СИТОРАИ ТОБОНИ ИЛМ
Олими варзида, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, академики АМИТ, фарди накухислат, хоксору ҳалим, устоди гиромиқадр Кароматулло Олимов аз зумраи шахсиятҳои фарҳехтаи кишвар, зиёиёни ватандӯсту ватанпарастанд, ки дар ҷодаҳои фаъолияти меҳнатию ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва илмию таҳқиқотии хеш боғе борвару муаттар сабз карда, бо дастовардҳое наҷибу шоиста дар масири инсонгароиву одамият ва фазилати маънавият рӯзгоре шоистаи ибрат ба сар бурдаанду доранд.
Маҳз эҳсоси ҳамин рисолату масъулият, ки аз тарбияи хубу солим ва дурусти хонаводагӣ дар овони туфулияту наврасӣ дар муҳити оилаи соҳибмаърифат ва волидони босаводу маърифатпарвар маншаъ гирифтааст, имкон фароҳам овард, то шахсияти мунире бо вуҷуди баҳри рушди илму фарҳанги кишвар ва маънавиёти ҷомеа фидоӣ бузург гардад ва бар камол расад, чун муҳаққиқи соҳибназар дар рушди илми ватанӣ нақши бориз гузорад, дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору пайкори созанда барои ободию осудагии Ватан садоқатмандона талош варзад.
Устоди муътабар дарозои солҳои фаъолияти пурсамари давлатию ҷамъиятӣ, илмӣ вазифаҳои басо пурмасъулият: мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви Комиссияи оштии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири фарҳанг, директори Институти фалсафаи АМИТ, директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва ғайраро бо камоли масъулият ва кордонӣ адо намуда, ҳамчун шахси фозилу пурдон, ҳалиму хоксор, ғайратманду ташаббускор тавъам бо хислати баланди одамияташон дар дилу дидаҳо маъво гирифтаанд. Устод аз чеҳраҳои гиромиву шинохта ва дар доираҳои илму фарҳанги кишвар ва берун аз он эътирофшуда мебошанд. Тарбият дар муҳити созгор, назари неку дурбинонаи қиблагоҳи ҳозиқ, дуоҳои модари мушфиқи шеърпарвару шеърдон ва шеърнавис аз овони кӯдакӣ дар вуҷуди ин фарзанди ҷӯёву хушзавқашон тухми муҳаббату ихлосро ба илму маърифат, сухану шеъру адаб ва ирфон кишт намуда, роҳи ӯро дар ин масир ҳамвор ва азмашро дар касби камолоти маънавӣ бештар ҷазм сохт. Ин буд, ки баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, соли 1959 Кароматулло Олимов ба шуъбаи форсии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз хатми он бо тавсияи кафедраи фалсафаи Донишгоҳ ба шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши таърихи фалсафа ба аспирантура қабул ва ҳамчун ходими илмӣ таҳти роҳбарии академик Аловаддин Баҳоваддинов ба таҳлили яке аз масъалаҳои муҳими фалсафаи Шарқ шуғл варзиданд.
Фаъолияти меҳнатии устод ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ва баландпоя минбаъд муддате чанд дар кишвари Афғонистон идома ёфт. Аз тарҷумони одӣ то ба вазифаи сартарҷумони гурӯҳи КМ ҲКИШ дар Бюрои сиёсии ҲДХА адои вазифа намуданд.
Соли 1994 рисолаи докторияшонро дар мавзуи «Тасаввуфи Хуросон» дифоъ намуданд. Дар баробари ин, баргардон намудани бархе аз рисолаҳои мутафаккирони Шарқ, аз ҷумла Абуалӣ ибни Сино аз тоҷикӣ ба русӣ, «Ишорот ва танбеҳот» аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва ба нашр расидани силсилаи аз маҷмуаҳои илмӣ, рисолаҳои илмӣ ва нашрҳои адабию маълумотдиҳанда, таҳия ва нашри «Луғати англисӣ – тоҷикӣ» (барои хониши адабиёти илмӣ) ва дигарон аз густураи фарохи равиши илмӣ ва ҷусторҳои пайгиронаашон дарак медиҳанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти ин олими соҳибмактаб дар мамолики хориҷӣ, аз қабили Афғонистону Эрон, ИМА, Олмон, Полша ва ғайра низ ба табъ расидаанд. Дар ҳамоишҳои бонуфузи илмии ватанию хориҷӣ мунтазам ширкат варзиданд. Инчунин, устод бо маърузаҳои илмии хеш кишвари азизамон, миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ намудаанд. Тули ин солҳо мақолаҳои пурмуҳтавояшон фарогири масоили мубрами илму маориф, маърифату маънавиёт, маданияту таърих, фарҳанги миллӣ, ифтихори ватандорӣ, равандҳои сиёсӣ, бузургдошти санаҳои таърихӣ, чашнвораҳои миллӣ, тарбияи ҳисси миллӣ, ахлоқу маданияти ҷомеа ва монанди ин масоили умда ва мубрами ҷомеаи муосир пайваста дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, маҷмуаҳои илмию маърифатӣ, солномаҳою ҷашнномаҳо ва ғайра интишор ёфтаанд. Инчунин, ба тарбияи мутахассисони дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ муназзам шуғл варзида, иддае аз мутахассисони варзидаро дар ин ҷодаи илм тарбия ва ба камол расонидаанд, ки алҳол бо дифои рисолаҳои илмии номзадию докторӣ ба фаъолияти илмӣ идома мебахшанд.
Устод дорои завқи баланди адабӣ ҳам ҳастанд. Намунаҳои хаёлоти рангинашон дар шакли анвои шеърӣ дар маҷмуаҳои алоҳида ва дар намуди насри адабӣ, ёддошт ва ғайра то имрӯз зиёд ба нашр расидаанд.
Тули зиндагӣ ва фаъолияти хеш ба ҳайси ходими давлатию ҷамъиятӣ борҳо бо шахсиятҳои барӯманду соҳибназар вохӯрдаю аз файзи суҳбатҳояшон баҳра бардоштаам. Ёдам меояд, сӣ сол муқаддам ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) фаъолият намуда, масъулияти ташкилу баргузории интихобот ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштам. Чун он айём интихоби вакилон бори нахуст дар ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон сурат мегирифт, раванди ташкилии он низ хусусиятҳои хоси худро дошт. Хушбахтона, ҳамон давраи пурмасъул комиссияи босалоҳияти ҷумҳуриявӣ таҳти сарвариашон ба ноҳия ташриф оварда, раванди омодагиро ба интихобот мавриди санҷиш қарор дода, ба ҳамаи масъалаҳои ҳалталаб рӯшанӣ бахшиданд ва мушкилиҳо бо ин васила ҳаллу фасли худро ёфтанд. Аз ҳамон замон ин марди хоксору ҳалим ва пухтакорро дар роҳи фаъолияти минбаъда устоди маънавии худ хондам ва ин мактаби шогирдию устодӣ меваҳои шаҳдбор ба бор овард. Агар дар солҳои фаъолиятам дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо тавсияю ҳидояти устод тарбияи мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллатро гирифта, то ба мартабаи муовинии аввали раиси вилоят расида бошам, пас минбаъд риштаҳои дӯстиву бародариамон қавитар гардид ва то имрӯз бо иродат идома дорад.
Имрӯз ҳам ҳар вақте аз устод доир ба масъалае маслиҳат мепурсам, дастгирию ёриашонро возеҳ эҳсос менамоям. Таъсиси Маркази илмии омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар муассиса аз маслиҳатҳои пурқиматашон сарчашма гирифтаанд. Инчунин, бо пешниҳодашон дар тараддуди он ҳастем, ки дар назди Муассиса фаъолияти маҷаллаи илмию оммавӣ ва фарҳангию маърифатии «Арбоб»-ро роҳандозӣ намуда, дар муаррифии ҳарчи бештари ин маскани нуру зиё саҳм гузорем.
Осим КАРИМЗОДА, директори МДВ «Қасри маданияти Арбоб», доктори илмҳои таърих, профессор
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)