ чилу ҳафт сол аст, ки дар саҳнаи сирки тоҷик заҳмат мекашад. Мушкилӣ, камбудиву душвориҳо ҳастанд ва мо инро медонем, дарк мекунем ва баҳри рафъи онҳо мекӯшем”.
Сирки тоҷик эҳё гашт, ибтидои роҳро паймуд, ҳоло роҳ боз асту ҷода дароз, дар оянда ин роҳро чӣ гуна мепаймояд ва самари он чӣ гуна хоҳад буд, замон доварӣ хоҳад кард. Вақти таҳияи барномаи нави рушди сирк кайҳо фаро расидааст, то дурнамои сирк мушаххасан муайян шавад ва ин барнома тавонад сиркро ба баландиҳо роҳнамоӣ кунад.  
 
Ф. ҶӮРАҚУЛОВ, фарҳангшинос
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив