КОНСТИТУТСИЯ. ҲАСТИИ МАНУ МО ҲАМЧУН МИЛЛАТ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 бори дигар нишон дод, ки кишвари азизи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи ин абармарди таърих ҷиҳати эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд бо маром пеш меравад.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Дар ин робита дастур дода шуд: «Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Воқеан, тавре Сарвари давлат таъкид карданд, амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон дода шуда, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёбад. Маҳз ин санади олии ҳуқуқӣ роҳи рушди устувори иқтисодиро ҳамвор намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам кард.
Ба шарофати Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рӯйдодҳои бузургу созанда ва дастовардҳои зиёд дар соҳаҳои мухталиф ба даст омаданд. Ин санади олии ҳуқуқӣ сарчашмаи ҳуқуқии инъикос ва бавуҷудоварандаи ормонҳои миллӣ мебошад.
Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.
Иқдоми Президенти мамлакат роҷеъ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 бисёр хубу зарурист ва ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Ин иқдоми шоиста дар ҳолест, ки дар ҷаҳони муосир дониши ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносон, балки барои ҳар як шаҳрванд зарур аст, зеро донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ба шахс имкон медиҳад, то дар ҳар ҳолате манфиатҳои худро ҳифз кунад. Аз ин нуқтаи назар, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо барои ҳар як фард муҳиму зарурӣ буда, боиси баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва паст гаштани сатҳи қонуншиканию ҷинояткорӣ мегардад. Пас, барои иҷрои ин ҳадафу мақсади олӣ бояд ҳамагон аз хурд то бузург саҳмгузор бошем.
Бӯстон УМАРЗОДА,
ҳуқуқшинос, нотариуси давлатии нотариати
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, подполковники адлия
Санаи нашр: 30.07.2024 №: 142-143
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)