ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРБИЯ МАСЪУЛИЯТ АСТ!

ТАРБИЯ МАСЪУЛИЯТ АСТ!

24 июл 2024, Чоршанбе
18
0
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Ташаккул ва пешрафти ҷомеа аз масъулияти баланд доштани падару модар дар тарбияи фарзанд сарчашма мегирад, зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли ҷавон аст. Ба  ҳамин хотир,  дар таълим ва тарбияи онҳо ширкати фаъол доштани оила, мактаб ва ҷомеа шарт аст. Агар  аз ибтидо дар тарбияи фарзанд бепарвою беаҳамияту  беназорат бошем, фардо сабаби парешонӣ, саргардонӣ, хиҷолатии мо - волидон мегардад. 
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бархе оилаҳо аз таълиму тарбияи фарзанд фарсахҳо дур монда, ҷиҳати назорати онҳо дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ҳамроҳи фарзандон сайругашт менамоянд, беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Онҳо дар даст телефонҳои мобилӣ вориди ким-кадом шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, дар дунёи худ банд мешаванд.
Ба ҳамагон маълум аст,  ки таълиму тарбияи фарзанд дар муҳити орому осоишта барои ба камол расидан, саводнокӣ, илмандӯзии фарзандон аҳамияти вижаро касб намуда, волидайн дар ин самт нақши калидӣ доранд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо оилаҳое зиёд шудаанд, ки фарзандони зиёд дошта, аммо ба тарбияи онҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.
Доир ба масъалаи мазкур мо бо чанд нафар шахсони рӯзгордида ҳамсуҳбат гардидем. Ҳангоми суҳбат омӯзгори синфҳои ибтидоии яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар Санавбар Шарифова, ки таҷрибаи омӯзгории беш аз 26-сола дорад, доир ба ин мавзуъ назари худро чунин баён намуд:  “Мушкили мо, омӯзгорон, бо волидону фарзандони онҳо дар он аст, ки аксарияти оилаҳо ба нақша намегиранд, ки чанд кӯдакро тарбия карда метавонанд ва бояд чанд фарзанд дошта бошанд. Оилаҳое ҳастанд, ки 4-5 ва, ҳатто, аз ин зиёд фарзанд доранд. Бо сабаби паст будани сатҳи зиндагӣ, фарзандони худро ба таври лозимӣ хӯрондаву пӯшонда, бо сарулибоси зарурӣ, воситаҳои хониш таъмин карда наметавонанд. Дар маҷлисҳои падару модарони муассиса қариб, ки иштирок намекунанд. Бештари вақт телефонӣ суҳбат мекунанд ё худи мо рафта, бо онҳо дар хонаҳояшон оид ба мушкилиҳо дар рафти хониши фарзандашон суҳбат мекунем”. 
Ҳамсуҳбати дигари мо, табиби шинохтаи пуртаҷриба Сурайё Нодирова чунин мегӯяд: “Ман дар фаъолияти чандинсолаи худ бисёр занону бонувонеро дидаам, ки аз сабаби пайдарпай таваллуд кардан, гирифтори бемориҳои камхуниву дарди гурда гашта, аз синну соли худ калонтар менамоянд. Ҳарчанд ба онҳо маслиҳату тавсия медиҳем, ки фосилаи таваллуди кӯдакро нигоҳ доранд, мутаассифона, онҳо ба маслиҳати мо - табибон гӯш намедиҳанд, баръакс ҳар сол таваллуд мекунанд. Агар фосилаи таваллуд миёни фарзандон 3-4 сол бошад, модар метавонад ба фарзандони худ дуруст ғамхорӣ намояд, тарбияи хуб диҳад. Вале ҳеҷ як модар  ҳангоми ҳар сол тифл ба дунё овардан қодир нест, ки фарзандро руҳану ҷисман солим ба воя расонад”.
Дар ҷомеа чунин мушоҳида мешавад, ки баъзан модарон муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас чӣ гуна фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол мерасад? Онҳо дар оила дағалона муомила мекунанд, кӯдак дағаливу муносибати бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтор мекунад. Дар илми педагогика, тарбиятро афзалтар аз таълим донистаанд ва омӯзишро дар овони ҷавонӣ саривақтӣ ҳисобидаанд. 
- Албатта, нақши модар дар тарбияи фарзанд хеле бузург аст,  агар модар зани оқил ва солеҳ бошад. Волидон набояд фаромӯш кунанд, ки таълим дар мактаб бе тарбия дар хона самар намедиҳад. 
Агар ҳар падару модар рисолати асосии худро дар таълиму тарбияи фарзанд якҷоя пеш баранд, бо боғчаю кӯдакистон ва муассисаҳои таълимӣ робитаи хубу доимӣ дошта бошанд, онҳо ба роҳи рост мераванд ва таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Пас, биёед дар таълими ин қишри ояндасози ҷомеа бетараф набошем.                                           
 
М. СОДИҚОВА,
котиби илмии ПИТФИ
Санаи нашр: 24.07.2024 №: 139
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив