ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИНДАГӢ БОҚИСТ, ЁРОН МЕРАВАНД...

ЗИНДАГӢ БОҚИСТ, ЁРОН МЕРАВАНД...

29 июл 2024, Душанбе
45
0
Соли 2024 марг чаҳор чеҳраи мондагори санъати нотакрори миллиро ба коми худ кашид. Моро Давлатманд Холов, Умар Зиёев, Парда Қосим ва, билохира, Адҳам Холиқов падруд гуфтанд. Талафоти ниҳоят калон дид, фарҳанги миллии мо. Ҳар яке ҷойгоҳи хоссаи худро доштанд. Саҳми назаррасе дар ташаккул ва рушди самтҳои гуногуни санъати сарояндагии Тоҷикистон гузоштаву осори гаронарзише ба мерос монданд.
Адҳам Холиқов. Овозхони опера, баритони драмавӣ, бас-баритон, сарояндаи маҳбуби тоҷик ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон. Умри бобаракати худро сарфи такомулу инкишофи ҳунари овозхонии академӣ ва рушди санъати мусиқии касбии Тоҷикистон намуд. Роҳи тайнамудаи ӯ хело пурпечутоб буд. Майлу рағбаташ ба санъат аз овони хурдсолӣ, аз дуторнавозии падар ва шавқу ҳавасаш ба ҳунармандии бародараш Ботур, ки он замон донишҷӯйи  Консерваторияи давлатии Тошканд буд, сарчашма мегирад. Ӯ дар факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) аз устодон Ҳошим Гадо, Тӯрахон Аҳмадхон ва Аҳмадҷон Қодиров сабақи ҳунари актёриро омӯхтааст. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои устоди зиндаёд Аҳмад Бобоқулов вай аз риштаи актёрӣ ба овозхонии академӣ гузашта, бо роҳхати Вазорати маданияти Тоҷикистон барои таҳсил дар Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский фиристода мешавад. Солҳои аввали донишҷӯӣ аз устодони барҷастаи давр Владимир Шушлин, Давид Габрикейли нозукиҳои санъати сарояндагии академиро, бахусус сабку усули иҷрои мактабҳои гуногуни вокалии Итолиёро, омӯхтааст. Пас аз реҳлати ин ду абармарди ҳунари сарояндагӣ ва педагогҳои барҷаставу писандидаи сатҳи ҷаҳонӣ Адҳам Холиқов зери тарбияи Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР Евгений Нестеренко Консерваторияро хатм менамояд. Евгений Нестеренко давомдиҳандаи кори устодони бузурги санъати сарояндагии академӣ Луканин ва Габел буд. 
Адҳам Холиқов пас аз хатми Консерватория ба Душанбе меояд. Он замон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рақобати ҳунарӣ дар авҷ буд. Барои ба саҳна баромадан навбат мепоиданд. Ҳар яке заҳмати зиёд ба харҷ медод, ки ҳунару маҳораташро намоиш диҳад. Бештари ҳунармандони опера бо усули “муҷассамавӣ” баромад мекарданд, яъне дар як нуқтаи саҳна истода, таҳти раҳнамоии дирижёр месароиданд. Холиқов, ки аз ҳунари актёрӣ баҳраманд буд, пластикаи хуб дошт ва дар баробари иҷрои сурудҳо, арияву ариоза, дуэту трио, квартету квинтетҳо, яккахонӣ бо ҳамовозии хор мазмуну муҳтавои асар, баёни ҳодисаву воқеаҳо, муносибаташ ба онҳо, ҳолати ботинии персонажи худ, таъсиргузорӣ бо ҳамтоёнашро бо усули ба худ хоси сароянда-бозингар (певец- актёр) манзур менамуд. Чунин истеъдод барои театр бозёфти хубе буд ва ин имконият фароҳам овард, ки дар даврони фаъолияташ дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ ба ӯ иҷрои партияҳои марказӣ дар асарҳои саҳнавии композиторни Тоҷикистон ва классикаи ҷаҳонию рус супурда шавад. Ӯ нахустин иҷрокунандаи партияҳои Салим аз “Домоди номдор”-и С.Урбах, Содиқ дар “Бозгашт”-и Ё.Сабзанов, Наврӯзбек аз “Қишлоқи тиллоӣ” ва Раҳимбек аз “Сарбозони халқ”-и Д.Дӯстмуҳаммадов ва Восеъ дар оратория-балети “Фарёди дуриҳо”-и Т.Сатторов мебошад. 
Дар баробари кор дар театр Адҳам Холиқов бо ҳамсараш Дилбар Валаматзода ба фаъолияти босамари консертӣ  низ, машғул буданд. Солҳои 1987-88 бо тавсияи Е. Нестеренко ва даъвати роҳбарияти Театри калони СССР ба  Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Адҳам Холиқов муяссар мегардад, ки муддате коромӯзи ин боргоҳи машҳури санъати саҳнавӣ гардад. Пеш аз ӯ Бурҳон Муҳаммадқулов ва Владимир Каримов дар Театри калони СССР ба ин бахти бузург мушарраф гардида буданд. Ӯ аз ин имтиҳони ҷиддӣ бо сарбаландӣ баромада, минбаъд дар намоишҳои ин Театр партияҳои мухталиферо бо маҳорати баланди касбӣ пешкаши алоқамандони санъати саҳнавӣ ва мунаққидони театрӣ гардондааст.
Соли 1989 бо тавсияи Госконсерти СССР ва Иттиҳодияи “Тоҷикконсерт” аз тариқи интихобу озмун барномаи консертии Адҳам Холиқов ва Дилбар Валаматзода аз ҷониби имприсариои олмонӣ барои анҷом додани сафари дарозмуддати ҳунарӣ ба Олмон пазируфта мешавад. Консертҳо бо  муваффақияти калон доир мегарданд. Дар яке аз ҳунарнамоиҳо имприсариои итолиёвӣ ҳузур доштаасту барнома писандаш меояд. Ӯ изҳори ҳамкорӣ намудану ҳунарнамоӣ дар Итолиё ва соири кишварҳои аврупоиро пешниҳод менамояд. Адҳам, ки орзу дошт дар Театри машҳурӣ Ла-Скала таҷрибаомӯз бошаду дар саҳнаи он неруи ҳунариашро бисанҷад, шарт мегузорад, ки агар имприсарио инро амалӣ карда тавонад, он гоҳ пешниҳоди ӯро қабул доранд. Ҳамин тариқ, ин ду чеҳраи тобноки санъати мусиқии касбии Тоҷикистон дар дили Аврупо солҳои зиёде  суруду навоҳои тоҷикиро танинандоз намуданд. 
Солҳо сипарӣ гаштанду таҷрибаву малакаҳо афзун, дастовардҳо бошанд, бештару беҳтар. Адҳам ба кори таҳияи асарҳои саҳнавӣ рӯ меорад. Аз рубоиҳои ҷовидонаи Хайёми бузург ба тоҷикиву итолиёвӣ либреттои мюзикли “Чарх”-ро таълиф менамояд. Яке аз корҳои муваффақи А.Холиқов ҳамчун коргардон  ин таҳияи операи “Рӯдакӣ”-и Ш.Сайфиддинов дар қолаби театри майдонӣ ва дар Қалъаи Ҳисор намоиш додани он аст. Дар ин раванд,  опереттаи “Силва”-и И.Калман дар таҳияи Холиқов аз нигоҳи ҷадид ва бозёфтҳои тозаи таҳиягарии муосир коркард намудаву манзури ҳаводорони санъати саҳнавӣ гардонда шудааст. 
 
Зиё ОЛИМӢ, ҳунаршинос
 
Санаи нашр: 29.07.2024 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив