ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

29 июл 2024, Душанбе
12
0
Абдусалом Атобоевро то расидан ба сатҳи маъруфтарин чеҳраҳои адабии кишвар лозим омад, ки мисли дигар қаламкашон аз нигоштани очерку ҳикоя оғоз намояд. Чанде аз онҳо дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Гулистон», «Машъал» ва маҷмуаҳои дастаҷамъӣ нашр шудаанд. Осори мансураш дар китобҳои «Вохӯрӣ бо падар» (1976) ва «Шиносоӣ» (1978) ба табъ расиданд. Муваффақияти бештарро Абдусалом Атобоев дар драматургия ба даст овард. Дар ин равия вижагиҳои ба худ хос ҳам дорад. Намоишномаҳои «Суруди нотамом» (1971), «Иллоанта» (1972), «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (1975), «Телеграмма ба Ленин» ва «Қиёми Лоҳутӣ» (ҳар се дар ҳамқаламӣ бо Ғанӣ Абдулло, 1976), «Имтиҳон» (1977), «Қиссаи аввалин» (1978) гувоҳи гуфтаҳои болоанд. Дар раванди ташаккули маҳорати ҳунарии адиб ҳамкорӣ бо дастаҳои театрии кишвар мавқеи муҳим дорад. 
 
Шоҳкориҳои дар ҳамдастӣ ба адиб  офаридаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмуд Воҳидов саҳифаи ҷолиберо дар ҳолномаи Абдусалом Атобоев ва ин дастаи ҳунарӣ ташкил медиҳанд. Нахустин қадами намоён ва муваффақиятомези Театри ҷавонон дар бозтоби ҳунарии саҳфаҳои таърихи миллӣ, рӯи саҳна овардани намоиши «Робиаи Балхӣ» буд. Намоиши мазкур аз рӯи асари «Суруди нотамом»-и Абдусалом Атобоев, ба мавзуи сарнавишти талхфарҷоми Робиаи Балхӣ – яке аз бонувони соҳибистеъдод ва бономи шеъри тоҷикӣ ихтисос ёфтааст. 
Драматург ба равиши пешомадони худ, дар нигоштани  намоишномаи  «Суруди  нотамом» аз ривоятҳову достонҳои фаровони мавҷуд дар рисолаҳои илмиву адабии қарнҳои миёна ва осори шифоҳии мардум ба кор гирифтааст. Бозтоби чанд лаҳза аз рӯзгори фоҷиабор ва дар ин баробар, қаҳрамононаи Робиа, тасаввуре комил аз сарнавишту зиндагии ӯ ва дар ҳошияи он, бардоште аз паҳлуҳои манфии ҷомеаи феодалиро дар зеҳни бинандаи намоиш ҳосил менамояд. Истифодаи мутаносиб аз ашъори Робиа, дар канори ривоятҳо ва сарчашмаҳои зикршуда, бар камоли асари ҳунарии мазкур афзуда, ҷиҳате мусоид барои тақвияти иртиботи миёни саҳна ва толор гардидааст, зеро розҳои дили ҳассоси Робиаро аз шеъраш боясти ҷӯё шуд ва таровиши ормонҳо ва муроди ботинии ӯро аз ниҳонхонаи замираш бозшинохт. Тавре Мардон Шарофов таъкид намудааст: «Малоҳат, дидгоҳи латифи ғиноӣ ва жарфнои эҳсосоти Робиа, дар баробари вуруди ғосибона ва беамони воқеияти талх ба дунёи шоиронааш, барҷастатару комилтар намоён мегардад». А.Атобоев дар офаридани намоишномаи «Суруди нотамом» ба нуқтаи камоли ҳунари драматургия расида буд. Бо вуҷуди аҳволи мазлумонаи занони тоҷик дар қарнҳои миёна, Робиа на қурбонии вазъият ва замони хеш, балки, пеш аз ҳама, мубориз аст; дар такопӯи латифу ошиқонаи дили ӯ мардонагие нуҳуфтааст, ки барои ҳақҷӯӣ ва талаби адлу дод илҳом ва неру мебахшад. Хислати вижаи қаҳрамони офаридаи А. Атобоев дар озодихоҳӣ ва напазируфтани зулм намоён мегардад, дар ҳоле ки талаби ҳаққи инсонӣ дар замони зиндагии Робиа, ҳатто, барои духтарони соҳибимтиёзи табақаи ҳоким амре мамнуъ ба шумор меомад.
Асари мазкур соли 1973 бо коргардонии Шамсӣ Қиёмов рӯи саҳнаи Театри ҷавонон омад. 
Намоиши «Фалокат»-и Атобоев ва хислатҳои қаҳрамонони он – Нодир, Зулфия ва Музаффар низ маҳдуд набуда, аз равиши тасвирӣ фарсахҳо фосила доштанд. Аҳамияти мавзуи ҷалби духтарони маҳаллӣ барои кор дар муассисаҳои истеҳсолӣ онро хеле таъсирбахш намуда буданд. Хатти ҷолиби сужет ва воқеънигорона будани силсилае аз образҳо (масалан, Баротов – Тағоймурод Розиқов ва Ситора – Соҳибсултон Алиназарова) асарро ҷолиб намуда, дар маҷмуъ, аксари персонажҳои он аз сифатҳои фардӣ ва хос бархӯрдор буданд.
Баъдан, коргардони ба ном Мирзоватан Миров намоиши «Моҷарои имтиҳон»-ро аз рӯи асари Абдусалом Атобоев таҳия намуд. Қиссаи имтиҳоноти қабули Сокинаву Расул ба донишгоҳи ҳунар ва падид омадани душвориҳову сахтиҳои фаровон дар ин роҳ, сужети аслии намоиши мазкурро ташкил доданд. Бо ин кори хеш ҳунармандон ба намоишномаи дар замони шуравӣ таълифшуда таровату пирояе наве бибахшанд. Ҳалли  маъмулии намоишро бандҳои таронаҳое, ки бо ҷасорати хос коргардон афзуда буд, диданӣ намуданд. 
Драматургияи Абдусалом Атобоев аз публитсистика ва насраш дертар ташаккул ёфта бошад ҳам, бо он дар як ҷараён инкишоф меёбад. Тамоюли умумии воқеънигорӣ ва жарфнигарӣ ба драматургияаш хос буда. Бисёр мавзуъву масъалаҳои тавассути публитсистика  мавриди баҳсу талошқарордодаро ӯ дар мукаммал ва доираи тадқиқоташ васеътар намудааст.  Масъалаҳои вобаста ба вазъи ахлоқии ҷомеа меҳвари асосии асарҳои саҳнавии ӯро ташкил медиҳанд. Зиёиён ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва мавқеи шаҳрвандию маънавии онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа мавзуи асосии коргардон гардида, дар асарҳои ӯ таҳаввулоти бузурги равонию маънавии ҷомеа дар даврони охир хеле нишонрас тасвир шудаанд. 
 
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив