МАҲМУД ТОҲИРӢ. ҲУНАРМАНД ВА ИНСОНИ НАҶИБ
Солҳои зиёд Маҳмуд Тоҳирӣ дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, симоҳои барҷаста офаридааст. Ӯ 15-уми феврали соли 1925 дар шаҳри Машҳад ба дунё омадааст. Айёми наврасии ҳунарманд дар ин шаҳри азими саноатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ гузаштааст. Дар ин шаҳри қадимаи пешрафтаи Хуросон фарҳангу ҳунар равнақу ривоҷи хосса дошт. Аз ҷумла, дар шаҳр дастаҳои зиёди театрӣ амал менамуданд. Тоҳирӣ нахустин сабақҳои саҳнавии хешро дар зодгоҳаш аз бар намуда, соли 1943 студияи театрии Машҳадро ба итмом мерасонад. Ин солҳо дар ҳаёти Эрон солҳои пуртуғёни сиёсӣ маҳсуб мешаванд. Ҷавонон чун дигар мардуми ин кишвар ба гирдоби ҳаракоти сиёсӣ кашида шуда, дар натиҷаи шикаст хӯрдан, маҷбур мешаванд тарки Ватан бинамоянд. Маҳмуд Тоҳириро равиши ҳодисот ба шаҳри Бокуи Озарбойҷони шуравӣ, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, меорад.
Дар шаҳри Боку, ки бо талоши Ҳукумати шуравӣ барои рушди ҳунар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуд, Тоҳирӣ боз ҳам ба сайқал додани маҳорати ҳунарӣ ва дониши ҳирфавии хеш пардохт. Дар ин шаҳр ӯ дарси маҳорати актёриро аз устоди санъати Озарбойҷон Ризо Яктоӣ аз бар намуда, давоми солҳои 1943 – 1956 узви яке аз дастаҳои ҳунарии Боку буд.
Таҳиягар ва яке аз абармардони санъати театрии тоҷик Ефим Исаевич Мителман дар Озарбойҷон бо Маҳмуд Тоҳирӣ ошноӣ пайдо намуда, ӯро барои идома ва сайқал додани маҳорати актёриаш ҷиҳати фаъолияти доимӣ ва ҳирфавӣ ба Театри ба номи Лоҳутӣ даъват менамояд. Дар ин макони санъат ӯ роҳу равиши эҷодии худро пайдо намуд, ба дили тамошогарон ва мухлисони театр роҳ ёфта, абадан дар он ҷой гирифт.
Маҳорати актёрии Маҳмуд Тоҳирӣ гуногунпаҳлу буда, ӯ аз иҷрои ҳам нақшҳои фоҷиавӣ, ҳам нақшҳои мазҳакавӣ ва драмавӣ бо маҳорати баланд мебаромад.Дар ин муҳит эҷод намудан барои Тоҳирӣ барин як марди саропо ҳунар, фараҳбахш ва хеле гуворо буд.
Дар саҳнаи театри овозадори ба номи Лоҳутӣ Маҳмуд Тоҳирӣ то лаҳзаҳои Тоҷикистонро тарк карданаш ҳунарнамоӣ карда, беш аз 50 нақши барҷаста офаридааст. Дар намоиши «Беватан», ки ба қалами драматург Султон Сафар тааллуқ дорад, фоҷиаи бузурги Ҷанги дувуми ҷаҳон (солҳои 1939 – 1945) ва корнамоии неруҳои озодихоҳ дар ин ҷабҳа тасвир ёфта. М. Тоҳирӣ қаҳрамони худ Камолро, ки ҳукми тақдир бо воқеоти даҳшатбор рӯ ба рӯ сохтааст, аз мушкилоти рӯзгор наҳаросида, шарафу номуси инсонии худро пок нигоҳ дошта, фарҳанги азалии дар ниҳодашбударо ҳам дар он айёми мудҳиш хор намедорад.
Соли 1972 Театр ба асари машҳури адиби бошқирд Мустай Карим «Шаби гирифтани Моҳ» рӯ овард. Симои дар ин намоиш офаридаи Маҳмуд Тоҳирӣ дар инкишофи воқеаҳо ва ҳалли масоили мушкили маънавӣ нақши муҳиме дорад. Нақши девонаро дар асар Ҳошим Гадо, Убайдулло Раҷабов ва Тоҳирӣ иҷро намуданд. Маҳмуд Тоҳирӣ дар кирдори ин шахси ҷунунӣ на рафтори аз ақлу андеша дур, балки аз рӯи мантиқ созмонёфта ва дорои фалсафаи наҷиби инсониро ҷо додааст. «Ғуломонро ту дар куҷо мебинӣ. Нобино, дилам ба ҳоли ту месӯзад! Нағзтар нигоҳ кун! Ту ҳокимонро аз ғуломон фарқ карда наметавонӣ». Дар ин суханони Маҳмуд Тоҳирӣ ҳаяҷон ва ҷӯшу хурӯши саҳнаи мазкур ва тамоми намоиш ниҳон аст.
Соле пас намоишномаи Мавҷуда Ҳакимова «Зистан мехоҳад» рӯи саҳна омад. Асар аз зиндагӣ ва кору пайкори табибон ҳикоят намуда, «бо гузориши масъала ва ҳалли мавзуъ аз асарҳои пешин фарқ дорад. Дар он мафкураи инсонҳои конкрет ва рӯйдодҳои зиндагии онҳо тарзе инъикос мегардад, ки дар ҳаёт, муносибати байниҳамдигарӣ ва саъйи се шахси ҳамсабақ нақши муайяне мегузорад». Латифу Манзур хонда табиб ва Латофат муаллима мешавад. Иҷрои нақши профессор Латиф ба зиммаи Маҳмуд Тоҳирӣ вогузор мегардад.
Тамоми кӯшишу ғайрати қаҳрамони Тоҳирӣ ба кашфи ваксинае, ки маризонро аз дарди бедавое наҷот бахшад, равона шудааст. Чун давои носанҷидаро ба маризон гузарондан иҷозат нест, ӯ ин ваксинаро дар худ месанҷад.
«Соли 1978, – менигорад профессор Низом Нурҷонов, – Театри ба номи Лоҳутӣ бори сеюм ба мазҳакаи ҷовидонаи Николай Василйевич Гогол «Муфаттиш» муроҷиат намуд. Коргардони он Хушназар Майбалиев ҷустуҷӯҳои худро дар боби истифодаи васила ва услуби театри имрӯза идома дода, миёни шартият ва ҳақиқат пайванди нозук ба даст овард». Маҳмуд Тоҳирӣ нақши хидматгори муфаттиши сохта – Хлестаков Осипро бар уҳда дошт. Дуэти офаридаи Гадоев ва Тоҳирӣ бо самимияти ҳунарӣ ва бадеҳакории озодаш дили тамошогарони ҷаҳониро дар саҳнаҳои бузург тасхир намуд.
Воқеаи муҳими ҳаёти театрии солҳои 80-уми садаи бист дар театри тоҷик таҳияи фоҷиаи «Эдип» гардид. Дар ин намоиш нақши ғайбдони нобино Тиресий, ки онро Маҳмуд Тоҳирӣ офаридааст, бо самимият ва бадеияти волои худ фарқ карда меистад. Тоҳирӣ Тиресийро мӯйсафеди барнодил ва солим таҷассум намудааст. Руҳи ӯ қавӣ, нияташ пок, андешааш солим, нигоҳаш ба зиндагӣ нек ва нисбат ба беадолатиҳо оштинопазир мебошад. Тиресий – Тоҳирӣ баръало эҳсос менамояд, ки шунидани ҳақиқати даҳшатбор ҳам барои Эдип ва ҳам барои аҳли Фив хеле гарон хоҳад афтод, қатъи назар аз ин, ӯ наметавонад ҳақиқати ҳолро ниҳон дорад.
Ҳамчунин, маҳорати волои ҳунарии Тоҳирӣ дар офаридани симоҳои меҳмони ҳиндӣ (аз намоиши «Саодат»-и Султон Саидмуродов), тоҷири афғон (аз намоиши «Орзу»-и Меҳрубон Назаров), посбон («Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷалол Икромӣ), амир Олимхон ва Хуршед («Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло), Панталоне («Хидматгори ду хоҷа»-и адиби итолиёвӣ Карло Галдони), табиб («Модарандар»-и адиби фаронсавӣ Оноре де Балзак), пирамард (Лаҳзаи ҷовид»-и Меҳмон Бахтӣ), Олим («Қуллаи Фудзияма» - и адиби қирғиз Чингиз Айтматов), бобои Зариф («Ҷияни хира»-и Шодӣ Солеҳ) возеҳ рӯнамо гардидааст.
Ба ҳунарманд нақшҳои дар синамо офаридааш шуҳрати зиёд оварданд. Тоҳирӣ то солҳои аз ҷумҳурӣ рахти сафар бастанаш, дар асарҳои синамогарони наслҳои гуногун ширкат варзида, бо ҳавас ва иштиёқи том нақш меофарид. Нақшҳои муҳимтарин ва ҷолибтарини устоди синамо Маҷ (аз филми «Қисмати шоир»), Мирзонур («Нисо»), Нонво («Ҳасани аробакаш»), Абдулатиф («Тобистони соли 1943»), Осиёбон («Вақте ки осиё боз монд»), Ҷангалбон («Панҷ нафар дар пайроҳа»), Домод («Арӯс ва домод»), Профессор («Паланг лозим»), Назарбой («Имрӯз ва ҳама рӯз») маҳсуб меёбанд.
Маҳмуд Тоҳирӣ дар саҳна симои шахсиятҳои наҷибро офарида, ба тамошогарон талқин менамуд, ки дар зиндагӣ ҳама чиз аз интихоби одам вобаста аст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)