ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯҒНОБ.  ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ ВА МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТ

ЯҒНОБ.  ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ ВА МАКОНИ САЙРУ САЁҲАТ

01 август 2024, Панҷшанбе
30
0
Водии Яғноб дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар қисмати ҷануби қаторкӯҳҳои Зарафшон, дар канори ағбаи Анзоб воқеъ гардидааст.  Дар  он дарёи пуртуғёни Яғноб хеле зебо ба назар расида, тақрибан дар масофаи 105 километр дур аз шаҳри Душанбе бо дарозии 60 километр доман паҳн кардааст. Дарёи Яғноб аз омезиши дарёҳои Кумбил ва Барзенга сарчашма гирифта, аз пиряхҳои кӯҳҳои Такалӣ ба вуҷуд омадааст.
Дарёи Яғноб ба монанди дарёи Зарафшон қаторкӯҳҳои Зарафшонро аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷудо мекунад. Қисми болоии водӣ бо марғзорҳои алпӣ машҳур буда, дар ин ҷо аҳолии доимӣ сукунат намекунад. Танҳо дар наздикии дарё, ки водӣ нисбатан васеъ ва кушод аст, дар баландии қариб 2-3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр деҳаҳои хурд воқеъ гардидаанд ва дар ин деҳаҳо яғнобиҳо ба сар мебаранд.  Онҳо бо забони яғнобӣ, ки забони суғдии қадима ба ҳисоб меравад, ҳарф мезананд. Тавре худи яғнобиҳо  мегӯянд, намояндагони бархе аз аҷдодони тоҷикони муосир дар асрҳои VII-VIII бо забони яғнобӣ муошират мекарданд. Ҳоло онҳо  бо ду забон – забони яғнобӣ ва тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд.
Агар ба таърих назар афканем, дар солҳои 1970-71 сокинони Яғноб ба таври зарурӣ аз водии Яғноб ба ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Зафаробод, кӯчонда шуда, теъдоди онҳо кам шудан гирифт. То кӯчондан ин ҷо дар 33 деҳа тақрибан 4 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Айни замон дар водии Яғноб тақрибан 500 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо дар 18 деҳаи водӣ иқомат доранд. Дар водии Яғноб анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои ниёгонамон ҳифз ва нигоҳ дошта шудаанд. Масалан, ҳоло ҳам дар Яғноб бо даҳони худ хомӯш кардани оташ манъ аст; бисёре аз идҳо бо ҷаҳидан аз болои оташ оғоз мешаванд. Ғайр аз ин, арусро, ки ба хонаи домод медарояд, пас аз гирди оташ бурдан бо чароғи фурӯзон пешвоз мегиранд. Дар ин ҷо дар ҳама самтҳои фаъолияти инсон сокинон аз рӯйи анъанаҳои хос амал карда, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, бо санъати қадима боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, водии Яғноб, ба монанди баъзе дигар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон низ осорхонаи зиндаи этнографӣ ҳисобида мешавад. 
 
ПАРКИ ТАБИИИ МИЛЛИИ «ЯҒНОБ» БАРОИ ҲИФЗИ ЭКОСИСТЕМАИ ТАБИӢ
Водии Яғноб яке аз мавзеъҳои дорои захираҳои бойи табиӣ буда, дар он олами набототу ҳайвоноти нодир мавҷуд аст. Аз ҷумла, намудҳои гуногуни рустаниҳои зирк, камол, касруф, ҷангҷушт, ковили яғнобӣ, думи рӯбоҳ, сичи кӯҳӣ ва садҳо намуди дигар гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Ҳамчунин, дар дашту водиҳои Яғноб ҳайвоноти зиёд, ба монанди хирси мала, бузи кӯҳии сибирӣ, суғури сурх, кумай, кабк, мурғи ҳилол, сукунат доранд. Маҳз барои ҳифзи ин бойигарии табиӣ майдони муайяни беш аз 50 гектар ҳифзу нигоҳдорӣ шуда, дар он Парки табиии миллии «Яғноб» таъсис ёфт.  
Парки мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2019 бо мақсади ҳифзу барқарорсозии маҷмуаҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ ва ёдгориҳои нодир, таъсис дода шудааст. Парки табиии миллии «Яғноб» бо имкониятҳои табиӣ барои рушди ҳамаҷонибаи туризми экологӣ, пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Ҳарчанд дар парки навтаъсис таъминот бо инфрасохтори сайёҳӣ беҳбудӣ металабад, аммо ба ин нигоҳ накарда, теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба тамошои табиати нотакрори ин гӯшаи диёр зиёд аст. 
Наҷмиддин Наҷмиддинов, муовини директори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар хусуси имкониятҳои сайёҳию табобатии Парки табиии миллии «Яғноб», изҳор дошт, ки он, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани экосистемаи табиии Яғноб ёрӣ расонда, бо ин восита сатҳи зиндагии аҳолии деҳотро боз ҳам беҳтар мегардонад. Парки навтаъсис феълан ба инфрасохтори модию техникӣ ниёз дошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  Аз ҳама муҳим, роҳи дарозу душворгузари водии Яғноб таъмирталаб аст. Бартараф кардани ин ва дигар мушкилот, барои ҳифзи ин мавзеи зебои кишварамон мусоидат менамояд.  Ин ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоиву экологӣ дар доираи пресс-тури навбатии ҳайати рӯзноманигорон, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба водии зебоманзари Яғноб сурат гирифт, баррасӣ шуданд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив