РАВШАНЗАМИР
Мо, имрӯзиён, хушбахтем ва ифтихор аз он дорем, ки ҳар субҳи босафоямон аз шунидани суханони меҳрофарандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Ватан оғоз меёбад: «Дӯст бошед! Иттифоқ бошед! Шукронаи ҳамин давлат кунед! Шукронаи ҳамин сарзамин кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!».
Дар бобати ин ҷумлаҳо, ки аз ибораҳои рехта, пургуҳару сермаъно, дилнишин, аз мағзи ҷону дили пуртуғён фаввора зада баромадаву ба панднома мубаддалгашта шоиру нависандагон, публитсистон, умуман аҳли зиё, зиёд навиштаанд ва боз хоҳанд навишт. Мутафаккирон гуфтаанд: «Ҳар вожа, ибора, ҷумлаи он маънои як китоби пур аз ҳикматро мебардоранд».
Воқеан, Сарвари давлат вассофи Ватан, миллат ва халқиятҳои зиёди Тоҷикистони соҳибистиқлоланд. Ҳар ҳарфе, ки дар бораи Меҳан мегӯянд, аз меҳру садоқати бепоён ба сарзамини аҷдодӣ аст. Суханҳоеанд, ки шунавандаро мафтун месозанд, ба зиндагӣ дилгарм намуда, ба кӯйи мурод, ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангиву маънавӣ ҳидоят менамоянд, раҳнамо ба сӯйи ояндаи неку дурахшонанд.
Тоҷикистон барои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биҳишти рӯйи замин аст. Инро борҳо зикр намудаанд, ки бесабаб нест ва онро танҳо касе эҳсос месозад, ки аз Ватан боре канда шуда, талхии ғарибиро чашидаст. Мақсади Пешвои миллат он аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста ба миллаташ, диёрашро дӯст дорад, барои ободиаш бикӯшад, бо дастовардҳои илмиву адабиву варзишиаш муаррифгари Меҳан дар арсаи ҷаҳон гардад.
Мо ҳар рӯзу соат ҷӯйбору дарёҳои пуробро мебинем, ба онҳо одат кардаем, аз ин рӯ, кам ба қадрашон мерасем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки мо бояд ба қадри ҳар қатраи оби зулол бирасем, каналҳоро аз ифлосшавӣ нигоҳ дорем, нагузорем, ки соҳилҳои дарёҳоямон пур аз партов гарданд. «Тоза нигоҳ доштани оби дарёҳо, муҳити зист, табиати биҳиштосои кишвари мо аз рукнҳои ватандорист», – таъкид медоранд Роҳбари давлат.
Ин ҷо месазад сухани аз сидқи дил гуфтаи меҳмоне аз Арабистонро мисол овард, ки дар бисёр расонаҳо нашр гашта буд. Вай Тоҷикистонро сайр мекунад, бо дидани каналу дарёҳову пиряхҳои зумуррадгун мафтун мешавад, ба шигифт меояд ва бо як ҳиссиёти меҳрангез мегӯяд: «Ин ҷо биҳишт аст. Ман дар биҳиштам!». Хушбахтона, танҳо ӯ ин ҳарфҳоро ба забон наовардааст. Садҳо меҳмон, сарварони кишварҳо, ки аз Тоҷикистон дидан намудаанд, ҳамин тавр гуфтаанд: «Тоҷикистон бо обҳои дарёву кӯлу чашмасоронаш, ки шаҳди асалро доранд, биҳишти воқеист».
Оре. Диёри мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишваре табдил ёфт, ки диданашро миллионҳо нафар орзу дорад. Кадом сайёҳи хориҷиеро, ки ба Тоҷикистон омадааст, пурсед, хушҳолона иброз медорад: «Душанберо дидам пур аз гул, шаҳри гулрез аст, касе, ки гулро дӯст медорад, ӯ сулҳпарвар, инсондӯст аст. Мехоҳам ҳар тобистонро дар дараҳои Варзобу Ромит гузаронам». Кӯҳистони Тоҷикистон аз сайёҳон лабрез аст. Табиатдӯстони зиёде омадаанд, ки ҳам истироҳат мекунанд ва ҳам асарҳои бадеӣ, илмӣ менависанд ва ҳам суратҳо мекашанд. Ҳамаи ин ба шарофати сиёсати сулҳпарварӣ, инсондӯстии Пешвои миллат ба даст омадаанд, ки аз сиёсати «дарҳои кушода»-и Сарвари давлат маншаъ мегиранд.
Вассофи Ватан, ватандӯсти асиланд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти маҳбуби мо. Ин маъниро Темур Зулфиқоров, адиби сатҳи ҷаҳонӣ, дар асари публитсистиаш «Инро бо мадади Худо Эмомалӣ Раҳмон ва асҳоби бошарафи ӯ кард» (китоби «Чойхонаи лаби ҷар») чунин тасвир намудааст: «Соли 2009 дар шаҳри Маскав ман нахустин бор Президентро рӯ ба рӯ мешунидам ва моту маҳбут шудам, ки ӯ тамоми мушкилоти Тоҷикистонро ҳис мекунад, андозаи ғояҳои давлатии ӯ фарохдоман буда, вокунишаш ба рӯйдодҳои рӯзгор ва ҳаёти халқи тоҷик фаврӣ ва пурсамар ҳастанд ва на танҳо ба халқи тоҷик, балки ба аксари рӯзгори оламиён…».
Сиёсатмадорон, адибон, мутафаккирони бисёр кишварҳо ба сиёсати «дарҳои кушода»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбат дода, зикр намудаанд, ки чунин тарзи идораи давлатдорӣ аз тафаккури шахсе бармеояд, ки вай баробари дӯст доштани мардуми диёраш ба аҳли сайёраи Замин эҳтиром дорад, баробари Ватанаш кураи Заминро дӯст медорад, ки барои ҳама ягона аст. Аз ҳамин дӯстдорӣ сарчашма гирифтаанд панҷ ташаббуси байналмилалии ӯ дар бобати обу иқлим.
Имрӯз боғҳое, ки дар бунёди онҳо дастони пурсахои Сарвари давлат расидаанд, шаҳдрез гаштаанд. Ҳазорон нафар аз меваи онҳо ком ширин мекунанд. «Ниҳол шинонед, онро парвариш намоед, Тоҷикистонро ба як боғи бузург табдил диҳед!». Ин дастури Пешвои миллат далели он аст, ки ҳама бояд дар ободии диёр, сарсабз намудани он бикӯшем, ақаллан соле як дарахт биншонем, ки аз мо ба ёдгор бимонад. Гулгаштҳо, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, майдонҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот бунёд ёфтаанд. Шабҳои тобистон онҳо пур аз мардуманд, ки дар зери осмони пурситора бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар фароғат доранд. Суруди сулҳ мехонанд, васфи диёр мекунад, барои иҷро намудани нақшаҳои созандаашон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ неру мегиранд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)