ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҶДИДИ РОҲҲО. АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶДИДИ РОҲҲО. АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

01 август 2024, Панҷшанбе
24
0
Инкишофи соҳаи нақлиёт воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмилалии кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар ин, роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян намуд. Дар натиҷа, дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти  сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳкими иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт  идома доранд. 
 
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ  ДАР СОҲА
Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари ИМА, тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ, татбиқ шуда истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои автомобилгарди Обигарм – Нуробод, қитъаҳои 1 ва 2, Душанбе – Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар бо дарозии 9,2 км, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт бо масоҳати 58,9 км, Данғара – Лолазор бо дарозии 28,9 км, сохтмони марҳалаи дуюми нақби «Истиқлол»,  Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади  ноҳияи Рӯшон тибқи нақша идома доранд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли ҷорӣ бояд панҷ лоиҳа ба маблағи 436 миллион доллари ИМА амалӣ шавад. Инҳо роҳҳои автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод (76 км), Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара (69 км), марҳалаи дуюми нақби «Истиқлол» ва ғайраҳо мебошанд. 
Дар баробари лоиҳаҳои татбиқшаванда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба марҳала ба марҳала пурра таҷдиду таъмир намудани роҳҳо бояд 573 км роҳи автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан лоиҳакашӣ карда шаванд. Аз ҷумла, роҳҳои автомобилгарди  Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ғуфуров – Булоқ – Пунгон, Бохтар – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ, Хоруғ – Роштқалъа, роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб, роҳи таворавии шаҳри Душанбе, Чимтеппа – Чиртак, сохтмони дутоӣ пул дар ноҳияҳои Рӯдакиву Восеъ, панҷ пул бо 5 км роҳ дар минтақаи Рашт, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд ва ғайра. Дар роҳи автомобилгарди Варшез – Кулма, аллакай, корҳои топографӣ оғоз шуда, инчунин, асосноккунии техникӣ – иқтисодии метрои шаҳри Душанбе аз ҷониби коршиносони кореягӣ идома дорад. 
Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби сармоя лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб (32 км), Гулистон – Фархор (40 км), Гулистон – Данғара (49 км), Ховалинг – Сангвор (70 км), Балҷувон – Сарихосор (58 км), Хуҷанд – Конибодом (75 км) корбарӣ шуда истодаанд. 
Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 3666 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 3006 нафар ё 82 дарсадро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки ин яке аз талаботи Ҳукумати кишвар аст.
 
НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Дар баробари ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, коҳиши муҳлати дастрасии бор ва аз як ҷой ба ҷойи дигар расондани мусофирон, баланд бардоштани беҳзистии мардум аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он таъмиру таҷдид мешаванд. 
Бо мақсади ба роҳ мондани истифодабарии дурусти роҳҳои автомобилгард, кабудизоркунӣ, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар ва гирду атрофи муассисаҳо аз ҷониби Вазорат нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, №374 «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2040» Вазорат муваззаф шудааст, ки дар ин муддат 5 миллион бех дарахт шинонад. Нақшаи ҳарсола беш аз 300 ҳазор бех дарахтро дар бар мегирад.  
 
РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН БА СИФАТИ  ДОЛОНИ ТРАНЗИТӢ ИСТИФОДА ХОҲАНД ШУД
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакаҳои рушдёфтаи нақлиётии Шимол ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ ва Ғарб воқеъ буда, дастрасии мустақим ба бандарҳои баҳрӣ надорад. Аз ин рӯ, роҳҳои автомобилгард ва системаҳои роҳи оҳан барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дорои аҳамияти муҳим мебошанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он тамоми имкониятҳоро истифода намуда, тасмим гирифтааст, ки барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро таҳия ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.  
Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон– Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд. Яъне, бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегӣ – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон  ва рушди устувори иқтисодию боз ҳам беҳтар шудани шароити зиндагии халқ ноил гардем. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив