ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОЗИМ ВА АЙНӢ

НОЗИМ ВА АЙНӢ

29 июл 2024, Душанбе
9
0
Дар бораи муносибати Нозим ва устод Айнӣ муддатҳо боз мехостам чизе бинависам. Аммо вақте ки 5 ҷилди тозанашри устод Айнӣ, яъне Куллиёти ӯро ба каф овардам (ҷилдҳои 2,3,4,5,10) ва аз сари нав ба мутолиаи онҳо пардохтам, дар ҷилди чаҳорум, бахши қиссаи «Одина», ба ин байти Нозими Ҳиротӣ (Ҳиравӣ, Ҳаравӣ):
Боз омадан зи рафтани Хуршед дур нест,
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад,  
рӯ ба рӯ шудам, ки, мутаассифона, мураттибону муҳаррирон барғалат, бидуни таҳқиқ ва тавзеҳу ишораи маъхаз, ба номи Бедил сабт кардаанд.
Осори Нозим ду бор дар Тоҷикистон ба шакли мунтахаб нашр шудааст. Нашри аввали он соли 1967 тавассути нашриёти «Ирфон» ва нашри дуюмаш тавассути «Адиб» (1987) сурат гирифтааст. Дар нашри якум, ки миқдори ками ғазалҳои шоирро дар бар мегирад, ғазале, ки байти мавриди назар аз он аст, ҷой дода нашудааст, яъне вуҷуд надорад, аммо дар нашри дувум, ки миқдори зиёди ғазалҳои шоирро фаро мегирад, байти боло пеш аз мақтаи ғазали шоир омадааст. 
Ҳар гаҳ ба ёдам он гули рухсор мерасад,
Бӯи гулам зи хона ба гулзор мерасад.
Махмури ихтилотаму ёрони базмро
Кайфияти музоиқа саршор мерасад.
Рухсори кинаҷӯи ҷаҳон тоза шуд магар,
Оинае ба суҳбати зангор мерасад…
Умре нишастаӣ ба раҳи интизори дӯст,
Худро ду дил масоз, ки якбор мерасад.
Аз рӯзгор миннати роҳат кашам, вале
Чизе, ки мерасад ба ман, озор мерасад.
Эй, дастгоҳ, қисмат аз ибром карда нанг,
Камтар талаб намой, ки бисёр мерасад.
Боз омадан зи рафтани Хуршед дур нест,
Гар умр ҳаст, дида ба дидор мерасад.
Нозим, зи беривоҷии маънӣ ғамин мабош,
Охир матои мо ба харидор мерасад. 
Мо ҳоло ҳамин ғазалро аз чопи Эрон низ меорем:
Ҳар гаҳ ба ёдам он гули рухсор мерасад,
Бӯи гулам зи хона ба гулзор мерасад.
Махмури ихтилотаму ёрони базмро
Кайфияти музоиқа саршор мерасад.
Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар умр ҳаст, дида ба дидор мерасад.
Аз рӯзгор миннати роҳат кашам, вале
Чизе, ки мерасад ба ман, озор мерасад.
Эй, дастгоҳи қисмат аз ибром карда нанг,
Камтар талаб намой, ки бисёр мерасад.
Умре нишастаӣ ба раҳи интизори дӯст,
Худро ду дил масоз, ки якбор мерасад.
Рухсори кинаҷӯи ҷаҳон тоза шуд магар,
Оинае ба суҳбати зангор мерасад?
Нозим, зи беривоҷии маънӣ ғамин мабош,
Охир матои мо ба харидор мерасад. 
 
Лозим ба ёдоварист, ки байти мавриди назар, ки барғалат дар нашри нави осори Айнӣ (2021), яъне Куллиёт ба номи Бедил омадааст, дар нашрҳои соли 2014 ва соли 2020, ки пеш аз нашри нав -2021 чоп шудаанд, низ ба номи Бедил оварда шудаанд. Мутаассифона, ҷои нашри китоби соли 2014 маълум нест, аммо китоби соли 2020, ки дар силсилаи «Ахтарони адаб» чоп шудааст ва китоби нав (Куллиёт)-ро, ки соли 2021 нашр шудааст, зоҳиран, як кас ба чоп омода намудаву тавзеҳ додааст.
Устод Айнӣ дар бораи Нозим дар «Ёддоштҳо», дар бахши «Аҳмади Дониш» («Аҳмади Калла»), дар хусуси фаъолияти рассомии Аҳмади Дониш сухан ронда, зимнан аз «Юсуфу Зулайхо»-и Нозимро бо хатту лавҳу ҷадвал оро додани ӯ ва ба қимати сесад пуд гандум фурӯхтанаш аз забони Ҳомидбек чунин мегӯяд: «Аҳмади махдум ҳунари рассомии худро дар китоби «Лайлӣ ва Маҷнун», «Юсуф ва Зулайхо» барин қиссаҳои ишқии афсонавӣ кор мефармуд. Ман як «Юсуфу Зулайхо»-ро бо хат, лавҳ, ҷадвал ва расми Аҳмад-махдум дидаам, ки дар ҳамон вақт ба қимати сесад пуд гандум фурӯш шуда буд». Ҳамзамон, устод, дар бахши «Хабари вафоти Аҳмади Дониш», дар бораи «Шарифҷон-махдум ва мирзои (котиб)-и ӯ Мирзо Абдураҳим ва ба вай нишон додани китоби «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим, ки ба хатти Аҳмади Дониш, навишта шуда будааст, доир ба воқеаҳои достон расмҳои кашидаи Аҳмади Дониш маълумот додааст. Ӯ бад-ин тартиб, аз як сӯ, таассуфи худро аз вафоти Дониш, аз сӯи дигар, фаъолияти илмиву ҳунарии ӯ, аз ҷумла нуҷумдониву хаттотиву рассомии вайро ба хонандагон нишон медиҳад, аз сӯи дигар, шуҳрати Нозим, таваҷҷуҳи Дониш ба асари «Юсуф ва Зулайхо»-и ӯро ба намоиш мегузорад.
 
Чунончи, ӯ менависад: «Дар шаҳри Бухоро дӯстон ва қадршиносони Аҳмади  Дониш бисёр бошанд ҳам, ман ба ҳеҷ кадоми онҳо шиноси наздик набудам. Яке аз дӯстдорони ӯ, ки, ба ақидаи ман, аз ҳама бештар ба ӯ баҳои баланд медод, Шарифҷон-махдум буд ва ӯ дар ҳамон рӯзҳо дар тумани Пешкӯҳ қозӣ буд. Ман бо ӯ шиноси наздик ва хизматгори пештарааш будам, ки ба пеши ӯ рафта, рӯзе чанд дар бораи марҳум бо ӯ ҳамдардӣ карданро қарор додам ва дар байни ду-се рӯз бо ҳамдеҳагони худ видоъ карда, аз болои Ғиждувон ва Вобканд гузашта ба Пешкӯҳ рафтам… Ғайр аз он мусоҳибаи дуру дароз, ки ҳар рӯз дар байни ману қозӣ дар бораи Аҳмади Дониш мерафт, як дафтари калони мусаввадаҳои ӯро, ки бо дасти худи Аҳмади Дониш навишта буд, дар ин ҷо дида, сар то по мутолиа карда баромадам… Мирзо (котиб)-и қозӣ Мирзо Абдураҳим ном ҳамон ҷой буд. Чун ӯ дар бораи Аҳмад-махдум ҳарисона маълумот ҷуста гаштани маро дид, рӯзе ба ҳавлиаш ба меҳмонӣ даъват кард ва дар он ҷо «Юсуф ва Зулайхо» ном асари Нозими Ҳиротиро ба ман нишон дод, ки бо хатти Аҳмад-махдум навишта шуда буд ва, инчунин, дар бораи воқеаҳои он достон дар он китоб расмҳо кашида шуда буданд, ки онҳо ҳам кори Аҳмади Дониш буд». 
 Аҳмади Дониш на танҳо бо маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим шинос будааст ва онро нусхабардорӣ, хаттотӣ, лаввоҳӣ, рассомӣ кардааст, балки ба осори дигари шоир, аз ҷумла ғазалиёти ӯ низ ошноӣ доштааст. Лиҳозо, мо дар китоби «Наводир-ул-вақоеъ»-и нависанда ба ин байти Нозим рӯ ба рӯ мешавем, ки онро барои тақвият ва тасдиқи афкораш овардааст:
Масъият саҳл аст, Нозим, нопушаймонӣ балост,
Тавба гар бошад, намонад гардани таъсир каҷ.
 
Ин далелҳо нишон медиҳанд, ки Нозим дар Мовароуннаҳр шуҳрати хос дошта, осораш мавриди таваҷҷуҳу тақлиду пайравию татаббую истифодаи аҳли илму адаб будааст.
Устод Айнӣ дар ҳамин асари худ, дар фасли «Ҳиндуҳои судхӯр» доир ба Бойарҷӣ ном ҳинду ва аввалин бор дар ҳуҷраи ӯ китобҳои гуногун, аз ҷумла «Гулистони масаррат»-ро дидани худ чунин менависад: «Дар сарой Бойарҷӣ ном як ҳинду буд, ки нисбат ба дигарон як дараҷа камбӯйтар ва озодатар ва ҳуҷрааш ҳам он қадар бӯи бади дилбеҷокунанда надошт. Ӯ хатти хуби тоҷикӣ дошт, ки бо алибфои араб менавишт ва саводи тоҷикиаш ҳам бурро буд. Ӯ ҳар гуна китобҳо дошт, аз китобҳои адабии тоҷикӣ «Гулистони масаррат», «Девони Мирзо Мазҳарҷони Ҷонон» ва тазкираи «Хизонаи омира» –ро, ки ҳамаи онҳо чопи Ҳиндустон буданд, аввалин бор дар ҳуҷраи ӯ дидам…».  Воқеан, дар бораи дар «Гулистони масаррат» ҷой дода шудани ашъори Нозим дар қисми тавзеҳот чунин навиштаанд: «Гулистони масаррат»–китобе, ки онро муаллиф–Абдураҳмони Шокир валади Ҳоҷӣ Муҳаммади Равшанхон ибни Муҳаммади Навозхон тазкира номидааст, намунаи ашъори шуарои форсизабон, аз қабили Носиралӣ, Низомӣ, Хусрав, Ҷомӣ, Саъдӣ, Хоқонӣ, Нозими Ҳиравӣ, Ҳилолӣ, Бедил, Шавкат, Махфӣ, Соиб, Мушфиқӣ ва дигаронро дар бар мегирад». 
Бояд гуфт, аз мисоле, ки устод Айнӣ дар қисмати «Хари кирокаш ва беморӣ» аз Нозими Ҳиротӣ меорад, маълум мегардад, ки ӯ на танҳо ба ғазалиёти шоир, балки ба достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим низ ба хубӣ ошноӣ доштааст. Масалан, ӯ мегӯяд: «Ман мувофиқи ин плани худ як рӯзи якшанбе пагоҳонӣ ба дарвозаи Имоми шаҳри Бухоро, ки кирокашони байни Бухоро–Вобаканд дар он ҷо меистоданд, баромадам. Дар он ҷо аз байни харҳои кирокашӣ, ки мастона ҳангоскунон ҳаллос зада истода буданд, як хари сафеди туқумқолониеро, ки ба қавли харкорони Бухоро «бузи биничок» буд, маъқул кардам. Ин хар дақиқае ором намеистод, нафас нагузаронида ҳангос мезад, ар-ар мекард, ба ҳар тараф лагад ҳаво медод ва ба қавли Нозими Ҳиравӣ:
Ба шӯхиҳои алвон даст мезад,
Ба ин дандон, ба он арраст мезад.
Гаҳе бо шер месанҷид худро,
Гаҳе чун аждаҳо медид худро.
 
Ман ин харро беҳтарин харҳо ва давандатарини онҳо гумон карда, ба як тангаю ҳашт пул то Вобканд киро кардам. Ва ҳол он ки кирои харҳои дигар аз шаҳр то Вобканд як танга буд. Ман ҳашт пулро барои он барзиёд харҷ кардам, ки ба Вобканд зудтар расиданам ва аз он ҷо ягон аробакаши ғиҷдувониро ёфта, Ғиҷдувон рафтанам даркор буд». 
Зимнан, дар бахши «Тавзеҳот»-и «Ёддоштҳо» дар бораи Нозим ва шуҳрати маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и ӯ чунин маълумот дода шудааст: «Нозими Ҳиравӣ-шоири соҳибдевон ва муаллифи маснавиест, ки дар солҳои 1670-71 вафот ёфтааст ва «Юсуфу Зулайхо»-и Нозим хеле машҳур аст». 
Бояд донист, ки Нозими Ҳиротӣ аз устодони сабки ҳиндист. Ӯ дар ғазал ва маснавӣ устодӣ нишон дода, ҳамчун адиби соҳибмактаб на танҳо дар ватанаш-Хуросон, балки Эрону Мовароуннаҳру Ҳинду Усмониву Туркия ва соири сарзаминҳои форсисаро аз шуҳрати зиёд бархӯрдор будааст. Шоирони зиёде ба ғазалу маснавиҳояш тақлиду пайравӣ намудаанд ва аз файзи каломаш баҳравар гардидаанд. Нозим агарчи ба Мовароуннаҳр наёмада ва ба Ҳинд нарафтааст, аммо бо каломи пурмаънӣ ва диловезаш ин хиттаҳоро тасхир намудааст. Ба қавли худи шоир:
Тоҷири маъниматоам аз Хуросон то Дакан,
Сад харидор интизори корвонам мекашад. 
 
Дар бораи сабаби шуҳрати Нозим дар Мовароуннаҳр Абубакр Зуҳуриддинов чунин мегӯяд: «Соли 1667 яке аз ҳамсабақони Нозими Ҳиротӣ-Тоиби Ҳиротӣ як нусхаи «Девон» ва маснавии «Юсуфу Зулайхо»-и ӯро ба Бухоро овард ва бо ҳамин шоир шуҳрат ёфт».   Садрӣ Саъдиев низ ҳамин фикрро такрор ва таъкид намуда, дар «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» чунин менависад: «Тоиби Ҳиротӣ-шоири тоҷик соли 1667 аз зодгоҳаш ба Бухоро омада, ба хидмати Абдулазизхон (ҳукмрони солҳои 1645-89) дохил шуд… Бо кӯшиши ӯ девон ва маснавии Нозими Ҳиротӣ-«Юсуф ва Зулайхо» дар Мовароуннаҳр шуҳрат ёфт».  Бинобар ин, устод Айнӣ «Юсуфу Зулайхо»-и Нозимро яке аз шоҳкориҳои адабиёти тоҷик-форс медонад. Бо осори Нозим шинос будани ӯро ин гуфтори Раҳим Ҳошим низ тасдиқ менамояд: «Соли 1948 боре дари хонаам тақ-тақ шуд, бароям, ки домулло. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, ки ҳозир девони Нозими Ҳиравӣ даркор шуд, кас набуд, фиристонам. Худам омадам. Ба хона надаромаданд. Китобро гирифта рафтанд. Магар ки ҳамон соат, ҳамон чизро дидан лозим шуда, барои канда нашудани рабти мусалсали фикрҳояш ин корро ба таъхир андохтан мумкин набудааст ва ба сабаби набудани касе худашон омадаанд». Худи Нозим рост, ки гӯяд:
Нозими машриқзамирам, нест гар бовар туро,
Мешавад маълум аз назми ҷаҳонорои ман.
Шарбати абрешими маънӣ мураккаб кардааст
Баҳри дилҳои заифон килки анбарсои ман. 
 
Ҷамолиддин САИДЗОДА,
адабиётшинос
Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив